Узвҳои нафаскашӣ. Роҳҳои нафаскашӣ. Шуш

Узвхои нафаскаши. Роххои нафаскаши. Шуш


Аҳамияти нафаскашӣ

Аҳамияти нафаскашӣ. Тавассути узвҳои нафаскашӣ мубодилаи газҳо байни организм ва муҳити атроф ба амал меояд. Дар натиҷа одам оксигенро фурӯ бурда, гази карбонатро хориҷ мекунад.

Оксигени дохилшуда дар раванди оксидшавии моддаҳои органикӣ фаъолона иштирок мекунад. Ҳуҷайраҳо ба онҳо эҳтиёҷи калон доранд. Дар натиҷаи оксидшавии ҳар кадом моддаи органикӣ гази карбонат ва об ҳосил шуда, аз организм хориҷ мегардад.

Нафаскашӣ ду хел мешавад:

1) берунӣ (мубодилаи газҳо байни шуш ва муҳити атроф);

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

2) дохилӣ (мубодилаи газҳо байни ҳубобчаҳои шуш ва хун).

Узвҳои нафаскаширо ковокии бинӣ, ҳалқбинӣ, хирной, нойи нафас, ҳубобчаҳои ҳавоӣ (алвеолаҳо) ва шуш ташкил мекунанд (расми 57).

Расми 57. Сохти аъзои нафаскашӣ
Расми 57. Сохти аъзои нафаскашӣ

Роххои нафаскаши

Роҳҳои нафаскашӣ. Роҳҳои нафаскашӣ аз ковокии бинӣ ибтидо гирифта, ба воситаи девораи устухонию тағоякҳо ба нимаҳои росту чап тақсим мешаванд. Ҳар кадоми онҳо роҳҳои печдарпеч дошта, сатҳи дохилии ковокии биниро зиёд мекунанд. Пардаи луобӣ, ки ковокии биниро пӯшонидааст, дорои мӯякчаҳо, рагҳои хун ва ғадудҳо буда, луоб ҷудо мекунад. Луоб на танҳо микробҳоро нигоҳ медорад, балки онҳоро безарар мегардонад. Луоб бо зарраҳои ба он часпида муттасил аз ковокии бинӣ берун меравад. Дар ковокии бинӣ ҳаво гарм ва намнок мешавад. Ҳаво аз ковокии бинӣ ба ҳалқбинӣ ва аз он ҷо ба ҳалқ мегузарад.

Ҳалқ қифмонанд буда, деворҳояш аз якчанд тағояк иборат аст. Ҳангоми фурӯ бурдани хӯрок даромадгоҳи ҳалқро тағояки болоии ҳалқ мепӯшонад. Дар байни тағоякҳои ҳалқ чинҳои луобӣ – садопарда мавҷуд аст (расми 58). Холигиҳои байни садопардаро тарқиши овоз меноманд.

Расми 58. Дар боло – ҳолати садопарда ҳангоми хомӯшӣ дар мобайн – вақти гуфтугӯ, дар поён – ҳангоми пичирросзанӣ
Расми 58. Дар боло – ҳолати садопарда ҳангоми хомӯшӣ дар мобайн – вақти гуфтугӯ, дар поён – ҳангоми пичирросзанӣ

Дар вақти хомӯшии одам садопардаҳо аз ҳам дур шуда, тарқиши садо ба секунҷаи баробарпаҳлу монанд мешавад. Ҳангоми гуфтугӯ ва сурудхонӣ садопардаҳо бо ҳам наздик мешаванд. Дар мавриди нафасбарорӣ ҳаво чинҳоро фишор дода, ба ларза медарорад. Ҳамин тавр овоз пайдо мешавад.

Баландии овози одам ба дарозии садопардаҳо вобаста аст. Садопардаҳо чӣ қадаре ки кӯтоҳ ва ларзишаш зиёд бошад, овоз ҳамон қадар баландтар мешавад.

Садопардаҳо дар як сония аз 80 то 10000 маротиба ба ларзиш омада метавонанд. Овози нутқи одам дар ковокии ҳалқ, даҳон ва бинӣ ҳангоми тағйир ёфтани мавқеи забон, лабҳо ва ҷоғи поён пурра ташаккул меёбад (расми 59). Одам ба воситаи овоз ҳиссиёт ва кайфият, хурсандӣ, қаҳру ғазаб, меҳрубонӣ, таҳдид, истеҳзо ва навозиши худро изҳор карда метавонад.

Расми 59. Узвҳое, ки дар ҳосил шудани овози нутқ иштирок мекунанд
Расми 59. Узвҳое, ки дар ҳосил шудани овози нутқ иштирок мекунанд

Овози беҳад баланд ба садопардаҳо зарар дорад, онҳо таранг ва ба ҳам наздик мешаванд, ба ҳамдигар расида, молиш мехӯранд ва дар ин ҳол озурда мешаванд. Одаме, ки аксаран овозашро беҳад баланд мекунад, хиррӣ мешавад ё тамоман овозаш мегирад. Ҳангоми паст гап задан садопардаҳо пурра ба ҳам ҷафс мешаванд. Барои эҳтиёт кардани узвҳои ҳосилкунандаи овоз паст гап задан лозим аст.

Бисёр газак гирифтани роҳҳои нафас ба садопардаҳо зарар мерасонанд. Сигоркашӣ ва истеъмоли машрубот ба узвҳои овоз таъсири манфӣ мерасонад. Одамони сигоркаш ва машрубхӯронро аз овози пасти хирриашон шинохтан мумкин аст.

Ҳавое, ки мо нафас мегирем аз ҳалқ ба хирнойи найчамонанд, ки девораи пешаш аз тағоякҳои нимдоира иборат аст, мегузарад. Онҳо бо ҳамдигар бо банду мушакҳо пайвастанд. Девори нарми ақиби хирной ба сурхрӯда ҷафс буда, ба гузаштани хӯрок монеъ намешавад. Хирной ба ду нойи нафас ҷудо шуда, ба шуши рост ва чап мегузарад.


Шуш

Шуш. Дар шуш ҳар як нойи нафас мисли дарахт ба шоха тақсим шуда, тамоми сатҳи шушро ишғол мекунад. Нӯги шохаҳои майдатарини нойи нафас бо дастаи ҳубобчаҳои шуш, ки девораш тунуки пури ҳаво аст, ба охир мерасад. Деворҳои онҳо аз як қабат ҳуҷайраҳои эпителӣ таркиб ёфта, бо мӯйрагҳо зич печонида шудаанд (расми 60).

Ҳубобчаҳои ҳуҷайраҳои эпителиро моддаҳои фаъоли биологӣ ҷудо карда, сатҳи дохилии онҳоро чун пардаи тунук мепӯшонанд. Ин парда ҳаҷми доимии ҳубобчаҳоро нигоҳ дошта, намегузорад, ки онҳо ба ҳам наздик шаванд. Ғайр аз ин, моддаҳои парда микроорганизмҳои аз ҳаво ба шуш дохилшавандаро безарар мегардонанд. Пардаи «коркардашуда» дар намуди балғам бо роҳи ҳавогузар берун карда мешавад ё тавассути фаготситҳои шуш «ҳазм» мегардад.

Ҳангоми газаки шуш бемории сил ва дигар бемориҳои сирояткунандаи шуш пайдо мешаванд. Дар натиҷа мумкин аст пардаи он зарар дида, ҳубобчаҳои шуш ба ҳамдигар часпанд ва дар мубодилаи газҳо иштирок карда натавонанд.

Ҳубобчаҳои шуши одамони сигоркаш аз таъсири заҳри он қобилияти чандирӣ ва тозашавиро гум карда, сахт мешаванд. Ҳавои тоза, нафасгирии бошиддат ҳангоми кори ҷисмонӣ, инчунин машғулияти варзишӣ барои аз нав барқарор шудани пардаҳо мусоидат мекунанд. Шуш ғайр аз мавқеи дил, рагҳои хунгард, рагҳои нафас ва сурхрӯда тамоми қафаси синаро пур мекунад. Ҳар як шуш 300-350 млн. ҳубобча дорад. Сатҳи умумии ҳубобчаҳо аз 100 м бештар, яъне аз сатҳи бадан 50 маротиба калонтар аст.

Расми 60. Гардиши хун дар шуш. Ҳубобчаҳои шуш дар зери заррабин
Расми 60. Гардиши хун дар шуш.
Ҳубобчаҳои шуш дар зери заррабин

Шуш аз берун бо пардаи ҳамвору шаффофи бофтаи пайвасткунанда – пардаи шуш пӯшонида шудааст. Девори дарунии қафаси сина бо пардаи девора пӯшонида шудааст. Ковокии пардаи ҳавоногузари байни онҳо намнок ва тамоман беҳаво аст. Бинобар ин, шуш мунтазам ба девораи ковокии сина ҷафс буда, ҳаҷми он ба тағйир ёфтани ҳаҷми ковокии қафаси сина вобаста аст.


Дониши худро санҷед:

  1. Нафасгирӣ чӣ аҳамият дорад?
  2. Чанд намуди нафаскашӣ вуҷуд дорад?
  3. Кадом узвҳо системаи нафаскаширо ташкил медиҳанд? 4. Ковокии бинӣ дар ҷараёни нафасгирӣ чӣ аҳамият дорад?
  4. Овози нутқ чӣ тавр ба вуҷуд меояд?
  5. Сохти шуш чӣ хел аст?
  6. Ковокии пардагӣ чист?
  7. Садопарда кадом вазифаро иҷро мекунад?
  8. Плевра чӣ аҳамият дорад?
ҚаблӣЖанри қасида дар эҷодиёти Саъди Шерозӣ
БаъдӣМубодилаи газҳо дар шуш ва бофтаҳо