Рақобати озод (асосҳои иқтисодиёт)

Ракобати озод (асосхои иктисодиёт).


Ба бозори рақобати озод пеш аз ҳама, шумораи зиёди субъектони хоҷагидорӣ (харидорон ва фурӯшандагон) ва инчунин, таҳвили як мол хос мебошад. Зеро бо таъсири талабот ва таклифот нархҳо ба ҳам наздик мешаванд, яъне дар минтақаи алоҳида дар вақти муайян нархҳо қариб ки якхела мешаванд.

Мувофиқан дар шароити иқтисоди бозорӣ кӯшиши ҳар як фурӯшанда оид ба гирифтани фоидаи максималӣ меафзояд. Барои нигоҳ доштани мавқеи худ дар бозор фурӯшанда (истеҳсолкунанда) тахфифро (скидка) истифода мебарад (3–5%). Дар натиҷа фоидаи фурӯшанда аз ҳисоби зиёд гардидани таҳвили мол ба бозор бештар мегардад.

Дар амалияи воқеӣ мавҷудияти рақобати озод ҳолати камшумор ба ҳисоб рафта, танҳо баъзе аз намуди бозорҳои алоҳида, ба монанди бозори ғалла, қоғазҳои қиматнок, асъори хориҷӣ ва амсоли онҳо ба рақобати озод наздик мебошанд.

Дар ин самт барои мо на танҳо соҳаи амалии татбиқнамоии донишҳои назариявии азхуднамуда (дар ин бозорҳо), ҳамчунин омилҳое низ аҳамиятнок мебошанд, ки вобаста ба онҳо рақобати озод ҳолати одӣ ба шумор рафта, барои муқоиса ва баҳо додани самаранокии равандҳои воқеии иктисодӣ намунаи аввалияи меъёрҳоро муайян мекунад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ракобати озоди арзанда

Рақобати озоди арзанда. Дар давраи дарозмуддат шарти рақобати озод баробарии MR = MC = AC = P (Ҳудуди даромад = Ҳудуди хароҷот = =Хароҷоти миёна = Рнарх) мушоҳида карда мешавад (расми 4.1).

Расми 4.1. Ҳолати мувозинатии корхонаи рақобатпазир дар давраи дарозмуддат
Расми 4.1. Ҳолати мувозинатии корхонаи рақобатпазир дар давраи дарозмуддат

Албатта, дар шароити рақобати озод корхона метавонад дар муддати кӯтоҳ даромади зиёдеро ба даст орад ва ё ин ки баръакс, зарар бинад. Лекин заминаи мазкур дар доираи вақти зиёд ғайриимкон буда, метавонад дар шароити озоди дохилшавӣ ва хориҷшавӣ ба соҳа таваҷҷуҳи корхонаҳои дигарро ба худ ҷалб намояд. Дар натиҷа корхонаҳои зараровар муфлис гардида, аз соҳа хориҷ мегарданд.

Рақобати озод имкон медиҳад зах и раҳои маҳдуди мавҷуда тавре тақсим гарданд, ки дар заминаи он қонеъ гардонии максималии талабот таъмин карда шавад. Чунин ҳолат ҳангоми ҷой доштани як шарт Р=МС будан имконпазир мешавад. Ин маънои онро дорад, ки корхонаҳо миқдори максималии маҳсулотро то мавриде истеҳсол карда метавонанд, ки хароҷоти ниҳоии захираҳо ба нархе, ки аз рӯи он харидорӣ карда шудани маҳсулот даст дода истодааст, баробар намегардад.

Дар ин маврид на танҳо самаранокии баланди тақсимоти захираҳо, ҳамчунин самаранокии баланди истеҳсолӣ низ ба даст оварда мешавад. Рақобати озод корхонаҳоро маҷбур менамояд маҳсулоти худро бо хароҷоти миёнаи минималӣ истеҳсол намуда, онро бо нархе, ки ба хароҷоти пешниҳодкардашуда мутобиқат менамоянд, ба фурӯш бароранд. Ба таври графикӣ ин маънои онро дорад, ки каҷхатаи хароҷоти миёна танҳо ба каҷхатаи талабот мерасаду халос.

Дар ҳолате ки агар хароҷоти истеҳсолӣ нисб ат ба ҳар як воҳиди маҳсулот аз нархи он барзиёд гардад (AC>P), пас ба рои корхона аз нуқтаи назари иқтисодӣ истеҳсоли ҳама гуна маҳсулот зарарнок гардида, боиси аз соҳа рафтани он мегардад. Агар хароҷоти миёна нисбат ба каҷхатаи талабот ва мутобиқан нисбат ба нарх паст бошад (AC<P), ин маънои онро дорад, ки каҷхатаи хароҷоти миёна каҷхатаи талаботро гузашта, як навъ ҳаҷми истеҳсолоти фоидаи зиёддиҳандаро ба вуҷуд меорад.

Дар ин маврид миқдори корхонаҳо дар соҳа зиёд гардида, фоидаи мазкурро дер ё зуд ба сифр баробар менамоянд. Ҳамин тавр, каҷхатаҳо танҳо ба ҳамдигар мерасанду халос, ки ин ҳолати мувозинатӣ дар давраи дарозмуддат на фоида ва на зарарро ба вуҷуд меорад.

