Об – муъҷизаи ҳаёт (иншо дар бораи Об)

Об дар қатори нури офтоб, ҳаво ва хок асоси зиндагонист. Мардум беҳуда онро сарвати худодод, обу ободонӣ намегӯяд ва обро муъҷизаи табиат ҳисоб мекунанд. Аз чор се ҳиссаи сатҳи кураи Заминро табақоти об ташкил медиҳад.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Об хусусияте дорад ки, агар ифлос шавад, худаш худашро тоза мекунад. Агар ифлосии об аз меъёр гузарад, дигар об худашро поку тоза карда наметавонад. Тоҷикистони мо бо захираҳои обаш дар ҷаҳон ҷойи ҳаштумро ишғол мекунад. Тоҷикистон дарёҳои зиёде дорад. Дарёҳо асосан ба ҳавзаи дарёҳои Аму, Сир, Зарафшон ва Панҷ мансубанд. Дар Тоҷикистон қариб 1300 кӯл ҳаст. Аксарияти онҳо дар Помир ва кӯҳистони Зарафшону Ҳисор воқеъ гардидаанд.

Дар Тоҷикистон чашмаҳои оби зулол хеле бисёранд. Чашмаҳои Чилучорчашмаи Шаҳритӯс, Сарчашмаи Кӯлоб, Ҳафтчашмаи Файзобод, Хучи болои Ҳисор, Чашмаи Нияти Панҷакент, Чашмаи Лангари моҳиёни Исфара, Чашмаи Чинори Ашт, Чашмаҳои Чоруқдарон, Учбоғ, Қозибибӣ (дар кӯҳи Муғул), Ҳавзи моҳиёни Истаравшан, Сарчашмаи Рӯшон ва ғайра бо оби ширини нӯшиданиашон ном баровардаанд.

Обҳои минералӣ ва гарму ҷӯшонро бо мақсади муолиҷа, ҳамчун нӯшокӣ, барои гарм кардани биноҳои истиқомативу гармхонаҳо ва истихроҷи маъдан истифода бурдан мумкин аст. Чашмаҳои маъдании Хоҷаобигарм, Гармчашма, Шоҳамбарӣ, Ҳавотоғ, Хоҷасангхок (Анзоб) дар Тоҷикистон ва берун аз он шуҳрат пайдо кардаанд.

Дар Тоҷикистон чашмасор бисёр аст. Мо бояд ин чашмаҳоро нигоҳубин кунем, дар атрофи онҳо дарахту буттаҳо шинонида, тоза нигоҳ дорем.

Мо дар ҳама ҷо бо ифтихор Тоҷикистонро сарчашмаи обҳои Осиёи Марказӣ мегӯем. Ва имрӯз мебояд мутобиқи ҳамин ифтихор аз он самаранок ва оқилона истифода барем. Захираҳои об ва тозагии онро ҳифз кунем, ба қадри дарё, кӯлу чашмаҳои худ бирасем.

Рауф Баротов

Об ва масоили он дар ҶТ. Ҳифзи ҳуқуқии об дар ҶТ


Иншо дар бораи Об, Об муъчизаи хаёт, Об манбаи хаёт обхои точикистон

Дигар маводҳо пас аз блоки реклама