Қатори кайк. Катори кайк

Кайк ҳашароти бебол буда, дар парандаҳо, дарандаҳо ва худи инсон муфтхӯрӣ мекунад.

Расми 104. Кайк
Расми 104. Кайк

Вобаста ба ин шакли зиндагӣ болаш барҳам хӯрдааст. Кайкҳо дар намуди зоҳирӣ ба ҳамдигар монанданд (расми 104). Ҳаракаташон ҷаҳишӣ аст. Баданашон ҳамагӣ 3 – 4 мм буда, то ба 50см дарозӣ ва то ба 30см баландӣ парида метавонанд. Узви даҳониашон халандаю маканда буда, хун мемаканд. Дар вақти макидани хун барангезандаи касалии ваборо дар инсон паҳн карда метавонанд.

Як кайк то 11 одамро сироят мекунад. Дар нимаи асри гузашта дар дунё аз касалии вабо 75 млн одам фавтидааст.


Муфассал >> Қаторҳои ҳашароти шаклдигаркуниашон пурра

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
ҚаблӣҚатори сахтболҳо (гамбӯскҳо). Катори сахтболхо (гамбускхо)
БаъдӣҚатори пулакчаболҳо (шапалакҳо). Катори пулакчаболхо (шапалакхо)