Шеър дар бораи Коронавирус

Якчанд шеър дар бораи вабои аср – Коронавирус (Covid 19) меорем. Шеърхо дар васфи коронавирус дар ин саҳифа оварда шудаанд:

Дар хона бимонем, ба берун набароем,
Аз дил сухане гуфтаву бар хеш биёем.

Ҳоло, ки саломатнафасӣ ҳаст саломат,
Дар гӯшаи манзил ғазали шукр сароем.

Вобаста ба ҳар кор ду се рӯз мабошем,
Вораста зи қайди ғаму андӯҳ бароем.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Имрӯзу пагоҳу паси он зудгузар ҳаст,
Дар фикри “чӣ бояд кунам” акнун чароем?

Домони ҳама робитаҳо боз бичинем,
Дар хонаи дил дасти дуо бозкушоем.

Як умр ба ғафлаткадаи даҳр муқимем,
“То дил накунад дард” надонем, ки моем.

Дар кӯчаву бозор, паси кор мусофир,
Фармудаи Мавлост, ки мо хонахудоем.

Имрӯз агар фурсате аз хонахудоист,
Дар хона бимонем, зи ҳар банд раҳоем.


Ҷаҳон бемор аст…

Ин чӣ дардест, Худоё , ки ҷаҳон бемор аст,
Чӣ бало омада, ки пиру ҷавон бемор аст.
Олами шод кунун мотаму ҳасрат дорад,
Одамон хонагӣ гаштанду макон бемор аст.

Бо чунин дард, Худоё ,ба куҷо бояд рафт,
Роҳ бинмоӣ ту моро, ба куҷо бояд рафт?
Ноумед аст башар боз умеде бифирист,
Нафиристӣ ту даворо, ба куҷо бояд рафт ?
Эй Худо раҳм бикун,
Эй Худо мужда расон.

Модарон хунҷигару, зиндаҷудо аз фарзанд,
Писарон дарбадару дарбадару бе лабханд.
Эй Худоё ҷигарам сӯзад аз ин ҳоли ғариб,
Ҳар куҷо бе касу кӯест ба ӯ шав пайванд

Эй Худо, ҳоли муҳоҷирбудагон вазнин аст ,
Ту бубахшоӣ агар , ки дили мо чиркин аст.
Ин балоҳо, ту худат донӣ зи нопокии аст,
Дил агар пок шавад, зиндаги ҳам ширин аст .
Эй Худо раҳм бикун,
Эй Худо мужда расон.

Шукри ин миллату давлат, ки ту ёраш ҳастӣ,
Рӯзи вазнинии дунё ба канораш ҳастӣ.
Эй Худо дур бикун кули балоро аз мо,
Беқарории башарро ту қарораш ҳастӣ.
Эй Худо раҳм бикун,
Эй Худо мужда расон.


Шеър дар васфи Коронавирус

Куруно, эй куруно, эй куруно,
Маро бе қудрату нерӯ нахоно.

Ба ту як рӯзи дигар медиҳам вақт,
Бирав аз Меҳанам, ин ҷо намоно.

Агар аз шеваи Сино бигирам,
Фиғонат мерасад то осмоно.

Башарро душмани тарсуву пастӣ,
Аз ин рӯ аз назар ҳастӣ ниҳоно.

Занад гар бар сарат як мушт имон,
Барояд аз танат ҷон дарзамоно.

Бирав аз марзи поки Тоҷикистон,
Тамоми бори наҳсатро кашоно.

Агар шамшери қаҳри ман биҷунбад,
Намонад аз ту дар олам нишоно!!!


ГӮЕМ ХУДОРО, КИ ВАБОРО НАБИЁРАД

Имрӯз, ки мотам ба сари даҳр нишаста,
Дилҳои ҳама аҳли ҷаҳон зору шикаста,
Ҳар лаҳза, зи ҳар мулк расад сад хабари шум,
Раҳ баставу дар баставу ҳам чеҳраи баста.

Гӯем Худоро, ки ваборо набиёрад,
Бар рӯйи ҷаҳон ҳеҷ балоро набиёрад!

Гӯем, Худоро, ки набандад дари моро,
Бар дард гирифтор насозад сари моро,
Сад қарн ба сад гуна вабо аз сари мо рафт,
Гирён накунад бори дигар модари моро!

Гӯем Худоро, ки ваборо набиёрад,
Бар рӯйи ҷаҳон ҳеҷ балоро набиёрад!

Эй бор Худо, бар ҳама офияти ҷон деҳ,
Оромиву осудагӣ бар рӯйи ҷаҳон деҳ.
Бар ҷумла гирифтори вабо деҳ давое,
Ту Банданавозиву ба ҳар банда амон деҳ.

