Нахи абрешим

Нахи абрешим.


Ватани абрешим Хитой мебошад. Дар Осиёи Миёна абрешимчигӣ аз асри II идома дорад. Мувофиқи баъзе гуфтаҳо гӯё тухми кирмакро аз Хитой овардаанд. Як шоҳдухтари Хитойро ба яке аз бойҳои Осиёи миёна додаанд ва ӯ барои домодшаванда як халтача тухми кирмакро дар мӯйи сараш пинҳон карда овардааст. Он вақтҳо мӯйро дар сар баланд лӯнда мекарданд ва он барои тухми кирмакро пинҳон кардан қулай буд. Хитойиҳо сирри кирмакпарвариро махфӣ нигоҳ медоштанд ва агар касе ин сиро фош мекард, ба қатл мерасонданд.

Тибқи маълумоти дигар тухми кирмакро гӯё як савдогари калон дар холигии асояш ҷо карда, аз сарҳади Хитой гузаронида будааст.

Ба ҳар ҳол аз ҳамон вақт сар карда, дар Фарғона, Марғелон, Андиҷон, Хуҷанд, баъд Бухорою Самарқанд кирмакпарварӣ расм шуд.

Сабзиши биологии кирмак 5 зинаро дар бар мегирад. Кирмакро дар биноҳои ҳарораташон 23 – 280С нигоҳ медоранд.

Кирмаки пилла дар 22-35 рӯзи ҳаёташ қариб 40 кг барги тару тоза мехӯрад. Он рӯзҳои аввал 12 маротиба барг мехӯрад, чунки барг зуд хушк мешавад. Дар охири рӯзи 3-юм вазни кирмакҳо зиёдтар ва сафедчатоб мешаванд. Онҳо дар ин вақт се бор пӯсташонро иваз мекунанд. Кирмакҳо ҳашт ҷуфт чашм доранд, аммо чӣ хеле ки мегӯянд, аз биниашон дурро намебинанд ва кар мебошанд. Узви ҳиссиёти онҳо пурқувват буда, баргро аз дур ҳис мекунанд, барои ба он наздик шудан аз монеаҳо мегузаранд. Агар дар сари роҳашон монеаҳо (қалам, коғаз, қайчӣ) ва баъди он барги тоза гузорем, аз монеаҳо гузашта, ба тарафи барг ҳаракат мекунанд. Баргро ҳар қадар дур кунем ҳам, ба тарафи барг мераванд.

Кирмак пеш аз он ки пилла танад, рӯдаашро тоза мекунад ва дар муддати 60 соат бо сараш ба шакли рақами ҳашт давр зада (дар шароити хуб 400 000 маротиба давр мезанад), дар гирди худ пилларо метанад. Пила аз 20-40 қабат иборат буда, дар таркибаш 75 – 80% фибрина ва 2025% сиритсина (моддае, ки нахҳоро мечаспонад) дорад. Аз 1-то пила аз 600 то 1000 м ва аз он ҳам зиёдтар нахи абрешим гирифта мешавад.

Дар давраи қадим аз пилла дастӣ ресмон мересиданд. Дар асрҳои ХVII – ХVIII дастгоҳи дастии ресмонресӣ пайдо шуд. Ҳоло бошад, фабрикаҳо ба тарзи автоматӣ аз пилла ресмон мересанд, матоъ мебофанд, оҳар ва рангубор медиҳанд. Матоъҳои абрешимӣ нафиси ҷилодор, зебо, мулоим, чандирӣ, ғиҷимнашаванда буда, хосияти гигиении хуб доранд, об ва ҳаворо нағз мегузаронанд.

Нахи абрешим тез титшаванда аст. Бинобар ин онро баъд аз қолиб монда буридан, тез дӯхтан лозим аст. Агар матои абрешимиро сӯзонем, бӯйи шохи ҳайвони сӯхтагӣ меояд. Дарзмол карданаш осон аст. Баъд аз шустан онро дар соя хушконидан лозим аст, то ки рангаш зуд напарад.

Матоъҳои аз абрешими табиӣ бофташуда бадошт, ҷилодор, мулоим, маҳин, кам кашишхӯранда мебошанд ва ғайра.

Матоъҳои пашмӣ ва абрешимиро бо намуди якранг, гулдор истеҳсол мекунанд. Аз онҳо курта, пойҷома, костюм, палто, умуман сару либос ва ғайраҳо медӯзанд. Аз матоъҳои абрешимӣ лавозимот, рӯйпӯши мебелҳо, парда ва бозичаҳо низ тайёр мекунанд. Дар саноат матоъҳои абрешимӣ ва пашмиро дар омехтагӣ бо дигар нахҳо ҳам ҳосил мекунанд, ки хосияташон дигар хел буда, камтар ғиҷим мешаванд ва либосҳои аз онҳо тайёркарда ҳангоми шустан зуд тоза мегарданд.

Матоъҳоро аз ришта ҳосил мекунанд. Дар фабрикаи бофандагӣ риштаҳоро дар дастгоҳҳо байни ҳам мебофанд. Дар натиҷаи бофтани риштаҳо матоъ ҳосил мешавад. Матоъ аз тор ва пуд иборат аст.

Пуд бар қади матоъ мегузарад. Он мустаҳкамтар буда, камтар кашиш мехӯрад. Милки матоъ дар ҳар ду канори матоъ ҳаст ва дар васеӣ риштаи тор мегузарад, ки ин ришта кашиш мехӯрад.

Ҷадвали 7. Хосияти матоъҳо

Хосиятҳо Абрешим Пашмӣ
1. Мустаҳкамӣ баланд нисбатан кам аз пахтагин
2. Обгузаронӣ нағз гузаронанда
3. Чанггирӣ хурд  зиёдтар
4. Гарминигоҳдорӣ камтар аз пахтагин зиёд
5. Кашишхӯрӣ зиёд зиёд
6. Титшавӣ зиёдтар миёна
7. Ғиҷимшавӣ камтар камтар

Ҷадвали 8. Нишонаҳои намудҳои матоъ

Хосиятҳо Абрешим Пашмӣ
1. Ҷило Ҷилонок Камҷило
2. Маҳинӣ Маҳин Дурушт
3. Мулоимӣ Мулоим Дуруштиаш миёна
4. Тобхӯрии риштаҳо Рост Каҷ
5. Намуди кандашавии риштаҳо Нӯги нахҳо ҳамвор Нӯги нахҳо титшуда


Инро дар хотир доред

Аз 160 дона пилла 1 м2 матои абрешим мебофанд. Ихтироъкори рус Глеб Евгеневич Котелников аввалин шуда, дар ҷаҳон парашютро аз матои абрешим сохт, чунки он борик, вале мустаҳкам аст. Ҳоло парашют ва қаноти делтапланҳоро аз абрешим месозанд.

ҚаблӣКор бо матоъҳои пашмӣ
БаъдӣМуайян кардани хусусияти матоъ (Кори лаборотории №1)