Чаро бояд забони англисиро омӯхт?

Барномаи Китобхон Далер Шариф

Зиёде аз донишҷӯён ҳангоми дарсҳои донишгоҳи аз дарсҳои забонҳои хориҷӣ чизе омӯхта наметавонанд. Чунки дар дарсҳои забонҳои хориҷӣ аз адабиётҳои русӣ истифода мешаванд. Агар хонандаи мо дар донишгоҳ таҳсил карда бошад, хабар дорад, ки дар дарсҳои забони англисӣ фақат аз китоби Бонк истифода мешуд.

Маҳз ҳамин чиз сабаб шуд то Саъдӣ Тоҳирзода сабту нашри силсила наворҳои худро шуруъ кунад. Саъдиро дар сомонаҳои иҷтимоӣ бо ҷумлаи “Акаи Саъдӣ, як савол” мешиносанд.

Саъдӣ омӯзгори забони англисӣ аст ва ба наворҳои кӯтоҳи худ ба обуначиён забони англисӣ меомӯзад.

Ӯ азоби муҳоҷиратро кашида тасмим гирифтааст кору фаъолиятро дар ватан идома диҳад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Саъдӣ меҳмони барномаи КИТОБХОН буд ва дар мавзӯъҳои “шеваи дарс ва муҳим будани забони англисӣ” сӯҳбат кардааст.

Нашри пурраи барномаи КИТОБХОН-ро дар ин истинод ва ё дар навори зер бубинед >>

ҚаблӣАҳамияти ҳалқакирмҳо ва пайдоиши онҳо
БаъдӣТабиат ва инсон (физика)