Маълумот дар бораи БОТ

Бот (англисӣ bot, кӯтоҳшудаи robot), интернет-бот, www-бот, барномаи махсус, ки амалеро ба воситаи интерфейсҳо (робит) чун истифодабаранда ба таври автоматӣ ё аз рӯйи феҳристи додашуда иҷро мекунад. Бот барнома-роботест, ки компютерро идора мекунад ё дар бозии компютерӣ нақши ҳарифро мебозад. Барнома-бот ба модули тафаққури сунъӣ асос ёфта, ба хусусиятҳои бозии компютерӣ; харита, қоидаҳо, намудҳои бозӣ ва ғайра мутобиқ гардонда шудааст.

Одатан Ботҳо барои иҷрои корҳои якнавохт, такроршаванда ва суръаташон баландтарин (аз имкони инсон зиёдтар) таъйин шудаанд. Онҳо инчунин дар шароите исти­фода мешаванд, ки нисбат ба имконоти одами аксуламали беҳтаре лозим меояд (масалан, Ботҳои бозӣ, Ботҳо барои интернет-музояда) ё баъзан барои тақлид кардан ба амали иисон (масалан, Ботҳо барои чатҳо ва ғайра). Чат-ботҳо метавонанд ба саволҳои гузошташуда (бо забони кории компютер) ҷавоби кофӣ диҳанд. Чунин Ботҳо аксар барои ха­бар додани вазъи обу ҳаво, натиҷаи мусобиқаҳои варзишӣ, нархи асъор, арзиши саҳмияҳо ва ғайра дар системаҳои Smarter Child барои AOL Instant Messenger ва MSN Messenger истифода мешаванд.

Солҳои охир Ботҳоро барои автоматикунонии хариду фурӯш ба воситаи Интернет, дарёфти ҷойҳои хуб дар консертҳо, чипта (билет)-и само­лёту қатораҳо, паҳн намудани ахбору реклама (спам-ботҳо) ва ғайра васеъ ба кор мебаранд.


Интернет бот, маълумот дар бораи бот ботхо бо забони точики, бот чист? Бот робот.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Маълумот ва фактҳо оиди РОБОТ

ҚаблӣБайтҳои панду ахлоқӣ аз Самандархоҷаи Тирмизӣ
БаъдӣШеърҳои ошиқона

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед