Тайёр кардани повидлои себ (Кори амалии №14)

Тайёр кардани повидлои себ (Кори амалии №14).

повидлои себ

Таҷҳизот ва асбобҳо: дегчаи сирдор, косаи алюминӣ, элак ё кафлези сӯрохдор, белча ё қошуқи чӯбин.

Миқдори маҳсулот: себ – 1000 г, шакар – 1000 г, об – 200 г.

Рафти кор:

  1. Коркарди якуми мева: себҳоро ба дегчаи сирдор андохта, ба он об рехта, то ба ҷӯш омадан дар оташи паст 10-20 дақиқа мепазанд ва онро омехта карда меистанд.
  2. Тайёр кардани пюре. Массаи ҳосилшударо дар элак бо қошуқи чӯбин месоянд.
  3. Пюреро ба зарф андохта, то дараҷаи ҷӯшиш гарм карда, тез меомезанд ва меҷӯшонанд. Баъди 8-10 дақиқа шакар ҳамроҳ карда, пухтанро давом медиҳанд. Дар оташи паст омехта карда, тахминан 30 дақиқа мепазанд.

Повидлои пухташударо ба банкаҳо андохта, даҳонашро маҳкам мекунанд.

ҚаблӣПухтани мураббои себ (Кори амалии №13)
БаъдӣПухтани мураббо аз қулфинай (Кори амалии №15)