Муқоисаи ададҳои натуралӣ

Ададҳои натуралӣ ё табиӣ гуфта қатори зеринро меноманд: 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9, 10, 11, …, 99, 100, …

Аз ду адади гуногун яке аз дигараш ё хурд аст ё калон.

ададхо ракамхо

Адади 1235 аз адади 998 калон аст, чунки адади 1235 чоррақама, вале адади 998 серақама аст.

Ҳамин тавр, агар шумораи рақамҳои адади якум аз шумораи рақамҳои адади дуюм зиёд бошад, адади якум аз адади дуюм калон аст.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Мисоли 1. Ададҳои 127435 ва 99999-ро муқоиса менамоем.

Азбаски адади якум аз 6 рақам ва адади дуюм аз 5 рақам иборатанд (5 хурд аст аз 6), пас адади 127435 аз адади 99999 калон ё ки адади 99999 аз адади 127435 хурд аст.

Натиҷаи муқоисаи ду адад ё ду бузургиро ба воситаи аломатҳои «>» (калон) ва «<» (хурд) навиштан мумкин аст. Масалан, натиҷаи мисоли 1-ро ин тавр менависем:

127435 > 99999  ё ки

99999 < 127435.

Агар шумораи рақамҳои ду адад баробар бошад, он гоҳ рақамҳои мувофиқи онҳоро аз чап ба рост муқоиса менамоянд.

Қоида. Ададе, ки рақами якумаш калон аст, калонтар мебошад. Агар рақамҳои якуми ададҳо баробар бошанд, рақамҳои дуюми онҳоро муқоиса менамоянд, агар онҳо низ баробар бошанд, рақамҳои сеюми ададҳо бо ҳам муқоиса карда мешаванд ва ғайра.

Мисоли 2. Ададҳои 4497302 ва 4489914-ро муқоиса менамоем.

Ду рақами аввалини ҳар ду адад бо ҳам баробаранд. Рақами сеюми адади якум 9 аз рақами сеюми адади дуюм 8 калон аст. Бинобар ҳамин, дар асоси қоида адади 4497302 аз 4489914 калон аст:

4497302 > 4489914 ё

4489914 < 4497302.

Агар адади додашуда дар байни ду адади маълум ҷойгир бошад, ҳангоми муқоисаи ададҳо аз нобаробарии дучанда истифода мебаранд.

Навишти 2<3<5 маънои онро дорад, ки адади 2 аз 3 хурд буда, адади 3 дар навбати худ аз адади 5 хурд аст. Ин навиштро бо таври дигар низ хондан мумкин: «адади 3 аз 2 калону аз 5 хурд аст».

Ададҳои натуралӣ ва адади сифр


Мукоисаи ададхои натурали, нобаробарии дучанда чист, ададхои натурали чи тавр мукоиса карда мешаванд. Мукоисаи ададхои натурали, мукоисакуни.

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед