Гардиши чашми сиёҳи ту хушам меояд,
Мавҷи дарёи нигоҳи ту хушам меояд.
Ҳамчу маҳтоб, ки бар абри ҳарире тобад,
Тану танпӯши сиёҳи ту хушам меояд.
Чун чароғе, ки дали шаб ба мазоре сӯзад,
Сӯхтан дар сари роҳи ту хушам меояд.
Дар сипеҳри нигаҳам нур фишонад шабҳо,
Меҳри ман, ҷилваи моҳи ту хушам меояд.
Ҷилваи гулшани андоми кӣ дидӣ, эй дӯст,
Ки хасу хору гиёҳи ту хушам меояд.
Баски дар оташи ҳиҷрони касе сӯхтаӣ,
Ашки ҷонпарвару оҳи ту хушам меояд.
Рафтӣ аз хешу кафи пои киро бусидӣ,
Эй дили пок, гуноҳи ту хушам меояд!
Ҳайдарии Вуҷудӣ
Давоми матн пас аз блоки реклама
Гардиши чашми сиёхи ту хушам меояд, шеъри ошикона, ошики, точики, шеъри ошиқӣ, ошиқона, барои дустдошта.