Вохиди дарози – метр

Воҳиди дарозӣ метр. Номи ин воҳид аз калимаи юнонии metron (паймона, меъёр, чен) пайдо шудааст.

Ба сифати эталони метр (санҷаи метр) с.1799 фосилаи байни ду нишонае пазируфта шудааст, ки дар милаи платинӣ-иридийии чортарка (рас. 1.7) гузошта шудаанд.

Мебоист, ки ин фосила бо ягон чизи табиӣ алоқаманд мебуд. Фаронсавиҳо   дар ин    маврид         дарозии баробар ба даҳмиллионяки чоряки нисфуннаҳор (меридиан)-и ш. Парижро, ки 40 000 000 м аст, гирифта буданд. Ин намуна соли 1960 тағйир ёфт: ба сифати 1м 1650763,73 дарозии мавҷи нури афкандаи атомҳои криптон-86 пазируфта шуд.

Баъдтар, с.1983, вақте ки тарзҳои оптикии дарозисанҷӣ ба миён омад, қарор дода шуд, ки метр ба воситаи суръати нур таъйин шавад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар замони мо ба сифати 1м фосилае пазируфта шудааст, ки онро нур дар муддати 1/299 792 458 ҳиссаи сония дар фазои беҳаво мепаймояд.

Ин таъриф дар он замина ба миён омад, ки нур дар муддати 1 с  масофаи 299 792 458 м   300 000 000 м-ро мепаймояд.

Таърифи нави метр воҳиди дарозиро тағйир надод, балки онро дар заминаи корбурди усули нав дақиқтар сохт. Мо дар расмҳои 1.8-1.10 чанд асбобу олати дигари дарозисанҷиро тасвир кардаем.

Расми 1.8. Ченчӯб
Расми 1.8. Ченчӯб
Расми 1.9. Навори дарозисанҷӣ
Расми 1.9. Навори дарозисанҷӣ

Воҳидҳои каратии метр ва ҳиссавоҳидҳои он – километр (км), десиметр (дм), сантиметр (см), миллиметр (мм), микрометр (мкм ё μм)… низ корбаст мешаванд ва чунин бастагӣ доранд (нигаред Сабти натиҷаҳои санҷиш. Воҳидҳои каратӣ ва ҳиссавоҳидҳо):

1 км = 103 м,

1 дм = 0,1м =10 см,

1 см = 10–2 м,

1 мм = 10–3 м,

1 мкм = 10–6 м,

1 нм = 10–9 м,…


Муфассал >> Санҷиши дарозиҳо ва масофаҳо (физика)

ҚаблӣСанҷиши дарозиҳо ва масофаҳо (физика)
БаъдӣЧен кардани ғафсии чизҳои борик ва тунук бо милапаргор (Кори лабораторӣ)