
Арасту (Аристотел) солҳои 384–322 пеш аз милод умр ба cap бурда, асарҳои бисёре таълиф намудааст. Китобҳои «Физика», «Метафизика», «Дар бораи нафс», «Поэтика» ва «Категорияҳо» аз муҳимтарин ва бузургтарин асарҳои вай мебошанд. Олимони имрӯза ҳам аз асарҳои пурбаҳои Арасту сабақ мебардоранд.
Арасту дар Юнон мактаби худро кушод, ки он бо номи ҷойи воқеъгардидааш «Ликей» маъмул буд. Дар он ҷавонони боистеъдод таълим мегирифтанд.
Пеш аз Арасту қариб ҳамаи илмҳо як буданд. Арасту аввалин шуда онҳоро ба соҳаҳои алоҳида тақсим мекунад. Масалан, донишҳо дар бораи табиатро «ботаника» («рустанӣ»), донишҳо дар бораи ҷисмҳоро «физика» («табиат») ва донишҳо дар бораи идораи давлатро «сиёсат» номидааст.
Арасту мураббӣ ва устоди Искандари Мақдунӣ буд.
Пурра » Илми Юнони қадим


















