Шеър дар бораи Шашмаком

Шеър дар васфи “Шашмақом” / Шашмаком >>

Шашмаком Шашмақом

Гавҳари ноёб бошад «Шашмақом»,
Баҳри ташна об бошад «Шашмақом».

Мебарад дил бо «Наво»-ву бо «Дугоҳ»,
Фарри шайху шоб бошад «Шашмақом».

Бо «Ироқ»-у «Бузрук»-аш олам гирифт,
Ахтари пуртоб бошад «Шашмақом».

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Бо «Сегоҳ»-у «Рост» сӯи ростист,
Рамзи фатҳу боб бошад «Шашмақом».

Ҷон кунад осоиш аз савти хушаш,
Алла баҳри хоб бошад «Шашмақом».

Базми дилҳоро ҳамебахшад сурур,
Лоиқи аҳбоб бошад «Шашмақом».

Бо навои форамаш дил мебарад,
Беҳ зи зарри ноб бошад «Шашмақом».

Исмоил Зарифӣ

ҚаблӣМушоираи зебои Орзу Исо ва Хайриддини Хайрандеш
БаъдӣМы живем в Таджикистане (стихотворение про Таджикистан)