Мавзӯъ. Гурӯҳбандии бозор вобаста ба шаклҳои рақобат. Таъсири инҳисор ба вазъи бозор

Гурухбандии бозор вобаста ба шаклхои ракобат. Таъсири инхисор (монополия) ба вазъи бозор.


Мавзӯи 4. Гурӯҳбандии бозор вобаста ба шаклҳои рақобат. Таъсири инҳисор ба вазъи бозор

Зермавзӯҳо:

  1. Мафҳум ва моҳияти рақобат
  2. Рақобати озод
  3. Таснифоти намудҳои асосии сохтори бозорӣ
  4. Инҳисори соф (монополия)
  5. Рақобати инҳисорӣ. Шарти пайдоиш

Мафҳум ва моҳияти рақобат

Рақобат яке аз унсурҳои муҳими механизми бозор ба ҳисоб меравад. Муносибатҳои бозорӣ дар ҷомеа муҳитеро ба вуҷуд меоранд, ки дар он субъектҳои гуногуни иқтисодӣ кӯшиш мекунанд манфиатҳои иқтисодии худро амалӣ намоянд.

Дар ин раванд ногузир бархӯрди манфиатҳои иштирокчиёни бозор ба амал меояд. Воқеан рақобат мубориза, муқовимати манфиатҳо мебошад. Ба монанди дигар намуди мубориза рақобат имконияти амалҳои рақибонро, ки танҳо ба муқовимат бар зидди ноилшавӣ ба мақсадҳои гузошташудаи шумо равона карда шудаанд, истисно намекунад.

Муфассал >>

Давоми матн пас аз блоки реклама

Рақобати озод

Ба бозори рақобати озод пеш аз ҳама, шумораи зиёди субъектони хоҷагидорӣ (харидорон ва фурӯшандагон) ва инчунин, таҳвили як мол хос мебошад. Зеро бо таъсири талабот ва таклифот нархҳо ба ҳам наздик мешаванд, яъне дар минтақаи алоҳида дар вақти муайян нархҳо қариб ки якхела мешаванд.

Мувофиқан дар шароити иқтисоди бозорӣ кӯшиши ҳар як фурӯшанда оид ба гирифтани фоидаи максималӣ меафзояд. Барои нигоҳ доштани мавқеи худ дар бозор фурӯшанда (истеҳсолкунанда) тахфифро (скидка) истифода мебарад (3–5%).

Муфассал >>


Таснифоти намудҳои асосии сохтори бозорӣ

Ҳолати мазкурро ҳамчун рақобати инҳисорӣ ном мебаранд.

Намудҳои асосии сохтори бозорӣ ҳадди охирони намуди сохтори бозорӣ набуда, ҳамчунин намудҳои дигари зиёди онҳо фарқ карда мешаванд.

 Дар бозор ҷой доштани як истеъмолкунанда монопсония номида мешавад. Корхонае, ки маҳсулоти худро ба категорияи гуногуни истеъмолкунандагон бо нархи гуногун мефурӯшад, корхонаи истифодабарандаи гуногунии нарх номида мешавад.

Муфассал >>


Инҳисори соф

Аксуламали рақобати озод инҳисори соф (монополия) ба шумор меравад (калимаи юнонӣ «моно» – як, «полио» – мефурӯшам), ки вобаста ба он дар соҳа танҳо як корхона фаъолият менамояд, дар ин ҷо мафҳуми «корхона» бо мафҳуми «соҳа» мутобиқат менамояд.

Аз нигоҳи аввал, чунин ҳолат аз эҳтимол дур буда, дар миқёси мамлакат кам мушоҳида мешавад. Дар мавриде ки агар мо қисмати муайяни миқёсӣ, масалан, як шаҳри хурдро ба инобат гирем, пас маълум мегардад, ки ҳолати инҳисори соф ҳолати муқаррарист.

Дар ин гуна шаҳр танҳо як пойгоҳи барқӣ, як роҳи оҳан, фурудгоҳи ягона, як бонк, як корхонаи калон, як мағозаи китобфурӯшӣ ва монанди инҳо арзи ҳастӣ менамоянд. Мисол, дар ИМА 5%­и ММД дар шароити наздик ба инҳисори соф истеҳсол карда мешавад.

Муфассал >>


Рақобати инҳисорӣ. Шарти пайдоиш

Рақобати инҳисорӣ дар ҷое ба миён омада метавонад, ки дар он даҳҳо корхона фаъолият намуда, дар байни онҳо имконияти гуфтушуниди пинҳонӣ ғайриимкон аст. Ҳар корхона дар асоси хатар ва таваккалии худ амал намуда, сиёсати нархии худро муқаррар менамояд.

Рақобати инҳисорӣ дар ҳамон ҷое инкишоф ёфта метавонад, ки дар он ҷо гуногунии маҳсулот зарур аст ва дар он ҷо ҳарчи бештар муайян карда шудани табъу завқи истеъмолкунанда бо мақсади ба фурӯш баровардани маҳсулот талаб карда мешавад.

Муфассал >>


Саволҳо

  1. Мафҳуми рақобатро шарҳ диҳед.
  2. Рақобати озод чист?
  3. Норасоии рақобати озод дар чист?
  4. Инҳисори соф чист?
  5. Рақобати инҳисорӣ ва шартҳои пайдоиши онро шарҳ диҳед.