Реша. Хелҳои реша

Решаи дарахтон сабзида, ба қабатҳои чуқури хок шоха ронда, ғафс мешавад ва танаи хеле вазнину боҳашамати шохаҳои сербаргро мустаҳкам нигоҳ медорад.

Албатта, на ҳамаи рустаниҳо монанди дарахтони азимҷусса решаи устувору шохаронда доранд. Решаи рустаниҳои алафии яксола нисбатан хурд буда, ба замин чуқур намедарояд. Тамоми решаҳои рустанӣ дар якҷоягӣ маҷмӯъ ё шабакаи решаро ба вуҷуд меоваранд, ки бо туфайли он рустанӣ аз хок об ва моддаҳои маъданиро ҷаббида мегирад.

Решаи рустании якпалла – гандум ва дупалла – қоқуро аз замин кофта гирифта, ба ҳамдигар муқоиса мекунем.

Решаи асосии қоқу, ки аз решачаи ҷанини тухм сабзидааст, нағз инкишофёфта буда, ғафс мебошад. Шакли решаи асосӣ тирмонанд буда, аз он решачаҳои хурди паҳлуӣ месабзанд. Ин гуна решаро тирреша (28) меноманд.

Шабакаи решаи гандум бошад, аз бисёр решаҳои қабза-қабза рӯйидаи дарозию ғафсиашон тақрибан якхела иборат аст. Онҳо аз қисми поя месабзанд ва решаҳои иловагӣ ном доранд. Решаи асосии гандум, ки аз ҷанини тухм инкишоф меёбад, ба зудӣ аз сабзиш бозмонда дар байни решаҳои иловагии сершумор ноаён мегардад. Ин навъ решаҳоро патакреша (27, 28) меноманд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
Расми 27. Навъи реша ва шабакаи реша
Расми 27. Навъи реша ва шабакаи реша

Аксари рустаниҳои дупалла одатан тирреша доранд. Шулха, лӯбиё, офтобпараст, сабзӣ, ҳамаи дарахтон, буттаҳо ва бисёр дигар рустаниҳо тиррешаи нағз инкишофёфта       доранд. Одатан тиррешаи рустаниҳои наврас, ки аз тухми рустаниҳои бисёрсола рӯйидаанд, хуб аён мегарданд. Тир-       решаи баъзе рустаниҳои бисёрсола (чинорак, шаҳтути заминӣ, зулф) бармаҳал аз сабзиш бозмемонад ва аз поя реша- ҳои иловагӣ сабзида, шакли патакрешаро мегиранд.

Рустаниҳои якпалла аксаран патакреша доранд. Ҳамаи рустаниҳои ғалладонагӣ, пиёз, сирпиёз, лола ва бисёр рустаниҳои дигар патакреша доранд.

Ҳамин тавр, решаи рустаниҳо вобаста ба мавқеи ҷойгирӣ ва  тарзи пайдоишашон се хел мешаванд; (27) решаи асосӣ, иловагӣ ва паҳлуӣ.

Агар реша аз решачаи ҷанин инкишоф ёбад, онро решаи асосӣ меноманд.

Решаҳои аз қисми зеризаминии поя сабзандаро решаи иловагӣ меноманд.

Дар охир решаҳои ҳам аз решаи асосӣ ва ҳам аз решаи иловагӣ рӯйидаро решаи паҳлуӣ меноманд. Решаи иловагӣ метавонад дар қисми рӯйизаминии поя, инчунин дар барг сабзад ё пайдо шавад.

Агар шохча ё навдаи сафедор, бед ё рустании хонагии колеусро ба зарфи обдор гузорем, инкишофи решаҳои иловагиро мушоҳида кардан мумкин аст. Агар қисми ба хок наздики пояи карам, помидор, картошка ва ҷуворимаккаро хокпӯш кунем, решаҳои иловагӣ пайдо шуда, нағз месабзанд.

Рустаниҳо ба ҷуз моддаҳои органикӣ, ки ҳангоми фотосинтез дар баргҳояшон ҳосил мешавад, инчунин ба ғизои маъдании таркиби хок эҳтиёҷи калон доранд. Аз ин рӯ, саволе пайдо мешавад: хок чист ва он барои ҳаёти рустаниҳо чӣ аҳамият дорад?

Маълумот дар бораи Хок инҷо <<<


Саволҳо

  1. Реша дар хаёти рустанихо чи ахамият дорад?
  2. Решаи гандум ва коку чи гуна сохт доранд?
  3. Тирреша аз патакреша чи фарк дорад?
  4. Кадом решахоро асоси, иловаги ва пахлуи мегуянд?

Реша чист? Хелхои реша

Тухм (Тухми растани)

ҚаблӣКоронавирус: аломатҳо ва пешгирӣ
БаъдӣХок. Аҳамияти он барои ҳаёти растаниҳо. Муҳофизати хок

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед