Сохти узви босира (Чашм)

Бахшҳои ин мавзӯъ:  Сохти узви босира. Аҳамияти босира. Сохти чашм.


Аҳамияти босира

Дар байни ангезандаҳои муҳити атроф барои одам баҳаяҷоноии босира аҳамияти калон дорад. Қариб 90 дарсад хабарҳои қабулшуда ба ин анализатор хосанд. Қисми зиёди дониши мо дар бораи олами беруна ба узви босира вобаста аст.

Ба туфайли узви босира мо ашёи атроф, ҳаракати ҷисмҳои зинда ва ғайризинда, аломатҳои графикӣ ва ранг (ҳарфҳо, рақамҳо, рангҳо ва ғайра)-ро фарқ мекунем. Он дар тамоми намудҳои фаъолияти меҳнатӣ зарур аст. Ба ҳар кас маълум аст, ки барои одами нобиноро ба меҳнати ҷисмонӣ ҳамроҳ кардан чӣ гуна заҳмати дурударози пурмашаққат сарф мешавад.

Дар зарфи ҳазорсолаҳо инсоният таҷриба ҳосил мекунад, илму санъат инкишоф меёбад. Тамоми ин таҷрибаҳо ба воситаи китоб ва нутқи хаттӣ, ки бо қувваи босираамон дарк мекунем, аз насл ба насл мегузаранд.

Сохти чашм

Чашм дар косахонаи устухони сар ҷой гирифтааст. Аз девораҳои косахонаи чашм ба сатҳи берунии ғӯзаи чашм мушакҳое меоянд, ки онро ҳаракат медиҳанд.

Абру чашмро ҳимоя карда, арақи аз пешонӣ мешоридаро ба канор мебарад. Пилки чашмон ва мижгонҳо гарду чангро ба чашм даромадан намемонанд (расми 99).

Чашм

Ғадуди ашк, ки дар гӯшаи берунии чашм ҷойгир аст, моеъ ҷудо мекунад, ки он сатҳи ғӯзаи чашмро тар менамояд, онро нарм медорад, зарраҳои бегонаи ба чашм афтодаро мешӯяд ва баъд аз гӯшаи даруни чашм ба канали ашк ба ковокии бинӣ меравад.

Сафедпардаи ғафс, ки ғӯзаи чашмро пӯшондааст, онро аз таъсирҳои механикию кимиёвӣ, дохил шудани зарраҳои бегона ва микроорганизмҳо муҳофизат мекунад (расми 100).

Расми 100. Сохти чашм
Расми 100. Сохти чашм

Ин парда дар қисми пеши чашм ҷойгир аст ва қарния ном дорад. Қарния рӯшноиро озодона мегузаронад.

Рагпардаи миёна аз шабакаи зичи рагҳои бо хун таъминкунандаи ғӯзаи чашм иборат аст. Дар сатҳи дарунии ин парда қабати тунуки моддаи рангин – пигменти сиёҳ вуҷуд дош та, нурҳои равшаниро фурӯ мебарад. Қисми пеши рагпардаи чашм инабия ном дорад. Ранги он (аз ҷигарии паст то ҷигарии баланд) бо миқдор ва тақсимоти пигмент муайян карда мешавад.

Гавҳарак – сӯрохии мобайни пардаи инабия мебошад. Гавҳарак нури равшании ба даруни чашм дохилшавандаро танзим мекунад. Ҳангоми равшании баланд гавҳарак ба таври рефлекторӣ хурд мешавад. Дар вақти кам будани равшанӣ гавҳарак васеъ мегардад.

Дар паси гавҳарак булӯраки дутарафаи барҷастаи шаффоф ҷойгир аст, ки бо мушаки мижгон иҳота шудааст. Тамоми қисми дарунии ғӯзаи чашмро зуҷоҷия – моддаи шаффоф пур кардааст. Чашм равшаниро тавре мегузаронад, ки акси ашё дар пардаи дарунии ғӯзаи чашм – шабакия ҷамъ мешавад (расми 101).

Расми 101. Шабакия
Расми 101. Шабакия

Дар тӯрпарда ретсепторҳои чашм – чӯбчаю колбачаҳо ҷойгиранд. Чӯбчаҳо – ретсепторҳо аз равшании суст ва колбачаҳо танҳо аз равшании баланд мутаассир шуда, дарки рангҳо ба онҳо вобаста аст.

Дар тӯрпарда равшанӣ ба импулси асаб табдил ёфта, ба воситаи асаби босира ба қисми биноии қишри нимкураи калони мағзи сар мегузарад. Дар ин ҷо ангезиш пурра даркшуда мо шакл, ранг, равшанӣ, мавқеъ ва ҳаракати ашёро фарқ мекунем (расми 102).

Расми 102. Анализатори босира
Расми 102. Анализатори босира

Дониши худро санҷед:

  1. Босира барои одам чӣ аҳамият дорад?
  2. Таркиби чашм чӣ гуна аст?
  3. Вобаста ба равшанӣ гавҳарак чӣ хел тағйир меёбад?
  4. Ретсепторҳои босира дар куҷо ҷойгиранд ва чӣ ном доранд?
  5. Ангезиш аз ретсепторҳои босира ба куҷо мераванд?
  6. Анализатори босира аз кадом қисмҳо иборат аст?
  7. Шабакия кадом вазифаро иҷро мекунад?
ҚаблӣАъзои ҳис ва аҳамияти онҳо
БаъдӣВазифаҳои узви босира (чашм). Пешгирӣ кардани иллати босира