Коронавирус: аломатҳо ва пешгирӣ

Имрӯз тасмим гирифтаем якчанд маълумоте дар бораи Коронавирус 2019-nCoV ва роҳҳои аз ин сироят пешгириро бароятон пешкаш кунем.

Коронавирус 2019-nCoV мансуби оилаи Коронавирусҳо буда, ҳамчун инфексияи зоонозӣ ба ҳисоб меравад. Аз рӯи маълумотҳои Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ, вирус дорои хосиятҳои мутатсионӣ (тағйирпазирӣ) буда, ҳолатҳои аз одам ба одам сироятёбӣ низ қайд шудааст. Айни ҳол ин вирус барангезандаи пандемия дар якчанд шаҳрҳои Чин  ва дигар мамлакатҳо мебошад.

маълумот коронавирус точики

Вирус якум бор моҳи декабри соли 2019, дар шаҳри Вуҳони мамлакати Чин ба қайд гирифта шудааст. Дар асоси маълумотҳои оморӣ ҳолатҳои зиёди сироятёбӣ қайд шудааст ва якчанд ҳолати фавт низ ҷой дорад. Паҳншавии коронавирусро дар Фаронса, Эрон, Ҷопон, ИМА, Кореяи Ҷанубӣ ва дар якчанд давлатҳои дигар мушоҳида намуданд. Хушбахтона, бо чорагирии саривақтии Ҳукумати кишварамон, дар Тоҷикистон ҳолатҳои сироятёбӣ қайд нашудааст. Аммо бо вуҷуди ин мебояд роҳҳои пешгирӣ ва саривақт ошкор намудани коронавирусро ҳатман донист.


Роҳҳои сироятёбӣ ба коронавирус

  1. Иртибот бо шахси бемор;
  2. Тавассути ҳаво ва оби даҳони шахси сироятёфта;
  3. Ҳангоми сару кор бо косаву табақи бемор;
  4. Зимни иртибот бо ҳайвони сироятёфта.

Аломатҳои бемории коронавирус

  1. Сулфаю атсаи зиёд;
  2. Баландшавии ҳарорати бадан;
  3. Нафастангӣ;
  4. Пневмония;
  5. Қайкунӣ;
  6. Дарунравӣ.

пешгири аз коронавирус бо забони точики

Роҳҳои пешгирӣ аз Вируси Корона (Коронавирус)

  1. Қоидахои беҳдошти дастонро риоя кунед! Дастҳоятонро баъди ташноб, пеш аз таом хӯрдан, баъди алоқа бо бемори сироятёфта ҳатман бо собун шӯед.
  2. Пӯшидани ниқобҳои тиббиро дар мавзеҳои серодам фаромӯш накунед!
  3. Бо ҳайвону паррандаҳҳои ёбоӣ ва шахсони сироятёфта аз алоқа парҳез намоед!
  4. Ҳангоми атса ё сулфа бо кафи дастон ё сачоқи намнок (влажная салфетка) даҳонатонро пӯшед!
  5. Ҳамагуна меваҷот ва сабзавотро пеш аз истеъмол дар об бодиққат шӯед!
  6. Солимии баданро нигоҳ доред, дар ҳолати гирифтори ягон беморӣ будан, зуд паи табобаташ шавед!

Инак, чи хеле мушоҳида кардед, роҳҳои пешгирии ин беморӣ риояи оддитарини қоидаҳои беҳдошти саломатӣ мебошад. Ваксина зидди ин беморӣ то ҳол коркард нашудааст, аммо табобати ин беморӣ бо маводҳои доруворӣ имконпазир аст ва ҳолатҳои табобати пурраи беморон низ қайд гардидааст. Қатъиян риоя намудани ин қоидаҳоро ба шумо тавсия медиҳем.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Сарчашма: ibnisino.tj

Тарзи ҳаёти солим (иншо)


Маълумот дар бораи коронавирус, пешгирии коронавирус, пешгири аз коронавирус, вирусы точдор, маълумот оиди коронавирус бо забони точики, аломатхои бемории коронавирус, нишонахо, коронавирус симптомы точики, табобати коронавирус.

ҚаблӣАҳромҳои Мисри Қадим
БаъдӣРеша. Хелҳои реша

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед