Шеърҳои ошиқона

Дар ин саҳифа рубоиёт ва шеърҳои ошики ва ошикона оварда мешаванд.

Рафтӣ зи барам эй гули Зебои баҳорам.
Монди ту ба дил доғу аламҳо ба канорам.
Чун мӯи сиёҳат ҳама рӯзам намуди шаб.
Чун зулфи парешони ту гум гашт қарорам.

Туро гуфтам, ки ман ёри ту мешам,
Дар ин олам харидори ту мешам.
Агар дасти паризоде бигирам.
Яқин донам, ки ман зори ту мешам.

Ту рафти олами ҳастӣ дигар шуд,
Дили девонаям девонатар шуд.
Чунон аз дарди ҳиҷронат гиристам.
Замин дар зери по аз гиря тар шуд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар сабзаи рӯ гулоб мепошӣ ту,
Дар барги лаб атри ноб мепошӣ ту.
Борони баҳори сунбулат аз атр аст,
Атре, ки ба мисли об мепошӣ ту.

Дилам хоҳад ҳамеша мунису ғамхори ман бошӣ,
Тасаллои дили хунгаштаи афгори ман бошӣ.
Ба зери хоки пои ту кунам ҷонро нисор эй гул,
Агар боре табиби синаи бемори ман бошӣ.

Ин зулфи мусалсалат балои дили ман,
Ин холи лабат укдакушои дили ман.
Ман дил ба ту додам, барои дили ту,
Ту дил ба касе мадеҳ барои дили ман.

Марав аз ман ки бо ту меравад дунёи рангинам,
Марав аз ман ки бо ту меравад дунёи ширинам.

Дилам аз ишқи ту афгор гашта,
Чу коҳе бар тани девор гашта.
Зи сели ашки ман девори боғат,
Фитода дар замин ҳамвор гашта.

Ман гиёҳи навбаҳорам шамси тобонам куҷост?
Булбули шӯрида ҳастам боғу бустонам куҷост?
Лоласон дар қалби ман доғи гароне хуфтааст.
То бишӯяд доғи дил он абри найсонам куҷост?

То ҷон дорам аз ту ҷудоӣ накунам,
Ҷуз ғайри ту бо кас ошноӣ накунам
Бо ваъдаву пайғоми ту шинам сад сол
Сад соли дигар аз ту ҷудоӣ накунам.

Омадам то лаҳзае чашмам ба чашмонат занад,
Лаб ба лаб бигзораму мижгон ба мижгонат занад.
Беқарор аз чашми мастат ин дили девонаам,
Себи фикрам афтаду дар чоҳи домонат занад.

Тоҷикдухтар,чи гуна чашмон дорӣ,
Пайваста ба даври ӯ чӣ миҷгон дорӣ.
Чашмат оҳусту абрӯят тиру камон,
Сайде паи сайд ба сомон дорӣ.

То рахна ба мулки дилрабоӣ накунӣ,
Касро ба висол худнамоӣ накунӣ.
Чун хӯи фаришта дорию шакли парӣ,
Бояд, ки ба мардум ошноӣ накунӣ.

Ин рози ниҳониро ту гуфтиву ман гуфтам,
Ин дурри маъониро ту суфтиву ман суфтам.
Акси ҳама ғамҳоро чун доғи дилозорӣ
Аз дида ба сад хори ту руфтиву ман руфтам.

Он қадар хоҳам бароят сӯхтан
Чун чароғони шабони иди ту,
То биафзоям зи шеъри оташин
Шӯълае бар оташи ҷовиди ту.

Умре, ки вафо кардам бар ҷабру ҷафои ту,
Дигар, ки чи хоҳам кард бар қисмати пешонӣ.
Дар ишқи ту дидам ман ғавғои қиёматро,
Ҷоне, ки ба лаб омад кай рафт ба осонӣ.

Ин коса, ки ман бо лаби ту меорам,
Не аз паи шодию тараб меорам.
Чашми сияҳи ту рӯзи ман кард сиёҳ,
Рӯзи сияҳи хеш ба шаб меорам.

