Тасриф. Бандакҳои феълӣ ва хабарӣ

Тасриф. Бандакхои феъли ва хабари.


Тасриф чист?

Аз рӯйи шахсу шумора тағйир ёфтани бандакҳоро тасриф меноманд.

Шахсу шумораи феълро бандакҳои феълию хабарӣ ифода мекунанд.

Бандакҳои феълӣ танҳо пас аз асосҳои феълӣ меоянд.

Тасрифи феъли хондан бо бандакҳои феълӣ:

ЗАМОНИ ГУЗАШТА

Шахс

Шумора

Танҳо Ҷамъ
1.

2.

3.

хондам

хондӣ

хонд

хондем

хондед

хонданд

Замони ҳозира

Шахс

Шумора

Танҳо Ҷамъ
1.

2.

3.

мехонам

мехонӣ

мехонад

мехонем

мехонед

мехонанд

Бандакҳои хабарӣ ҳам бо феълҳои ҳол (хонда, рафта) ва ҳам бо ҳиссаҳои номии нутқ (хутурам, омӯзгорӣ) омада, шахсу шумораро ифода мекунанд.

Тасрифи феъли хондан ва исми коргар ба воситаи бандакҳои хабарӣ

Шахс

Шумора

  Танҳо Ҷамъ
1.

2.

3.

хондаам, коргарам

хондаӣ, коргарӣ

хондааст, коргар аст

хондаем, коргарем

хондаед, коргаред

хондаанд, коргаранд

Машқи 373. Матнро нависед, феълҳоро муайян карда, бандакҳои феълию хабариро нишон диҳед.

ОДАМ БА ОФТОБ НАЗАР АНДОХТ:

– Эй Офтоб! Ту ба он фахр кардӣ, ки шоҳи табиат ҳастӣ? Не! Бигӯ, магар ман нурҳои туро маҷбур накардаам, ки обҳои бисёреро гарм кунӣ, воситаи хабардиҳии ман гардӣ? Ту ба он фахридӣ, ки агар хоҳӣ, зимистон ё тобистон месозӣ? Вале хабар дорӣ, ки ман дар ҷойҳои барфпӯшгардида гулу мева мепарварам? Хабар дорӣ, ки ман аз оби нимгарм хунуктар аз яхи ту ях месозам?

Пӯлод Толис


Савол ва супориш

  1. Андешаҳои нависанда бештар бо кадом оҳанг ифода ёфтаанд?
  2. Гӯед, ки бузургии Инсон дар чӣ ифода меёбад.

 

Машқи 374. Матнро хонед, феълҳоро ёбед ва бандакҳои хабариро шарҳ диҳед.

Вақте ки аҳли оила сари дастархон нишастанд, мӯйсафед ба рӯи наберааш дуру дароз нигариста гуфт:

-Бачам, шавҳарат чаро наомад?

-Шавҳараш думоҳа ба сафари хизматӣ рафтааст, – ба ҷойи духтар ҷавоб дод модар. –Акнун набераатон ду моҳ дар хонаи мо меистад.

-Ду моҳ?- ҳайрон шуд мӯйсафед. –Аз рӯйи шунидам, хусуру хушдоманаш танҳоянд, ба хӯрду хӯроки онҳо кӣ нигоҳ мекунад?

-Худашон. Чолу кампир ҳоло бардаманд, -гуфт келинаш.

-Ба ҳар ҳол. Когри хуб намешавад.- Онҳо магар ба ҳамин умед келин карда буданд? Дар хонаи падару модар зиёд истодани зани шавҳардор хуб нест. Ҳаққӯ ҳамсояҳо чӣ мегӯянд…

Равшани Махсумзод

Савол ва супориш

  1. Ибораи сари дастархон нишастан-ро боз чӣ хел ифода кардан мумкин аст?

Ба кадом услуб тааллуқ доштани матнро муайян кунед.

ҚаблӣШахс ва шумора дар феъл (грамматикаи забони тоҷикӣ)
БаъдӣАсосҳои феъл (грамматикаи забони точики)