Дар ин ҷо муаммои ба худ хос ба вуҷуд меояд: дар шароити мувозинатӣ барои ҳама гуна корхонаи дар соҳа фаъолияткунанда бояд хароҷоти якхела рост ояд. Лекин чунин замина ғайриимкон аст, зеро мо медонем, ки як корхона бо ашёи хоми босифат фаъолият намуда, корхонаи дигар дорои таҷҳизоти муосир ва самаранок мебошад, сеюмӣ кормандони соҳибтаҷрибаро ҷалб намуда, чорумӣ менеҷерҳои беҳтаринро гирд овардааст. Зиёда аз ин ягон корхонаи якхела ҷой дошта наметавонад. Корхонае, ки аз захираҳои беҳтарин истифода мебарад, комилан маълум аст, ки хароҷоти нисбатан камтар дорад. Аз ин ҷо чунин омили баръало намоёнро бо ҳолате ки аз рӯи он хароҷоти корхонаҳо дар шарои ти рақобати озоди соҳа якхелаанд, чӣ гуна мувофиқ кардан мумкин аст?

Дар иқтисодиёт тартиби зерини шарҳ додани муаммои мазкур вуҷуд дорад: дар назар дошта шудааст, ки соҳибони захираҳои нисбатан беҳтар мукофотпулии зиёдтареро ба даст меоранд. Масалан, кормандони соҳибтаҷриба музди меҳнати хуб мегиранд, барои таҷҳизоти муосир арзиши калонтар пардохт карда мешавад. Аз ин ҷо маблағҳои аз ҳисоби истифодаи захираҳои нисбатан самаранок сарфагардида барои нигоҳ дошта шудани онҳо хароҷот карда мешавад. Чунин ҳолат дар навбати худ раванди мувозинатии хароҷоти дар шароити рақобатпазирии соҳа мавҷударо ифода менамояд.


Норасоии ракобати озод

Норасоии рақобати озод. Рақобати озод дар маҷмӯъ ба монанди иқтисоди бозорӣ дорои як қатор норасоиҳо мебошад. Вобаста ба ин дар хусуси аз тарафи рақобати озод таъмин карда шудани тақсимоти самараноки захираҳо ва то ба ҳадди максималӣ қонеъ гардонда шудани талаботи харидорон сухан ронда, онро фаромӯш набояд кард, ки чунин ҳолат аз пардохтпазирии талабот, аз тақсимоти даромадҳои пулӣ, ки қаблан ба миён омада буданд, пайдо мегардад. Ҳолати мазкур баробарии имкониятҳоро ба вуҷуд оварда, баробарии натиҷаро кафолат намедиҳад. Рақобати озод танҳо ҳамон хароҷотҳоеро ба назар мегирад, ки онҳо рӯйпӯш мегарданд. Аммо дар шароити нокифоягии таснифоти ҳуқуқи моликият манфиатҳо (хароҷот)­е ҷой доранд, ки онҳо аз тарафи корхонаҳо ба инобат гирифта намешаванд: онҳоро ҷомеа ба амал мебарорад.

Дар ин маврид сухан дар бораи нафъ ё ин ки хароҷоти беруна (экстернали мусбӣ ё ин ки манфӣ) меравад. Бинобар ин, дар шароити норасоии таснифоти ҳуқуқи моликият кам истеҳсол шудани экстерналҳои мусбӣ ва барзиёд истеҳсол шудани экстерналҳои манфӣ эҳтимолият доранд.

Рақобати озод истеҳсол карда шудани неъматҳои ҷамъиятиро пешбинӣ наменамояд, гарчанде онҳо боиси қаноатмандии истеъмолкунандагон мегарданд, аммо, онҳо наметавонанд ба таври аниқ ва мушаххас тақсим, баҳодод ва ба ҳар як истеъмолкунанда дар алоҳидагӣ (донабайъ) фурӯхта шаванд. Чунин ҳолат ба як қатор неъматҳои ҷамъиятӣ, ба монанди амнияти зиддисӯхторӣ, мудофиаи миллӣ ва монанди инҳо тааллуқ дорад.

Рақобати озоде, ки шумораи зиёди корхонаҳоро дар назар дорад, на ҳама вақт имконияти таъмин намудани ҷамъоварии захираҳои барои тезондани раванди илмӣ­техникӣ зарурбударо дорост. Ин пеш аз ҳама, ба тадқиқотҳои бунёдӣ (тадқиқотҳое, ки одатан зараровар мебошанд), соҳаҳое, ки аз ҷиҳати илмӣ ва сармоявӣ калонҳаҷм мебошанд, тааллуқ дорад.

Рақобати озод барои баробарнамоӣ ва ба талабот мувофиқ намудани маҳсулот мусоидат менамояд. Он доираи васеи интихоби истеъмолиро дар маҷмӯъ ба назар намегирад. Дар баробари ин, дар ҷамъияте, ки сатҳи баланди истеъмолиро ноил гардидааст, завқу салиқаҳои гуногун инкишоф меёбанд. Дар ин маврид истеъмолкунандагон на танҳо ба таъйиноти ашё, инчунин ба тартиби ороиш, ташаккул додан, имконияти мутобиқ намудани он ба хусусиятҳои хоси фардии ҳар як инсон ҳарчи бештар диққат зоҳир менамоянд. Мутобиқ ба ин, ҷиҳатҳои мазкури ашё танҳо дар шароити гуногунии мол ва хизматрасониҳо имкон медиҳад, ки он хоҳу нохоҳ бо зиёд намудани хароҷоти истеҳсолӣ алоқаманд бошад.


Мавзӯи пурра >> Гурӯҳбандии бозор вобаста ба шаклҳои рақобат. Таъсири инҳисор ба вазъи бозор

ҚаблӣМафҳум ва моҳияти рақобат
БаъдӣТаснифоти сохтори бозорӣ