Олами ҳайвонот ба ду зеролам: якҳуҷайраҳо ва бисёрҳуҷайраҳо тақсим мешавад. Ҳайвонҳое, ки ба якҳуҷайраҳо дохил мешаванд, хеле сода буда, баданашон аз як ҳуҷайра иборат аст ва онҳо 2 млрд. сол пеш пайдо шудаанд. Содатаринҳоро фақат тавассути микроскоп дидан мумкин аст. Аз ҳамин сабаб, онҳо то ихтирои микроскоп ба олимон маълум набуданд. Микроскоп соли 1675 аз тарафи олими ҳоландӣ Антони ван Левенгук ихтироъ шудааст (расми 25).
Содатаринҳо ҳайвонҳои ниҳоят хурд буда, омӯхтани онҳо аз давраи ихтирои микроскоп оғоз ёфт. Соли 1676 А. Левенгук дар як қатраи оби дар зери микроскоп гузошташуда организмҳои майдаи бисёреро мебинад, ки онҳо то ҳамон вақт ба одамон маълум набуданд, дар байни ин организмҳо содатаринҳо ҳам буданд.
Мафҳуми содатаринҳоро дар илм аввалин бор соли 1820 Голдфус ном олим ҷорӣ кард. Ӯ ба содатаринҳо баъзе ҳайвонҳои бисёрҳуҷайраи майдаро (коловратка) низ дохил намуд. Баъдтар соли 1845 олимон Кёлликеир ва Зиболд аз як ҳуҷайра иборат будани содатаринҳоро исбот карданд. Ҳуҷайраи содатаринҳо аз ситоплазма ва як ё якчанд ҳаста иборат аст. Содатаринҳо дар тамоми дунё васеъ паҳн шудаанд. Онҳо дар қабатҳои гуногуни обҳои шӯр (баҳрҳо, уқёнусҳо), обҳои ширини кӯлу дарёҳо сукунат доранд.
Дар айни замон дар кураи Замин зиёда аз 70 ҳазор намуди содатаринҳо маълум буда, аз ин зиёда аз 300 намудашон дар Тоҷикистон вомехӯранд. Дар обҳо ва ҷойҳои намӣ якчанд намуди саркодовҳо: амёбаи муқаррарӣ, амёбаи лимакс, амёбаи исҳоли хунин ва ғайраҳо вомехӯранд. Дар обҳои истодаи обанборҳо бошад, амёбаҳои ғилофдор зиндагӣ мекунанд, ки онҳо хӯроки муҳимми ҳайвонҳои обӣ мебошанд. Аз намояндагони қамчинакдорон эвгленаи сабз, эвгленаи спиралмонанд ва ғайраҳо вомехӯранд.
Шакли берунии ҳайвонҳои якҳуҷайра
Ҳайвонҳои якҳуҷайра аз рӯйи шакли беруниашон гуногунанд. Масалан, агар як қатра обро аз қабатҳои гуногуни ҳавзи обаш ширин гирифта, дар зери микроскоп бинем, дар он мавҷудоти якҳуҷайрагии амёбаи сустҳаракат, инфузорияи патакчаи тезҳаракат, инфузорияи бурсарияи даранда ва дигар ҳайвонҳои майдаро дидан мумкин аст (расми 26).

Дар қатраи оби зери обанбор, асосан, амёбаи муқаррариро дидан мумкин аст. Аз рӯйи шакли берунӣ амёба ба қатраи моеи шаффоф монанд аст. Ситоплазмаи он оҳиста-оҳиста ва мунтазам ҳаракат мекунад. Ҳамаи ҳайвонот, аз ҷумла якҳуҷайраҳо рӯйпӯши тана доранд. Рӯйпӯши тана вазифаи муҳофизатиро иҷро мекунад. Рӯйпӯши бадани амёба хеле тунук аст. Аз ҳамин сабаб, дар вақти ба ягон тараф майл кардани амёба ё ба ягон зарраи хӯрок бархӯрданаш дар он дӯнгиҳо ё пойҳои қалбакӣ ҳосил мешаванд (расми 27).