Гӯем Худоро, ки ваборо набиёрад,
Бар рӯйи ҷаҳон ҳеҷ балоро набиёрад!


Куруно омад

Савоби зиндагӣ гум шуд кунун бори ҷафо омад,
Дили танги фалак аз ин ҷафо бемуттако омад.

Худо бар рӯи мо барбаст, дари масҷиду миноро,
Кадомин аз гунаҳ бошад? Зи иззаш ин бало омад!

Зи тарси марги бенавбат набигрифт рӯзаи азҳо,
Биҳишт дар дидаи раҳмат бирафт сӯзу азо омад.

Ҷасадҳо бе намозу ғусл ба хок андар, чӣ рӯз аст ин?
Ҷаноза бенамозхон шуд, аҷаб рӯзи сиё омад.

Писар дорад ҳазар аз ҷисми беҷони падар имрӯз,
Майити бекафан печида андар мумиё омад.

Напурсад ҳоли модарро на хешу ақрабо дигар,
Бихушкид нахли инсонӣ, зи пайвандаш ҷудо омад.

Ҳадиси бӯсаи сӯзон бирафт аз лавҳи хотирҳо,
Ба ҷояш тундиву шӯрӣ, намедонам чиҳо омад.

Дари дил баста шуд бар рӯи ёрону ҷигарбандон,
Муҳаббат мурд ёрон, ин нидо аз мунтаҳо омад.

Замин сарсону саргардон фалакро нест парвое,
Ба гулзори бани одам балои бедаво омад.

Табиб дармондаи дард аст, надорад хатти дармоне,
Ба дорухонаи афлок кунун баҳри даво омад.

Ду се кас мефӯрушад дорую дармон ба сад қиммат,
Ҳусайно, беваю бечора андар карбало омад.

Надорад маҳрами розе тани пурдарди мо дигар,
Зи дарди бекаси ёро, азозил баҳри мо омад.

Нагирад дасти беморе касе баҳри ризои Ҳақ,
Ҳақиқат чаппагардон шуд, ба ҷои ӯ хато омад!

Ниқобпӯшони берӯю риё аз марг андешед,
Ки тухми одамӣ ҳоло, ба бӯстони фано омад.

Худоро бурда аз хотир даруни ишрати шабҳо,
Надонӣ, молики шаҳват куҷо рафту куҷо омад?

Биҳамдуллаҳ надонӣ баъди ин савдо чӣ бозорест,
Мабодо тири ҷонкоҳе зи тақдири қазо омад.

Каримо, Қодиро, дасте бидеҳ бар дасти Пайдовар,
Ки дасти холӣ медонӣ, ба даргоҳи Худо омад.

Надорад ҳомие ҷуз ту дар ин ғурбатсаро дигар,
Дили дармондааш донӣ, барои илтиҷо омад.

Намо рахме, ки мо огандаи сад ҷурму исёнем,
Ба ҷури раҳматат бахшо, ки дилҳо дар садо омад.

Ба ҳаққи он Саидалмурсалин ё Холиқи борӣ,
Бибар ин дардро аз мо, ки моро зури по омад.

Дар ин моҳи муборак аз сари шафкат Худои ман,
Иҷобат кун дуъои мо, ки айёми дуъо омад…


Ғазали Иброҳими Наққош

Дар сӯгвории касоне, ки аз бемории вабо ҷон бохтанд:

Эй ки рафтӣ аз балое ё вабо, ёдат ба хайр,
Ҳам аз ин дори фано сӯйи бақо, ёдат ба хайр.
Волидайнатро нашуд аз баҳри дардат чорае,
Ҳам валад пайдо намекардат даво, ёдат ба хайр.
Ҳам табиби меҳрубонат оҷиз омад аз даво,
Банда мебошад забун пеши Худо, ёдат ба хайр.
Дардро меҳмони тан гуфтанду гоҳе ноаён
Мебарад ҷонро ба тақдири қазо, ёдат ба хайр.
Нест роҳи охират аз сарнавишти кас бурун,
Шаҳриёрон рафтаанду анбиё, ёдат ба хайр.
Мекунад Наққош сӯйи Ҳазрати Парвардгор
Баҳрат истиғфору такбиру дуо, ёдат ба хайр.

Инчунин хонед: 

Коронавирус: аломатҳо ва пешгирӣ

ҚаблӣДар бораи Забон ва нутқ
БаъдӣБайтҳо дар васфи сухан ва суханварӣ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед