Сифат дар забони англисӣ (Adjective)

Сифат дар забони англисӣ “adjective” ном дорад. Сифат аломат ва чигунагии ашёро мефаҳмонад. Ҳоло ба воситаи ҷумлаҳои тасдиқӣ, инкорӣ ва саволӣ истифодаи сифатро дар забони англисӣ аз назар мегузаронем. Аввал якчанд мисол бо тарҷума меорем.

This is a small room. – Ин хонаи хурд аст.

Давоми матн пас аз блоки реклама

That is a big cow. – Вай гови калон аст.

These are red flowers. – Инҳо гулҳои сурх ҳастанд.

Those are green trees. – Онҳо дарахтони сабз ҳастанд.


Мисолҳои дигар:

These are good boys, but those are bad boys.

This is a black cat.

This is a red flag.

This isn’t a white flag.

That isn’t a kind woman.

Is this a green tree? Yes, it is

Is that a good boy? No, it isn’t

Are these red flags? Yes, they are

Are those white horses? No, they aren’t


худомузи англиси, забони англисӣ, омузиши забони англиси

Дар ҳамаи мисолҳои болоӣ, ки мо бо истифодаи сифат овардем, сифат пеш аз исм қарор дорад. Тарзи дигари истифодаи сифат низ вуҷуд дорад, яъне дар ҷумла сифат метавонад, ки баъд аз исм ҳам ояд. Мисолҳоеро бо тарҷумаашон меорем:

This room is small. – Ин хона хурд аст.

The room is small. – Хона хурд аст.

These flowers are red. – Ин гулҳо сурх ҳастанд.

The flowers are red. – Гулҳо сурх ҳастанд.


Is that woman pretty? Yes, she is

Are these flags red? No, they aren’t

Are those dogs kind or angry? They are angry

Are the days short or long in summer? They are long


Истифодаи дараҷаҳои сифатро дар забони англисӣ инҷо омӯзед

Инак, тарзи дуюми истифодаи сифатро дар ҷумлаҳо аз назар гузаронидем. Мо ҷумлаҳои саволиро ҳам бо истифодаи сифатҳо баррасӣ намудем, лекин саволҳои мазкур умумӣ ва алтернативӣ буданд. Ҳоло бошад бо истифодаи сифатро саволҳои махсусро истифода мебарем. Дар дарсҳои гузашта мо калимаи саволии “what” — ро истифода карда будем. Асосан мо калимаи “what” — ро пеш аз шаклҳои феъли “to be”, яъне пеш аз “am”, “is”, “are” дучор омада будем. Дар он дарсҳо калимаи “what” бо маънои “чӣ” ва “чикора” истифода шуда буд. Бояд гуфт, ки калимаи “what” агар пеш аз исм ояд, маънии “кадом”- ро ифода мекунад. Ҳоло мисолҳоеро меорем, ки дар онҳо калимаи “what” бо маъноҳои “чӣ”, “чикора” ва “кадом” истифода шудааст. Муқоиса кунед:

What is this? — This is a book.

Ин чист? — Ин китоб аст.


What are they? — They are doctors.

Онҳо чикора ҳастанд? — Онҳо духтур ҳастанд.


What street is this? — This is Khayom street.

Ин кадом кӯча аст? — Ин кӯчаи Хайём аст.


Мисолҳои дигар:

What city is this? It’s Dushanbe

What team is that? It’s “Pamir”

What flats are those? These are flats Five and Six.


Ибораи “What kind of

Ибораи мазкур маънои “чӣ хел”, “чӣ гуна” — ро доро мебошад.

Мисолҳо:

What city is this? This is Dushanbe. — Ин кадом шаҳр аст? Ин Душанбе аст.

What kind of city is Du­shanbe? — Душанбе чӣ гуна шаҳр аст?

It is a big beautiful city. — Вай шаҳри калони зебо аст.

Мисолҳои дигар:

What kind of book is this? It is an interesting book.

What kind of men are those? They are strong men.

What kind of dogs are these? These are clever dogs.

What kind of car is that? It’s a new car.


Ибораи “What colour”

Ин ибора “чӣ хел ранг” ва ё “чӣ ранг” тарҷума мешавад. Ибораи мазкур замоне ба мо лозим мешавад, ки аз ранги ашё пурсон шавем.

Мисолҳо:

What colour are the cars? They are blue. — Ранги мошинҳо чӣ хел аст? Ранги онҳо кабуд аст.

What colour is the dog? It’s black. – Ранги саг чӣ хел аст? Сиёҳ аст.

What colour are these flags? They are red. — Ранги ин байрақҳо чӣ гуна аст? Сурх аст.

What colour are the flags? They are white. Ранги байрақҳо чӣ хел аст? Сафед аст.


Боз чанд мисоли дигар:

What colour are the cars? They are blue.

What colour is the sky? It’s blue too.

What colour is that rose? It’s white.

What colour are those roses? They are white too.

Дигар маводҳо пас аз блоки реклама