Дигар омӯз (Шеъри Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ)

Монанди сабо хезу вазидан дигар омӯз,
Домони гулу лола кашидан дигар омӯз,
Андар дилаки ғунча хазидан дигар омӯз!

Мӯйина ба бар кардиву бе завқ тапидӣ,
Он гуна тапидӣ, ки ба ҷое нарасидӣ,
Дар анҷумани шавқ тапидан дигар омӯз!

Кофир дили овора дигарбора ба ӯ банд,
Бар хеш кушо дидаву аз ғайр фурӯ банд,
Дидан дигар омӯзу надидан дигар омӯз!

Дам чист? Паём аст! Шунидӣ? Нашунидӣ!
Дар хоки ту як ҷилваи ом аст, надидӣ!
Дидан дигар омӯзу шунидан дигар омӯз!

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Мо чашми уқобу дили шаҳбоз надорем,
Чун мурғи саро лаззати парвоз надорем,
Эй мурғи саро, хезу паридан дигар омӯз!

Тахти Ҷаму Доро сари роҳе нафурӯшанд,
Ин кӯҳ гарон аст, ба коҳе нафурӯшанд,
Бо хуни дили хеш харидан дигар омӯз!

Нолидиву тақдир ҳамон аст, ки будаст,
Он ҳалқаи занҷир ҳамон аст, ки будаст.
Навмед машав, нола кашидан дигар омӯз!

Восӯхтаӣ, як шарар аз доғи ҷигар гир,
Якчанд ба худ печу найистон ҳама дар гир,
Чун шӯъла ба хошок давидан дигар омӯз.

Муҳаммад Иқбол

ҚаблӣШеърҳои ошиқона
БаъдӣДил (Рубоиҳо аз Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ)

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед