Ҷонишинҳои соҳибӣ (Possessive pronouns)

Дар забони англисӣ ҷонишинҳои соҳибӣ “possessive pronouns” ном доранд. Мо аллакай дар бораи ҷонишинҳои шахсӣ ва ишоратӣ дар матлабҳои пешини маълумот додаем.

Ҷонишинҳои шахсӣ

Ҷонишинҳои ишоратӣ

Ҷонишинҳои соҳибӣ (намуди дуюм)

Ҳоло ҷонишинҳои соҳибиро аз назар мегузаронем. Ҷнишинҳои соҳибӣ ба кӣ тааллуқ доштани исмро мефаҳмонанд. Дар забони англисӣ ду намуд ҷонишинҳои соҳибӣ мавҷуданд. Мо ҳоло намуди якуми ҷонишинҳои соҳибӣ, яъне намуди оддии онҳоро дида мебароем.


Шумораи танҳо

Шахси I: my [май] – аз они ман
Шахси II: your [ё] – аз они ту
Шахси III: his [ҳиз] – аз они вай (ҷинси мардона)

her [ҳу:] – аз они вай (ҷинси занона)

its [итс] – аз они вай (барои ҳайвонот ва ашё)


Шумораи ҷамъ

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
Шахси I: our [ава] – аз они мо
Шахси II: your [ё:] – аз они шумо
Шахси III: their [зея] – аз они онҳо

Чӣ хеле ки дида истодаед, барои шахси дуюми танҳо ва шахси дуюми ҷамъ ҷонишини соҳибии “your” истифода бурда мешавад. Барои шахси сеюми танҳо бошад, се ҷонишини соҳибӣ кор фармуда мешавад, яъне ҷонишини соҳибии “his” ба мард таалуқ доштани исм, ҷонишини соҳибии “her” ба зан тааллуқ доштани исм ва ҷонишини соҳибии “it” ба ҳайвоноту ашё тааллуқ доштани исмро мефаҳмонад. Ҳоло мисолҳоеро бо тарҷумаашон оварда, ба гуфтаҳои боло равшанӣ меандозем:

This is my radio. – Ин радио аз они ман аст.

That is your реn. – Вай ручка аз они ту аст

This is his hat. – Ин кулоҳ аз они вай аст.

This is our garden. – Ин боғ аз они мост.

That is your shop. – Вай дукон аз они шумост.

This is their class. – Ин синф аз они онҳост.

худомузи англиси, забони англисӣ, омузиши забони англиси

Мо мисолҳои болоиро бо як намуди тарҷумаи тоҷикиашон пешкаш намудем. Лекин бояд донист, ки забони модарии мо яке аз забонҳои бойтарин ба шумор меравад ва ҳар як мисоле, ки дар боло овардем, метавонад чандин намуди тарҷумаи тоҷикии худро дошта бошад. Яке аз он мисолҳоро дида мебароем:

This Is my radio.

  1. Ин радио аз они ман аст.
  2. Ин радио аз ман аст.
  3. Ин радио аз ман.
  4. Ин радиои ман аст.
  5. Ин радиои ман.

Шумо дар забони тоҷикӣ панҷ намуд тарҷумаи тоҷикии як ҷумлаи англисиро дида истодаед. Лекин ҷумлаҳои забони англисӣ дорои қолаби мустаҳкам буда, хеле кам дучор меояд, ки як маъноро бо якчанд ҷумла ифода кунанд.

Инчунин, ҳолатҳое низ ҳастанд, ки як калимаи тоҷикии мо якчанд хел тарҷумаи англисии худро дошта метавонад. Дар забони тоҷикӣ мо барои ифодаи соҳибият дар шахси сеюми танҳо калимаи “вай”-ро истифода мекунем. Лекин ин ҳолат дар забони англисӣ ба се калима ифода меёбад. Барои шарҳи ин масъала ҳоло мисолҳоро дар забонҳои тоҷикию англисӣ оварда муқоиса мекунем:

  1. Шаҳло хоҳари ман аст. Мӯи вай дароз аст.

Shahlo is my sister. Her hair is long.

  1. Акрам рафиқи ман аст. Кулоҳи вай сиёҳ аст.

Akram is my friend. His hat is back.

  1. Вай саги ман аст. Думи вай дароз аст.

That is my dog. Its tail is long.

  1. Вай телевизори ман аст. Экрани вай калон аст.

That is my TV. Its screen is big.

Агар аз дохили ҷумлаҳои тоҷикӣ ва англисии боло ибораҳои аз ҷонишинҳо сохташударо ҷудо кунем, чунин манзара ҳосил мешавад: мӯи вай – her hair, кулоҳи вай – his hat, думи вай – its tail.


Акнун бо истифодаи ҷонишинҳои соҳибӣ якчанд ҷумлаҳои тасдиқӣ, инкорӣ ва саволӣ меорем:

Ҷумлаҳои тасдиқӣ

That is his plate.

This is my kitten

Its our car.

They are my teachers.

These are their bags.

These are my hands and those are my legs.

Their streets are clean.

Our garden is beautiful.

Your friend is in the shop.


Ҷумлаҳои инкорӣ

These aren’t your dogs.

It isn’t her dress.

Those aren’t its kittens.

That isn’t our book.

These aren’t his recorders.

My parrot isn’t behind the tree.

His knife isn’t in front of the car.

Their rug isn’t in our room.

Her dress isn’t blue.


Ҷумлаҳои саволӣ

Is this your copybook? Yes, it is

Is that her pencil? No, it isn’t

Are these his friends? Yes, they are

Are those our trees? No, they aren’t

Is my sister in the street? Yes, she is

Is your flat small? No, it isn’t

Are her bags new? Yes, they are


Саволҳои махсусро мо ин ҷо метавонем аз калимаи саволии “whose” [ҳу:з] пайдо кунем. Калимаи мазкур “аз они кӣ” ё “аз кӣ?” тарҷума мешавад.

Whose car is this? This is our car. – Ин мошин аз они кӣ? Ин мошин аз они мост (Ин мошини кист? Ин мошини мост. Ин мошин аз кӣ? Ин мошин аз мост).

Whose child is that? That is their child.

Вай кудаки кист? Вай кудаки онҳост.

Whose balls are these? These are her balls.

Инҳо тубҳои кистанд? Инҳо тубҳои вай ҳастанд.


Мисолҳои дигар:

Whose cow is that? It’s our cow.

Whose bench is it? It’s your bench.

Whose car is behind the wall? My car is.

Whose legs are long? Her legs are.

Whose dog is clever? My dog is.


Намуди дигари саволҳои махсусро бо истифодаи чонишниҳои соҳибӣ мо ба воситаи калимаи саволии “where” – “дар куҷо?” пайдо мекунем.

Where is your car? My car is in front of the shop. It is in front of the shop.

Where are his children? His children are in Mos­cow. They are in Moscow.

Where are our pens? Your pens are in the bag. They are in the bag.

Where is her flower? Her flower is in front of the window. It is in front of the window.


Калидвожаҳо: чонишинхои забони англиси, ҷонишинҳо дар забони англиси, Чонишинхои сохибии забони англиси.
ҚаблӣСифат дар забони англисӣ (Adjective)
БаъдӣФактҳои ҷолиб