Мерасад рӯзе маро ёдам кунӣ.
Ҳар куҷо биншаста фарёдам кунӣ.
Бо ду се байте, ки гуфтам баҳри ту,
Ҳар замоне хонию шодам кунӣ.

Ошикон аз дидаи дилдор хушнуданду лек
Даври хушкомии онҳо он қадар бисёр нест.
Қимати моро шикастӣ бо ҳазор озори хеш.
Гарчи моро нисбати ту заррае озор нест.

Ман рӯи туро ба моҳи тобон надиҳам,
Лаъли лаби ту ба дурру марҷон надиҳам.
Лаъли лаби ту агар ба дастам ояд,
Қиммат хараму баҳои арзон надиҳам.

Мешавам хушҳол гар бинам туро,
Чеҳраи гулбарги тар бинам туро.
Пеш аз он чун ғунчае медидамат,
Хоҳам аз ин беҳтар бинам туро.

Дигар ишқу вафоятро нахоҳам ман, наҷӯям ман,
Гули бебӯи боғатро нахоҳам ман, набӯям ман,
Сухан гуфтам зи баҳри ту, аз ишқи навҷавониям,
Бароят шеъри ишқамро нахоҳам ман, нагӯям ман.

Туӣ дармони дардам, эй гули ман,
Давои ранги зардам, эй гули ман.
Агар оӣ ба пеши гурам, эй моҳ,
Ба бӯят зинда гардам, эй гули ман.

Бароям меҳрубоният куҷо шуд?
Муҳаббатҳои ҷоният куҷо шуд?
Зи чашму рӯи ман, эй ҷони ширин,
Ду чашми осмоният куҷо шуд?

Муҳаббат ин қадар хорам намудӣ,
Бо як дидори ӯ зорам намудӣ.
Надонистӣ муносиб ишқи ӯро,
Чаро бар қалби зорам ҷо намудӣ?

Дил дар хами зулфи дилбарон аст ҳанӯз,
Афсонаи ишқ дар миён аст ҳанӯз.
Гуфтем, ки мову дил яке пир шавем,
Мо пир шудему дил ҷавон аст ҳанӯз.

Эй дил ки давидию давидӣ бас кун,
Аз мӯи сарат сафедӣ дидӣ бас кун.
Ҳарчанд, ки давидӣ аз паи лоларухон,
Аз лоларухон чизе надидӣ бас кун.

Агар сад сол ҳам ҷӯӣ, маро дигар намеёбӣ,
Шабу рӯзон Худо гӯӣ, маро дигар намеёбӣ.
Ба роҳи ман чу пойандози махмал ҳар саҳаргоҳе
Ба сони сабза ҳам рӯӣ, маро дигар намеёбӣ.

Дил гадои дигареву ман гадои дигаре,
Дил адои дигареву ман адои дигаре.
Байни мову дил ҳамеша ҳарбузарби шавқҳост,
Дил фидои дигареву ман фидои дигаре.

Азизи ман биё беморам имшаб
Ситора дар само мешморам имшаб.
Ман ки мурдам зи ғам парво надорӣ,
Туро ман бар худо меспорам имшаб.

Буса

Бурдӣ дили ман аз ту чиҳо металабад,
Улфат ба дилу аз ту нишон металабад.
Сар то сари мисраҳо як ҳарфӣ бигир,
Аз аввали мисраҳо, ҳамон металабад.

ишку ошики, картинки ошики скачать


Манам як ошиқи дилбеқарорам,
Ки мафтуни ҷамоли як нигорам,
Гули хушбуякам якто ҳамон аст,
Ба гулҳои дигар коре надорам.

Ишқ дорад оташе дар мағзи ҷон,
Шеваи ишқ аст дар оташ ниҳон.
Ҳар ки худ инро надорад дар замир,
Дар вуҷудаш нест аз мардӣ ниҳон.

Пазмони туам, вале ту пазмони дигар.
Қурбони туам, вале ту қурбони дигар.
Чун ноз кунӣ, ба чону дил мақбулам,
Ҷонони манӣ, вале ту аз они дигар.
Бо ёди ту шаб, руз ба фармони туам,
Аммо ту чаро барои фармони дигар?

Имшаби ман боз бе оғуши ту,
Андар оғуши садоқат мурд, мурд.
Ишқи ман ҷовид бимонад, то абад,
Меҳри ту андар хиёнат мурд, мурд.

Менависам бар китоби чашми ту,
Бо қаламҳои нигоҳи гарми хеш.
Беҳ зи ҷонам дусттар дорам туро,
Мефишонам пеши поят қалби реш.


шеърҳои ошиқона шеърхои ошикона

Дар оғӯшат бисӯзон оташи ман,
Ба шарте синаат оташ бидорад.
Магар дар синаат хоҳиши ҷонсӯз,
Бароям ҳар чӣ хоҳам, он чӣ дорад?

Ҳуруфи ишқро дар дафтари ғам,
Паси ҳам чида-чида зор гирям.
Намояд нақши руйи ёри саркаш,
Қаламро баҳри ҳадя месупорам.

Ҳалқа месозад миёнатро ба шавқ гар ёри ту,
Ёд овар, ҳалқаҳои муйи ту дар гарданам.
Гар бубахшӣ накҳате дар бистари ӯ аз висол,
Ёд овар, дар ҷудоиҳо ба фурқат мурданам.

Бусаҳои ёр хушкид дар лабонам, бок нест,
Сабз гардад боз рӯзе бусаҳои дигаре.
Зиндагӣ бо созҳояш, сузҳое дар бағал,
Аз балое бигзарам, ояд балои дигаре.

Чашм то барҳам задам, умрам зи сӣ бигзаштааст,
Гарчӣ дидам лаззате як, даҳ азоб омад мудом.
Боз ман навмед не, навмед шайтон асту бас,
Роҳи хуршедам бипоям, рузҳо то пайки шом.

Синаат болини ман буд, ин ки ин дам бе ман аст,
Инакам, болини ёри дигарат шуд, бок нест.
Боз поён мешавад ин шоми беболиниям,
Чуз Худо дар ин ҷаҳон аз тухми Одам тоқ нест.

Ошу нонат чун адо шуд, ошноят меравад.
Аз наво чун бозмондӣ, ҳамнавоят меравад.
Шоҳиди ранги муҳаббат ҳар нафас аз боғи дил,
Гул наёрӣ, дилбари гулгунқабоят меравад.

Рафтӣ зи барам эй гули раънои баҳорам,
Мондӣ ту ба дил доғу аламҳо ба канорам.
Чун мӯи сиёҳат ҳама рӯзам намудӣ шаб,
Чун зулфи парешони ту гум гашт қарорам.

Туро гуфтам, ки ман ёри ту мешам,
Дар ин олам харидори ту мешам.
Агар дасти паризоде бигирам,
Яқин донам, ки ман зори ту мешам.

Ту рафтӣ олами ҳастӣ дигар шуд,
Дили девонаям девонатар шуд.
Чунон аз дарди ҳиҷронат гиристам,
Замин дар зери по аз гиря тар шуд.

Дар сабзаи рӯ гулоб мепошӣ ту,
Дар барги лаб атри ноб мепошӣ ту.
Борони баҳори сунбулат аз атр аст,
Атре, ки ба мисли об мепошӣ ту.


Шеърҳои ошиқона шеърҳои ошиқи

Шеърхои ошики

Хушам меояд (шеъри ошикона)

ҚаблӣМаълумот дар бораи БОТ
БаъдӣДигар омӯз (Шеъри Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ)

5 шарҳ

  1. Ду дунёро диҳам баҳри он чашмони шаҳлоят
    Хокро зар кунам ба хотири он хандаҳои дилороят
    Наранҷон ки худ дар ин дунё
    То зиндаам ба хотири он хандаҳои дилороят

  2. Эй гул марав,ки бе ту баҳорам дай мешавад
    Гар ту бирави овози булбул чу нолаи най мешавад
    Гар ту бирави ман мирам аз азоби танҳои
    Эй гул марав,ки ҳайёт як мискин ҳайф мешавад
    Барои Муҳайёҷонам

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед