Кисмхои клавиатура

Дар ин мавод маълумот дар бораи Кисмхои клавиатура оварда мешавад.

Аз рӯйи тақсимоти вазифавӣ тугмаҳои сафҳакалидро ба панҷ блок (қисм) ҷудо мекунанд:

Давоми матн пас аз блоки реклама
  1. Блоки тугмаҳои ҳарфӣ-рақамӣ;
  2. Блоки тугмаҳои ёрирасони хидматӣ;
  3. Блоки тугмаҳои идоракунии (мудирияти) курсор;
  4. Блоки иловагии тугмаҳои рақамӣ;
  5. Блоки тугмаҳои функсионалӣ.

Гарчанде барномаҳои гуногун вазифаи баъзе тугмаҳои сафҳакалидро бо тарзи ба худ хос тағйир дода тавонанд ҳам, вале дар аксар мавридҳо онҳо амалҳои якхеларо иҷро мекунанд.

Блоки ҳарфӣ-рақамӣ дар қисми мобайну поёнии чапи сафҳакалид ҷойгир аст. Ҳангоми пахши тугмаҳои ин блок дар экран ҳарфҳои алифбои кириллӣ ё лотинӣ (вобаста ба реҷаи интихобшуда), рақамҳо ё аломатҳои махсуси китобатӣ пайдо мешаванд. Агар реҷаи кори сафҳакалид бо алифбои лотинӣ бошад, он гоҳ ҳангоми пахши тугмаҳои ин блок дар экран аломатҳои дар қисми чапу болоии тугмаҳо ҷойгирбуда пайдо мешаванд. Ин қоида ба тугмаҳои сатри якуми блок дахл надорад. Ҳангоми пахши тугмаҳои ин сатр аломатҳои поёнии тугмаҳо (асосан рақамҳо ва аломатҳои =) пайдо мешаванд. Барои ҳосил кардани аломатҳои болоии сатр бошад, тугмаҳои онҳоро дар якчоягӣ бо тугмаи ёрирасони «шифт» (Shift – лағжондан, тағйир додан) пахш намудан лозим аст.

Кисмхои Клавиатура  Сафхакалид Қисмҳои клавиатура сафҳакалид

Маълумот дар бораи Клавиатура (сафҳакалид)

Дигар маводҳо пас аз блоки реклама

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед