Компютер

Компютер воситаи коркарди иттилоот

Кашфи инқилобии асри ХХ ихтирои компютер ба ҳисоб меравад. Компютер ҳам барандаи иттилоот ва ҳам воситаи дастрасӣ ба он аст. Компютер метавонад тавассути хатҳои алоқаи телефонӣ, радиоӣ, нурӣ, кайҳонӣ ва шабакавӣ бо истифода аз иттилоот ба кори дастгохи дилхоҳи истеҳсолӣ таъсир расонад.

Компютер чист?

Компютер таҷҳизотест, ки тавассути иҷрои пайдарпайи дастурҳои барояш фаҳмо ба таври худкор иттилоотро аз як шакл ба шакли дигар табдил медиҳад.

Офариниши компютер бо олитарин комёбиҳои инсон, аз қабили кашфи оташ, ихтирои чарх, бунёди механизмҳои буғӣ, азхудкунии қувваи барқ ва истифодаи энергияи ҳастаӣ (ядроӣ) дар як поя қарор гирифтааст. Агар мошинҳои маъмулӣ имкониятҳои ҷисмонии инсонро васеъ гардонида бошанд, компютер неруи зеҳнии ӯро баланд бардоштааст.

Компютер аз кисмҳои ба ҳам алоқаманди техникӣ (сахтафзор — hardware) ва барномавӣ (нармафзор — software) иборат буда, барои иҷрои амалҳои одитарини арифметикӣ, мантиқӣ ва воридоту содироти иттилоот пешбинӣ шудааст. Тарзи кори компютер ба тарзи кори майнаи инсон хеле шабоҳат дорад. Дар ҳар ду маврид ҳам иттилоот аз берун ворид мегардад ва дар ягон қисми муайяни хотира нигоҳ дошта мешавад. Баъди коркард иттилоот дар шакли (мазмуни) нав дигарбора ба берун интиқол дода мешавад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Байни майнаи сари инсон ва компютер тафовут низ вуҷуд дорад. Майнаи инсон дорои хосиятҳои биологие мебошад, ки онҳо хосси мошинҳо нестанд. Муҳимтарин кобилияти майнаи инсон он аст, ки ваӣ масъалаи гузошташударо бо тарзҳои гуногун ҳал карда метавонад. Барои иҷрои ҳалли компютерии масъала бошад, дастуру супоришҳои дар шакли махсус тайёркардашуда зарур аст. Компютер як амалро иҷро карда, ба таври худкор ба иҷрои амали дигар шуруъ менамояд.

Моҳияти идоракунии барномавии компютер дар он аст, ки он танҳо бо ёрии барнома кор карда метавонад.

Хосияти аз ҳама асосии компютер суръати беандоза баланди ҳисоббарории он аст. Худи мафҳуми ”компютер” низ бо ҳамин хосияташ бештар алоқаманд аст: computer ҳисоббарор. Компютерҳои муосир дар як сония метавонанд миллиард ва аз он ҳам зиёдтар ададҳоро ҷамъ кунанд. Компютер дар баробари зудкор буданаш таҷҳизоти беандоза боэътимод аст. Он соатҳои зиёд метавонад бе танаффус ва бе содир намудани ғалат кор кунад. Пурарзишии компютер аз он аён мегардад, ки он дар як вақт ҳам имконияти қабул кардан, ҳам нигоҳ доштан, ҳам кор карда баромадан ва ҳам интиқол додани иттилоотро доро мебошад.

Сахтабзори компютерӣ гуфта, маҷмӯи воситаҳои техникии ба ҳам алоқамандро меноманд, ки онҳо вазифаи воридот, коркард, нигаҳдорӣ ва содироти иттилоотро ба ухда доранд.

Хосияти марказии компютер дар таҷҳизоти электронӣ будани он зохир мегардад. Маҳз аз рӯйи ҳамин хосияташ дар ибтидо онро мошини электронии ҳисоббарор (МЭҲ) ном мебурданд. Аммо компютерҳои даврони мо на танҳо механизмҳои ҳисоббарор, балки мошинҳои ҳамакор (универсалӣ) мебошанд.

Маълумоти бештар оиди ин мавзӯъ дар мавзӯи дигар>>

ТАСНИФИ КОМПЮТЕРҲО. Намудҳои компютер

ҚаблӣТехнологияи иттилоотӣ
БаъдӣҲайвоноти бисёрҳуҷайра ва пайдоиши онҳо

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед