Намунаи дарзи бахиядузи.
Таҷҳизот: қуттии корӣ, чор порчаи матои андозаашон 10х10 см.
Рафти кор:
- Тайёр намудани чок: матоъро гузошта, бо сӯзанак маҳкам кунед, тарафи ростро ба рост гузоред. Қисми поёни порчаҳо аз якдигар 0, 7 см берун баромада бошад (расми 41 а).
- Ҷойи буриши порчаи болоиро қат карда, кӯк занед ва бо мошин дӯзед (расми 41 б).
- Кӯкҳоро канда, чокро ба як тарафи қисми болоӣ гузошта кӯк кунед ва баъд бо мошин дӯзед (расми 41 в).
Кӯкҳоро канда, дарзмол кунед, канори дарзи бахиядӯзиро бо қайчӣ буред ва бо кӯки канорӣ дӯзед.
