Бузургиҳои физикӣ / Бузургихои физики

Бузургиҳои физикӣ / Бузургихои физики.


Бузургии физикӣ (ё худ камийяти физикӣ) гуфта он гуна тавсифоти ченшавандаи ҷисмҳо ё падидаҳоро мефаҳманд, ки онҳоро (дар ҷараёни санҷиш) ба таври миқдорӣ ифода кардан имконпазир аст. Дарозӣ, роҳ, вақт, масоҳат, суръат, ҳаҷм, қувва, фишор, кор, вазн, ҳарорат,… – ҳамаи инҳо бузургии физикианд.

Шумо аз мушоҳидаҳои ҳаррӯза медонед, ки одами савори дучарха (велосипед) дар ҳамон як фосилаи вақт назар ба одами пиёда роҳи дарозтарро паймуда метавонад, мошини сабукрав дар ҳамон як муддати вақт назар ба дучархасавор масофаи боз ҳам зиёдтарро мепаймояд, зеро суръати зиёдтар дорад. Ин ҷо мафҳумҳои фосилаи вақт (муддати вақт), роҳ ва суръат бузургиҳои физикие ҳастанд, ки барои тавсиф кардани ҳаракати пиёдагард, савори дучарха ва ё мошин ба кор рафтаанд. Дарозии, масалан, қадди шумо низ бузургии физикӣ мебошад. Ва шумо аллакай медонед, ки қадди ҳамсинфҳои шумо як хел нест – яке миёнақад, дигаре қадбаланд ва ғайра. Шумо агар миёнақадҳои синфи худро саф ороста, қадди онҳоро муойина кунед, мебинед, ки қадшон бисёр набошад ҳам, каму беш фарқ мекунад.

Бузургии физикие, ки қадди шумо ё, масалан, баландии синфхонаро ифода мекунад, дарозӣ аст.

Дарозӣ, баландӣ ё ягон бузургии физикии дигарро чен кардан ё худ андозагирӣ кардан он гуна маънӣ дорад, ки он бузургӣ бо бузургии ба худ монанди дигаре, ки чун воҳид пазируфта шудааст, муқоиса (қиёс) карда мешавад. Чунончи, дарозӣ ва паҳноии синфхонаро қадам (ё ваҷаб) карда, дидан мумкин аст, ки онҳо чандқадамианд ва аз якдигар чӣ қадар фарқ доранд. Дар ин гуна санҷиш қадам чун воҳиди дарозӣ ба кор меравад. Ҳамчунин, барои санҷидани миқдори маҳсулоти ғаллагӣ ва чизҳои обакӣ коса, пиёла, табақ ё ягон паймонаи дигарро истифода мекарданд ва ҳоло ҳам мекунанд. Андозагирӣ ба воситаи ин навъ паймонаҳои ғайристандартӣ бадие надошта бошад ҳам, носаҳеҳ аст (шумо инро бе шарҳ фаҳмида метавонед, албатта).

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дигар ин ки дар ҳар кишвар барои ҳамон як бузургӣ воҳидҳо (паймонаҳо)-и гуногун ба кор бурда мешуд. Чунончи, барои ифода кардани дарозӣ дар ватани мо – Тоҷикистон воҳиде бо номи газ (баробари 91,5 см) истифода мешуду дар Русия аршин (71,12 см), дар Инглистон (Англия) фут (30,48 см) ва ғайра. Ин дарҳамбарҳамӣ мубодилаи молу мавод ва ҳисобукитобро душвор мегардонд. Густариши тиҷорат ва равнақи илму фан зарурати корбаст кардани воҳидҳои барои ҳама кишварҳо ягонаро ба миён овард.

Фаҳмост, ки агар интихоби воҳидҳо низом надошта бошад, дарҳамбарҳамӣ аз байн намеравад. Ҳатмист, ки воҳиди пазируфтанӣ дар ҳама ҷабҳаҳои зиндагонӣ – заминсанҷӣ, бинокорӣ, кишоварзӣ, баҳрнавардӣ, тиҷорат ва ғайра қобили истифода бошад. Инчунин бисёр зарур аст, ки намуна ё худ санҷа (эталон)-и воҳиди қабулшаванда дар асари гармо ва сармову нами ҳаво тағйир наёбад. Барои он ки ин намуна гоҳи пасту баланд шудани ҳарорат ё тағйир ёфтани нами ҳаво ва омилҳои дигар кӯтоҳу дароз нашавад, занг нагирад, напӯсад, фарсуда нашавад, онро дар шароити муайян нигоҳдорӣ кардан мебояд. Барои ин дар ш. Париж, ш. Санкт-Петербург ва баъзе шаҳрҳои дигари дунё марказҳои махсуси нигоҳдошти баъзе намунаҳо таъсис дода шудаанд.

