Дар бораи Забон ва нутқ

Калимаи «забон» дар луғатҳо ба маъноҳои зиёде шарҳ ёфтааст.  Агар мазмуни ҳамаи онҳоро дар маҷмӯъ бигирем, як маъно бармеояд: воситаи муҳимтарини алоқаи байни одамон. Дар олам зиёда аз 2000 забон мавҷуд аст. Ин забонҳо ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, то дараҷае миёни ҳам хешутаборӣ доранд. Забони модарии мо ба гурӯҳи забонҳои эронӣ мансуб буда, доираи истеъмоли он васеъ аст. Онро дар Эрон забони форсӣ, дар Афғонистон дарӣ ва дар Тоҷикистон тоҷикӣ мегӯянд.


Андешаҳои бузургон оиди забон

  1. Забон ҳамчун воситаи алоқа ва мубодилаи афкор ба ҳамаи аъзоёни ҷамъият ва синфҳо баробар хизмат мекунад, бинобар ин, забон характери синфӣ надорад. Он ҳодисаи умумиҷамъиятӣ мебошад.  Носирҷон Маъсумӣ
  1. Забон рукни асосии миллат аст. Ҳар кӣ ба қадри забон нарасад, ба қадри ҳеҷ чиз ва ҳеҷ кас намерасад. Охир, забон модар аст, забон таърих аст, забон маданият аст, забон тақдир аст. Касе, ки забону маданияти миллати худро намедонад, шахси маданӣ буда наметавонад. Шарофиддин Рустамов
  1. Забон дирӯз, имрӯз ва фардои халқ, шиносномаи миллат дар масири таърих буда ва ҳаст. Лоиқ Шералӣ
  1. Марги миллат аз марги забон сар мешавад. Гулрухсор
  1. Миллате, ки забони модариашро тавоно намесозад, пос намедорад ва азиз намешуморад, маҳкум ба завол ва пастист. Ардамеҳр

Забони мо ҳоло ба талаботи имрӯзу фардо бояд ҷавоб гӯяд, хостаҳои дирӯзу парерӯз, суннатҳои ҳазорсоларо низ бояд фаромӯш накунем.

Зебоиву равонӣ, тавоноӣ ва матонати забони адабиёти илми классикӣ бояд ҳамеша намунаи ибрати мо бошад. Робитаи мо ба забони халқ ва адабиёти классикӣ ҳар чӣ бештар бошад, пояҳои халқии забони адабии имрӯза ба ҳамон андоза устувор хоҳад буд. Муҳаммадҷон Шакурӣ

Маданияти забон дар заминаи хуб донистани забони модарӣ инкишоф меёбад. Абдуқодир Маниёзов

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Сухан бисёр дону андаке гӯй,
Якеро сад магӯ, садро яке гӯй.

Саъдии Шерозӣ

 Сухан аз арши барин омадааст,
Баҳри покон ба замин омадааст.

Абдураҳмони Ҷомӣ

Суханҳои накӯро ёд медор
Ва з-он дар пеши худ устод медор!

Носири Хусрав


Луғат:

  • Характер – хусусият, хислат
  • масир – роҳи рафт, равиш
  • маҳкум – ба ҳукм айбдоршуда
  • завол – поён, интиҳо
  • хоста-чизи талабкардашуда
  • суннат – урфу одат, расму қоида

Забон ва нутк Андешахои бузургон оиди забон маълумот дар бораи забон андешаи бузургон дар бораи забон

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед