Асосҳои иқтисодиёт (синфи 11) – сарсухан

Асосҳои иқтисодиёт (синфи 11) – сарсухан. Асосхои иктисодиёт китоби синфи 11.


Асосхои иктисодиёт синфи 11
Асосҳои иқтисодиёт синфи 11

Фанни иқтисодиёт дар кулли муассисаҳои таҳсилоти умумии дунё таълим дода мешавад. Агарчи барномаи ин фан дар ҳамаи кишварҳо якхела нест, амалан ҳамаи барномаҳо ба омӯзиши масъалаҳои асосии иқтисодиёт: истеҳсолот, мубодила, тақсимот ва истеъмолот равона карда шудаанд.

Дар баробари инкишофи хоҷагии ҷаҳонӣ ва ба вуҷуд омадани тағйироти куллӣ дар ҷаҳони муосир бо мақсади боз ҳам беҳтар гардонидани таълиму тарбияи насли наврас зарурати таҳия ва пешниҳоди китоби нави дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба миён омад.

Дар шароити муосири иҷтимоӣ ва иқтисодӣ таълими фанни асосҳои иқтисодиёт дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мавқеи махсусро касб карда, он ба ташаккул ёфтани тафаккури иқтисодии хонандагон ва аз тарафи онҳо оқилона истифода карда тавонистани донишҳои иқтисодӣ, ба вуҷуд овардани заминаҳо барои таҳсилоти минбаъдаи касбӣ, фаъолияти амалии ба мақсад мувофиқ ва самаранок нигаронида шудааст.

Дар баробари дигар кишварҳои дунё, ин фан дар мактабҳои миёнаи умумӣ ва миё наи махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таълим дода мешавад, аммо мутаассифона, ҳаводорони омӯзиши ин фанни ҳаётан муҳимро мушкилоти сахте ба мисли набудани китоби дарсӣ бо забони давлатӣ (тоҷикӣ) ҳамеша домангир аст. Ҳадафи асосии таҳияи китоби мазкур ҳалли мушкилоти хонандагон оид ба омӯзиши асосҳои иқтисодиёт мебошад, зеро инсони аз нигоҳи иқтисодӣ босавод, қобилияти на танҳо пешниҳод кардани ғояҳои нав, балки, муайян кардани вариантҳои имконпазир, қабули қарорҳои самаранокро дар шароити маҳдудияти захираҳо дошта метавонад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар баробари ин китоби мазкур барои толибилмоне, ки дар оянда хоҳиши интихоб кардани касбу ихтисосҳои ба иқтисодиёт вобастабударо доранд, кӯмак мекунад.

Азнавсозиҳои иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ аз хонандагон тақозо менамояд, ки дар шароити бо суръати баланд тағйирёфтаистодаи муҳити иқтисодӣ онҳо бояд донишҳои умумиро оид ба иқтисодиёти оила, фирма (корхона), давлат ва иқтисодиёти ҷаҳонӣ аз худ карда, маҳорати мутобиқ шудан ва самаранок фаъолият карданро дошта бошанд.

Дар доираи омӯзиши фанни асосҳои иқтисодиёт ба масъалаҳои ташаккул додани тафаккури иқтисодии хонандагон аҳамияти махсус дода мешавад. Бо назардошти ин, таълими фанни мазкур имрӯз қисми таркибӣ ва муҳими таҳсилоти миёнаи умумӣ маҳсуб меёбад. Робитаи мута қобили фанни асосҳои иқтисодиёт бо математика, технологияи итти лоотӣ, таърих, география ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ ба хонандагон имко нияти фаҳмиши комилан мувофиқро оид ба ҷаҳони муосир фароҳам меоварад.

Илми муосири иқтисодӣ – илми хеле мураккаб ва ташаккулёфтаистода маҳсуб ёфта, ба моделсозии математикии равандҳои иқтисодӣ такя мекунад. Бо истифода аз ин китоб хонандагон донишҳои базисии иқтисодиро дарёфт карда, минбаъд ба таври доимӣ дар заминаи сарчашмаҳои иттилоотии мавҷуда савияи донишҳои худро пурра мекунанд ва бо кордонӣ ба ҳодисаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ баҳо дода, озодона ба тамоюлҳои навини бозор сарфаҳм мераванд ва имкониятҳои онро барои беҳтар намудани некӯаҳволии худ истифода мекунанд.

Ин китоб ба хонандагон имкон медиҳад, ки донишҳои базисиро оид ба мафҳумҳои асосии иқтисодиёти бозорӣ, механизми рақобат, шаклҳои ташкили бизнес, ташаккулёбии даромадҳои аҳолӣ, буҷети давлатӣ ва бисёр дигар ҳодисаҳои иқтисодӣ аз бар карда, дар бораи чи гунагии ҷиҳати иқтисодии ҳаёт ва дар инкишофи худ ба кадом қонуниятҳо тобеъ будани он тасаввуроти умумӣ дошта бошанд. Китоби мазкур дар асоси дастовардҳои навини илми иқтисодӣ ва таҷрибаи ҷаҳонӣ таҳия шуда, нисбати дигар китобҳои дарсӣ аз мафҳумҳои кӯҳнаи идеологӣ ва ақидаҳои мутлақ нисбати ҳодисаҳои иқтисодӣ озод буда, муаллифон кӯшиш намудаанд, таълимоти муҳимтарини иқтисодиро ба хонандагон бо лафзи сода пешниҳод намоянд.

Китоб инчунин бо мақсади пайдо кардани тасаввуроти муайян оид ба паҳлуҳои мухталифи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити гузариш ба иқтисоди бозорӣ ва ҷаҳонишавии ҳаёти иқтисодӣ таҳия шуда, барои хонандагони синфи 11­и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ пешниҳод мешавад.

Муаллифон эътимод доранд, ки барои хонандагон шиносоӣ бо иқтисодиёт гуворо ва шавқовар мегардад ва бо сипосгузорӣ мулоҳизаҳои танқидӣ ва пешниҳодҳоро нисбат ба беҳтар кардани китоби дарсӣ қабул мекунанд.


Муаллифон: Р. Мирбобоев, М. Саидмуродова, Ф. Убайдов, И. Хоркашов, Д. Фозилхонов, М. Имомназаров


Мавзӯҳои китоби “Асосҳои иқтисодиёт, китоби дарсӣ барои синфи 11” дар сомонаи www.DONISHJU.net мавзӯъ-мавзӯъ нашр мешаванд, ки метавонед аз ин барчаспи мо дарёфт кунед >> Асосҳои иқтисодиёт синфи 11

ҚаблӣСинфи нематодхо / нематодҳо
БаъдӣТашаккули нархи бозорӣ, изофагӣ ва камчинӣ