Ҷамоаи биологӣ (Биосеноз). Алоқамандии олами ҳайвонот ва рустаниҳо

Аҳамияти рустанӣ/растанӣ дар ҳаёти ҳайвонот. Дар ин ё он ҷойи табиат (об, хушкӣ) аввал рустанӣ пайдо шуда, барои пайдо шудани ҳайвонот шароит муҳайё мекунад. Аз ҳамин сабаб ҳаёти ҳар як ҳайвон бевосита ба рустанӣ вобаста аст. Рустанӣ манбаи оксиген ва хӯроки ҳайвони алафхӯр аст. Агар бузу гӯсфанд алаф, шохчаи дарахту буттаро хӯранд, майна меваи онҳо ва баъзе ҳашарот бошанд, пӯстлоқ ва чӯби дарахтро мехӯранд.

Дар навбати худ, ҳайвони алафхӯр хӯроки даранда   мебошад. Ҳамин тариқ, ба рустанӣ на танҳо ҳайвони алафхӯр, балки даранда низ робитаи ғизоӣ дорад.

Дар шоху навдаҳои рустаниҳо парандаву дарандаҳо лона сохта, насл ба дунё меоранд (расми 12). Рустаниҳо инчунин барои ҳайвонот ҳамчун паноҳгоҳ барои эмин будан аз душман ва аз гармӣ хизмат мекунанд. Аҳамияти рустанӣ дар ҳаёти ҳайвонот ба дараҷае калон аст, ки онро бе рустанӣ тасаввур кардан мумкин нест. Аз ҳамин сабаб дар ҳайвонот мутобиқшавиҳои мухталиф барои ҳаёт дар байни рустаниҳо мушоҳида мешавад.

Расми 12. Наматак, муш ва лонаи онҳо

Аҳамияти ҳайвонот дар ҳаёти рустанӣ. Ҳайвонҳо низ дар ҳаёти рустанӣ нақши муҳим доранд. Баъзе аз онҳо (занбӯри асал, намудҳои бисёри шапалакҳо, магасҳо) рустаниҳоро гардолуд мекунанд. Дигар намудҳои ҳайвонот (парандаҳо, дарандаҳо, ҳашаротҳо) воситаи паҳн кардани тухм, мева ва спораи рустаниҳо мебошанд. Ҳайвонот дар вақти нафас баровардан гази карбонатро ба муҳити атроф хориҷ мекунанд, ки онро рустаниҳои сабз дар вақти фотосинтез истифода мебаранд. Саргини ҳайвонот манбаи муҳимтарини ғизои рустаниҳо мебошад.

Ҳайвонот дар ҳаёти рустанӣ на фақат фоида, инчунин таъсири бад ҳам мерасонанд. Баъзе ҳайвонот тухми рустаниҳоро нест карда, барои аз нав пайдо шудани онҳо монеъ мешаванд. Масалан, меваҳои дарахти булутро мушҳои ҷангалӣ ва дигар ҳайвонот хӯрда, афзоиши онро маҳдуд мекунанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Бисёре аз ҳайвонҳо рустаниҳоро мешикананд ва сумкӯб мекунанд. Агар шумораи чунин ҳайвонҳо зиёд бошад, рустаниҳоро хӯрда, ба онҳо зарари калон мерасонанд.  Малах дар ҳолати аз ҳад зиёд буданаш тамоми рустаниҳои алафии сари роҳашро мехӯрад. Ҳодисаи паҳн шудани малах дар баҳори соли 2008 ва солҳои минбаъда дар бисёр ноҳияҳои ҷумҳурии мо далели ин гуфтаҳо мебошад. Ба ғайр аз ин дар илм далелҳое маълуманд, ки чорвои бисёр, хусусан рамаи бузҳо решаи рустаниҳоро кофта хӯрда, дар натиҷа заминҳои калон ба биёбон табдил меёбанд.

Ҷамоаи биологӣ (биосеноз)

Бо ҳамдигар зист намудани ҳайвонот ва рустанӣ ҷамоаи биологӣ ё биосеноз номида мешавад.

Масалан, рустанӣ ва ҳайвоноти ҳавз як биосеноз, ботлоқ дигар, ҷангали дарахтони сӯзанбарг сеюм биосенозро ташкил медиҳанд. Робитаи байни истиқоматкунандаҳои биосеноз, асосан, тавассути хӯрок ба амал меояд. Заргӯш рустаниро мехӯрад, заргӯшро бошад рӯбоҳ ё гург мехӯрад. Робитаи ғизоие, ки дар биосеноз барқарор мешавад, силсилаи ғизоӣ ном дорад (рустанӣ – заргӯш – рӯбоҳ, гург).  Дар ҳар як биосеноз се гурӯҳи организмро фарқ кардан мумкин аст: ҳосилкунандаи моддаҳои органикӣ (рустаниҳои сабз), истеъмолкунанда (ҳайвонот), вайронкунанда (кирм, бактерия), занбӯруғи мағор (расми 13).

Расми 13. Нақшаи робитаи ғизоии ҳайвонот

Дар шароити муътадил дар биосеноз шумораи ҳайвонот ва рустанӣ нисбатан доимӣ аст. Агар ҳайвоноти алафхӯр бо суръати тез афзоиш кунанд, ин боиси зиёд гардидани шумораи дарандаҳо мешавад ва аз хӯроки сер насли онҳо зиёдтар боқӣ мемонад. Баръакс, шумораи дарандаҳо агар афзоиш ёбад, миқдори ҳайвоноти алафхӯр кам мешавад. Минбаъд аз сабаби нарасидани хӯрок миқдори худи дарандаҳо низ кам мешавад (як қисми онҳо ба рақобат тоб наоварда, аз гуруснагӣ мемиранд, аз қисми дигарашон насл боқӣ мемонад). Ҳамин тариқ, дар биосеноз қонуни худтанзимкунии шумораи ҳайвонот ба амал меояд.

Робитаи ҳайвонот ва табиат


Саволҳо

  1. Рустани дар хаёти хайвонот чи ахамият дорад?
  2. Накши хайвонот дар хаёти рустани аз чи иборат аст?
  3. Танзими шумораи хайвонот дар биосеноз чи тавр ба амал меояд?

Чамоаи биологи (Биосеноз). Алокамандии олами хайвонот ва рустанихо/растанихо, Ахамияти рустани/растани дар хаёти хайвонот, Ахамияти хайвонот дар хаёти рустани, Чамоаи биологи чист? Биосеноз бо забони точики, реферат

ҚаблӣРобитаи ҳайвонот ва табиат
БаъдӣАҳамияти ҳайвонот ва таъсири инсон ба шумораи онҳо