Қадами муҳим дар роҳи низом додани воҳидҳо эҷоди Манзума (система)-и метрии паймонаҳо (ММП) буд, ки онро       1-уми августи соли 1793 Фарҳангистони Фаронса пазируфтааст. Ин манзума бар ду воҳиди бунёнӣ (воҳиди асосӣ) асос ёфта буд: яке – воҳиди дарозӣ, яъне метр (м) ва дигаре – воҳиди масса, яъне килограмм (кг). Ин ду воҳид чун санҷаҳое (эталонҳое) буданд, ки дар заминаи корбурди онҳо воҳидҳои серистеъмоли дигар, аз ҷумла, воҳиди масоҳат – метри мураббаъ (м2), воҳиди ҳаҷм – метри мукааб (м3), воҳиди гунҷойиш барои чизҳои обакӣ – литр (л) ва ғайра эҷод шудаанд.

Баъд, вақте ки зарурати корбурди воҳидҳои нав ба нав ба миён омад, ба ҷойи ММП с.1960 манзумаи дигар – Манзумаи байналмилалии воҳидҳо (МБВ, ишорати байналмилалиаш SI аст – аз номи фаронсавии он Systeme international dUnites) қабул шуд, ки ҳама воҳидҳои заруриро дарбар мегирад:

воҳидҳои ёдшудаи дарозӣ ва масса – 1 м ва 1 кг,
вақт – сония (с),
ҳарорат – келвин (К),
қувваи ҷараёни электрикӣ – ампер (А),
қувваи рӯшноӣ – шамъ (ш),
миқдори модда – мол (мол).

Инҳоро воҳидҳои асосӣ ё худ воҳидҳои бунёнӣ  мегӯянд.

Воҳидҳои монанд ба метри мураббаъ (м2), метри мукааб (м3), ки дар заминаи воҳидҳои бунёнӣ эҷод шудаанд, воҳидҳои ҳосилавӣ ном гирифтаанд.

Шаш воҳиди бунёнии аввал мақоми санҷа (мақоми эталон) доранд. Санҷа олат, асбоб ё ягон воситаи дигарест, ки барои нигаҳдорӣ кардани ин ё он воҳид ба кор бурда мешавад. Санҷаеро, ки дар ин ё он мамлакат ба сифати намунаи аввалия пазируфта шудааст, санҷаи давлатӣ (ё худ стандарти давлатӣ)-и ҳамон мамлакат меноманд.


  1. Бузургии физикӣ (ё ин ки камийяти физикӣ) чист?
  2. Ин ё он бузургии физикиро санҷидан чӣ маънӣ дорад?
  3. Қимати бузургии физикӣ чист ва ба интихоби воҳиди бузургии физикӣ чӣ бастагӣ дорад?
  4. Шумо аз оғози китоб то ин ҷо бо чӣ гуна бузургиҳои физикӣ ошно шудед?
  5. Шумо дар байни мафҳумҳои қимати бузургии физикӣ ва андозаи бузургии физикӣ чӣ фарқ мебинед?
  6. Оё шумо ягон бузургии физикиро ном бурда метавонед, ки он дар ин китоб ҳанӯз дучор наомада бошад?
  7. Воҳиди бунёнӣ (воҳиди асосӣ) чӣ гуна воҳид аст? воҳиди ҳосилавӣ чӣ?
  8. Санҷа (эталон) чист? Санҷаи давлатӣ (стандарти давлатӣ) чӣ?
  9. Сарҳарфҳои чидаи МБВ, SI ва ММП чиро ифода мекунанд?
ҚаблӣНазарияҳо ва қонунҳои физикӣ
БаъдӣСанҷиши бузургиҳои физикӣ