Пойҳои қалбакӣ ё муваққатӣ, одатан чунин ҳосил мешаванд: ситоплазмаи ҳуҷайра ба ягон тараф ҳаракат карда, ба пардаи тунуки рӯйпӯши бадан фишор меорад ва ҳамон ҷойи тана, ба монанди барҷастагӣ ё дӯнгӣ ба берун мебарояд. Ин варамҳои ба монанди ҷӯйчаҳои борик паҳншудаи онҳо пойҳои қалбакӣ ё муваққатӣ мебошанд. Ҷойи ҳосилшавии пойҳои қалбакӣ дар бадани амёба доимо тағйир меёбад, бинобар ин шакли бадани амёбаҳо доимӣ нест. Шакли бадани дигар содатаринҳо доимӣ аст.
Масалан, инфузория ба патаки кафш монанд аст, бинобар ин номи халқии он инфузорияи патакча мебошад; инфузорияи бурсария хумшакл аст. Шакли бадани аксарияти содатаринҳо барои он доимӣ аст, ки бадани онҳо баръакси амёбаҳо бо пардаи зичи сахт ё гӯшмоҳӣ пӯшида шудааст. Дар баъзе намудҳои содатаринҳо таркиби гӯшмоҳӣ аз моддаи сахти шохин, дар дигар намудҳояшон бошад, аз оҳак иборат аст. Гӯшмоҳӣ барои содатаринҳо аҳамияти муҳофизавӣ дорад.
Як қисми ками содатаринҳо дар хокҳои нам, узвҳои рустанӣ, ҳайвонот ва одам ҳаёт ба сар мебаранд.
Ҳаракати содатаринҳо
Органеллаи ҳаракати содатаринҳо гуногунанд. Масалан, агар дар қатраи оби зери микроскоп мушоҳида кунем, мебинем, ки амёба тавассути пойҳои қалбакӣ, инфузорияи патакча тавассути мижгонҳои бисёраш, эвгленаи сабз тавассути як ё якчанд қамчинакҳо ҳаракат мекунанд. Эвгленаи сабз дар обҳои ширини ифлос зиндагӣ мекунад. Лямблия 4 қамчинак дошта, муфтхӯр аст. Вай дар рӯдаи борики одам, харгӯш, мушҳо сукунат дорад ва дар одам касалии лямблиозро ба вуҷуд меорад.
Вокуниш. Содатаринҳо ба монанди дигар организмҳои зинда, ба таъсироти омилҳои муҳити беруна (механикӣ, кимиёвӣ, гармӣ, рӯшноии барқӣ) ҷавоб мегардонанд. Вокуниш (реаксияи ҷавобӣ)-и содатаринҳо ба таъсироти муҳити зисташон, асосан, дар тағйир додани роҳи ҳаракаташон зоҳир мешавад. Масалан, агар ба як нимаи қатраи Расми 28. Зоҳиршавии вокуниш дар содатаринҳо Вокуниши амёба ба намаки таом Вокуниши инфузорияи патакча ба хӯрок Вокуниши амёба ба рӯшноӣ обе, ки амёба дорад, рӯшноӣ диҳем, вай фавран ба нимаи торик мегузарад. Ё агар ба ҳамин қатраи об намаки ошӣ илова кунем, пойҳои қалбакиашро кашида мегирад. Дар натиҷаи ин фосилаи наздикшавии бадани амёба ба ҷисми таъсиркунанда кам мешавад.
Инфузорияҳои патакча ҷамъшавии бактерияҳоро аз таъсири моддаи ҷудо мекардаашон ҳис намуда, дар он ҷо ҷамъ мешаванд, аммо аз таъсири намаки ошӣ мегурезанд. Содатаринҳо тавассути вокуниш худро аз шароити номусоид раҳо мекунанд. Тавассути вокуниш онҳо хӯрок ва намуди худро меёбанд, систа ҳосил мекунанд ва ғайра. Систа ҳосил кардан хусусияти мутобиқшавии содатаринҳо ба шароити номусоид ва воситаи паҳншавии онҳо мебошад.
Ҷамоаи биологӣ (Биосеноз). Алоқамандии олами ҳайвонот ва рустаниҳо
- Барои чи хайвоноти якхучайраро содатаринхо меноманд?
- Дар кадом мухити зист хайвонхои якхучайраро дидан мумкин аст?
- Хайвонхои якхучайра чи тавр харакат мекунанд?
- 4.Вокуниш чист ва он дар хаёти хайвонот чи ахамият дорад?
ЗЕРОЛАМИ ЯКХУЧАЙРАХО Ё СОДАТАРИНХО, Тавсифи умумии содатаринхо, Шакли берунии хайвонхои якхучайра, Хайвонхои якхучайраи оби ширин, Харакати содатаринхо, реферат, кори курси, Зоология бо забони точики.