Тайёр кардани мураббо, чем.
Мураббо, ҷем, повидло, хушоб (компот) аз ҳамагуна меваҳо ва ғуҷуммеваҳо (қулфинай, тимишк, марминҷон ва ғайра) ва аз як қисми сабзавот тайёр карда мешаванд. Онҳо бояд тару тоза ва нимпухта бошанд.
Қариб барои ҳамаи меваҷот ба 1 кг мева тақрибан 1 кг шакар мувофиқ аст.
Агар шакарро дар об ҷӯшонем, шарбат ҳосил мешавад. Меваҷот ва ғуҷуммеваҳо дар он шакли худро нигоҳ дошта, хушнамуд мешаванд. Он мураббое, ки миқдори масолеҳаш ба шакар мувофиқ бошад, нағз нигоҳ дошта мешавад.
Мурабборо бо асал ҳам пухтан мумкин аст. Миқдори он бояд ба миқдори шакар баробар бошад.
Дар бисёр мавридҳо пухтани мураббо аз тайёр кардани шарбат оғоз меёбад. Асосан мурабборо дар зарфи мисӣ ё алюминӣ мепазанд, чунки дар оташи баланд сири он кафида, бо мураббо омехта мешавад.
Тибқи дастури додашуда шакарро ба об андохта, то пурра ҳал шудани шакар ҷӯшонед. Баъд онро аз оташ гиред, маҳсулоти тайёркардаатонро ба он андохта, ба оташ гузоред. Баъди ба ҷӯш омадан кӯшиш кунед, ки ҳамаи маҳсулот ба шарбат ғӯтад. Сипас онро дар оташи паст то тайёр шуданаш пазед.
Мураббо дар вақти пухтан кафк мекунад. Онро ҳар замон гирифтан лозим аст. Дар шароити хона тайёр шудани мурабборо аз рӯйи чунин аломатҳо муайян мекунанд:
- Дар охири пухтан кафк ба ҳар тарафи зарф паҳн нашуда, дар мобайн ҷамъ мешавад, меваҳо ва ғуҷуммеваҳо дар рӯйи шарбат шино накарда, дар қабати шарбат як хел паҳн мешаванд ва ранги ба худ хосро мегиранд.
- Агар чакраи шарбатро ба табақча гузорем, паҳн нашавад, мураббо тайёр аст ё ҳангоми байни ангуштон гирифтани қатраи шарбати гарм он часпак шуда, ғоз диҳад, ин ҳам нишонаи тайёр шудани мураббо аст. Мураббои тайёрро дар зарфи шишагӣ мерезанд. Даҳонашро бо селофан пӯшида, бо канаби тар маҳкам мебанданд. Ресмонро тар кардан лозим аст, то ки он налағжад, баъди хушк шудан ресмон таранг шуда, ба зарф ҳаво намедарояд. Сарпӯши металлии банкаҳоро бо калид (асбоби махсус) маҳкам мекунанд.

Савол
- Аз кадом маҳсулот мураббо мепазанд?
- Шарбатро чӣ тавр тайёр мекунанд?
- Нишонаи тайёр шудани мураббо чист?
Инро дар хотир доред
Ватани шакар Ҳиндустон мебошад. Дар Европа шакар баъд аз сафари Искандари Мақдунӣ ба Ҳиндустон пайдо шуд. Дар таркиби шакар 99% сахарозаи зудҳалшаванда ҳаст.