Тарзи пухтани макаронпалав (Кори амалии №11)

Тарзи пухтани макаронпалав (Кори амалии №11).


Дар вақти пухтани хӯрок ҳамеша шартҳои санитарию гигиенӣ ва техникаи бехатариро риоя кунед.

Таҷҳизот: газ ё плитаи барқӣ, зарф барои тоза кардани макарон, тахтачаҳо барои реза кардани гӯшт, сабзавот, табақ ё табақчаҳо барои кашидани хӯроки тайёр, намакдон, мурчдон, дег, кафлез, кафгир.

Миқдори маҳсулот: гӯшт – 500 г, бехпиёз – 250 г, равған – 70 г, 2-3 дона помидор ё 1 қошуқ томат, макарон – 300 г, як бандча кабудӣ ва мувофиқи табъ мурч, намак.

Макаронпалавро бо ду роҳ омода мекунанд.

Роҳи якум. Гӯшти гов ё гӯсфандро майда (дарозии онҳо 4-5 см бошад) реза карда, дар равғани доғ то камтар сурх шудани рӯйи гӯшт зирбонед. Баъд пиёзи резакардаро андохта, то зардча шуданаш ба болояш помидор андохта, боз 3-4 дақиқа то сурх шуданаш бирён кунед. Сипас сабзии маҳин резакардаро (ҳамчун барои палав) ба дег андохта, камтар бирён кунед. Қаламфури булғориро реза карда, ба дег андозеду онро 2-3 бор бо кафгир кофта, об ва мувофиқи табъ зира, намак андозед. Сипас онро 20 дақиқа дар оташи миёна ҷӯшонед. Баъд макаронро аз назар гузаронида, мувофиқи табъ ба дарозии муайян шикаста ба дег андозед. Макарон пас аз 25 дақиқа ҷӯшидан обро ба худаш мегирад. Ба он каме об андохта, бо кафгир кофта, сарпӯши дегро пӯшед ва 5 – 10 дақиқа дам диҳед. Макаронпалави тайёрро ба табақ кашида, ба рӯяш кабудӣ ва пиёзи сабзи резакарда пошед. Барои хӯришҳои сабзавотӣ (бо турб, пиёз, сабзии хоми резакарда, сиркои дастӣ) турб ва шалғамчаро майда реза карда медиҳанд.

Роҳи дуюм. Гӯшти гов ё гӯсфандро майда реза карда, бо пиёзи поракарда дар равған нағз зирбонед. Баъд ба болояш помидор ё томат андохта, боз 3-4 дақиқа бирён кунед. Пас аз ин намак, мурч андозед. Макаронро дар зарфи алоҳида дар оби намакдор 5-6 дақиқа ҷӯшонед ва ба кафлези сӯрохдор гирифта, обашро резонед. 10-15 дақиқа пеш аз пухтани гӯшт макаронро ба дег андохта, оташро паст кунед ва сарпӯши дегро пӯшида, каме дам диҳед. Макарони аз кафлези сӯрохдор гузаронидаро ба табақ андохта, ба болояш зирбак рехта, кабудӣ ё пиёзи кабуди резакардаро пошида, баъд ба дастархон бо хӯришҳо додан мумкин аст.

Намудҳои макаронпалов
Намудҳои макаронпалов

Ҳисобот доир ба кори иҷрошуда:

  1. Муайян кардани сифати хӯроки тайёр.
  2. Таркиби биологии макаронро муайян кунед. Як миқдор макаронро ба истакони оби хунукдор андохта, бо қошуқча омехта карда, ба он йод андозед, ранги обаш кабуд мешавад ва ин дар макарон мавҷуд будани крахмалро нишон медиҳад.
  3. Кадом шартҳои санитарию гигиениро дар вақти хӯрокпазӣ риоя мекунед?
  4. Миқдори маҳсулотро барои оилаи худ муайян кунед.

Фикр кунед, ҷавоб диҳед, муайян кунед

Ҳамаи ин қоидаҳоро ба назар гирифта, ба сифати маҳсулоти макаронии дар хонаатон буда баҳо диҳед ва дурустии баҳоятонро аз модаратон пурсед.


Инро дар хотир доред

  1. Талабот ба сифати таоми тайёр.
  2. Макарони барои таомҳои якум ва дуюм бояд мулоим бошад, аммо аз дараҷаи пухтан нагузарад ва часпак нашавад.
  3. Бӯйи таомҳои аз макарон тайёркарда бояд бо маҳсулоти истифодашуда мувофиқ бошад.

Савол ва супориш

  1. Аз чӣ сабаб маҳсулоти макарониро баъди дар об пухтан ба кафлези сӯрохдор андохта, аз болояш оби гарм мерезанд?
  2. Гӯед, ки таомҳои суюқро аз макарон чӣ тавр тайёр мекунанд?
ҚаблӣКоркарди маҳсулоти макаронӣ (Кори амалии №10)
БаъдӣТайёр кардани мураббо, ҷем