Санъати наккоши ва минётури (дар давраи Темуриён)

Санъати наққошӣ ва минётурӣ (дар давраи Темуриён). Чунон ки манбаъҳои хаттӣ шаҳодат медиҳанд, иморатҳои бошукӯҳ алалхусус, қасрҳои Темур ва темуриён аксаран бо тасвирҳои тамоми рӯи деворҳо зинат меёфтанд. Сюжети онҳоро манзараҳои ҷангу муҳосираи шаҳрҳо, базму зиёфат, русуми пазироӣ ва саҳнаҳои муқаррарии зиндагӣ ташкил менамуданд. Чунин василаи ороиширо махсусан Темур ташвиқ мекард. Дар рӯи деворҳои қасрҳои сарсилсилаи темурӣ тамоми қиссаҳои базму разми ӯ тасвир карда шудаанд.

Аз рӯи гувоҳии муосирон, суратҳои худи Темур, фарзандону наберагон ва дарбориёни ӯ, ҳатто маликаҳои хонадони темурӣ чузъҳои ҳатмии он сюжетҳои мураккаби тасвироти рӯи девори иморатҳои онзамонаро ташкил мекарданд. Қитъаҳои боқимондаи чанде аз мақбараҳои Шоҳи Зиндаи Самарқанд дар бораи санъати бошукӯҳи он давра гувоҳӣ медиҳад. Дар ин қитъаҳо фақат ҷӯйҳо, дарахтону буттаҳо, гулҳо ва паррандаҳо гасвир ёфтаанд.

Дар бисёр шаҳрҳои давлатӣ бузурги темурӣ хаттотҳо ва наққошони забардаст зиндагӣ карда, асарҳои хеле нодир меофариданд. Аммо маркази асосии ин ҳунарҳо шаҳри Ҳирот ба шумор мерафт.

Дар нимаи аввали асри XV дар Ҳирот бародари Улуғбек Бойсунқар ҳамчун донишманд ва ҳомии маданият ном бароварда буд. Дар ин ҷо беҳтарин минётурсозҳо, хаттотҳо ва саҳҳофҳо кор мекарданд. Ғайр аз ин дар Ҳирот китобхона- коргоҳи дарбории Шоҳрух низ мавҷуд буд, ки намунаҳои хеле хуби осори хаттотӣ ва минётурӣ ба вуҷуд меовард.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар нимаи дуюми асри XV Алишер Навоӣ ва Султон Ҳусайн Бойқаро, ҳунармандони боистсъдодро ҳимоят карда, онҳоро ба дарбор ҷалб менамуданд.

Дар сарчашмаҳои хаттии асри XV номи бисёр минётурсозоне, ки санъаткорони забардасти замони худ буданд зикр шу­дааст. Азбаски минётурсозон дар асарҳояшон имзо намегузоштанд таҳқиқи эҷодиёти аксари онҳо хеле душвор аст.

Дар нусхаи «Шоҳнома»-и А.Фирдавсӣ, ки солҳои 1429-1430 дар китобхонаи Бойсунқар китобат шудааст бист минётуре, ки чанд нафар ҳунарманд сохтаанд мавҷуд аст. Муҳаққиқон онҳоро аз беҳтарин намунаҳои марҳалаи аввали равнақи мактаби минётурсозии аҳли темурӣ ба қалам додаанд.

Мактаби минётурсозии Ҳирот дар нимаи дуюми асри XV тавассути як идда ҳунармандони моҳир ба авҷи баланди инки­шофи худ расида буд. Дар байни ин ҳунармандон Камолиддин Беҳзод (таваллуд байни солҳои 1450-1460, вафот байни солҳои 1536-1537) мақоми хосае ишғол намудааст.

Рассоми бузурги он замон Мираки Наққош аз қобилияти фавқулоддаи писарбачаи ятим Камолиддин огоҳ шуда, ӯро тарбияг на сарпарастӣ намуд (мутаассифона эҷодиёти Мираки Наққош ҳанӯз ба дараҷаи кофӣ омухта нашудааст, зеро фақат ду минётураи имзогузоштаи ӯ маълум асту бас. Дар камолоти Беҳзод Алишери Навоӣ низ ҳамчун ғамхор ва мададгор хидмати шоиста намуда, барои ба муҳити одамони истеъдоднок ва маданӣ роҳ ёфтани ӯ имконият фароҳам оварда будааст. Дар инкишофи ғояҳои эстетикӣ ва ташаккули эҷодиёти Беҳзод маҳз ҳамин муҳит таъсири басо муфид ва самарабахш расонида буд.

Барои минётурҳои марҳиалаи аввали эҷодиёти Беҳзод бештар рангҳои банур ва таззод, қисматбандии динамикӣ, серсуръатӣ ва пур кардани ҷо хос аст. Чунончӣ, минётурҳои барои «Зафарнома»-и Яздӣ эҷодкардаи ӯ аз ҳамин қабиланд. Дар маркази диққати рассом шиддати муҳориба ва ҷушу хуруши меҳнат қаpop гирифтааст. Тасвири майдони муҳорибаи ду қушун ба тасвири манзараи мушобеҳ дар нусхаи «Шоҳнома»-и соли 1429/30 ҳеҷ монандие надорад. Дар ин ҷо ду қушуни баробар баҳамназдикшаванда не, балки авҷи разм ба назар мерасад. Дар ин ҷо ҳар як чеҳраи тасвиршуда фардист, бархурди ҷанговарон погаҳонӣ, пуршиддат ва хеле гуногун асг.

Минётураи масҷиди ҷомеъи Самарқанд аз ҷиҳати мазмун тамоман фарқ мекунад. Вале дар ин ҷо ҳам шиддати ҳаракат баръало ҳис карда мешавад. Дуредгарону кандакорон дам нагирифта кор мекунанд, назораткунанда коргурезеро ҷазо медиҳад, аробаи пур аз санги мармар омада истодааст.

Одамони бисёрс тасвир шудаанд, вале ҳама дар қиёфа ва ҳолати гуногунанд: яке серҳаракат, дигаре оромтар, аммо ҳама дар якҷоягӣ ба ташвишу тараддуди кори сохтмон комилан мувофиқат доранд.

Баъзе муҳаққиқон бо имони комил ва баъзе муҳаққиқон бо андак шакку шубҳа якчанд минётурҳоро, ки дар маҳзанҳои гу­ногуни собиқ Иттиҳоди Шуравӣ маҳфуз мебошанд ба қалами Беҳзод нисбат медиҳанд. Минётурҳос, ки дар китобхонаи оммавии давлатии ба коми Салтыков-Щедрини шаҳри Санкт-Петербург маҳфуз аст асарҳои Беҳзод мебошанд ва баъзе аз ин минстурҳо бешакку шубҳа ба қалами шогирдони Беҳзод тааллуқ доранд, зеро мувофиқи услуби Беҳзод кашида шудаанд. Ба ин ҳар як печутоби хат, таъсири мукаммалу дилошуби ранг хос аст, ки ин факқат ба устодони забардаст муяссар шуда метавонад. Ба гуфтаи муҳаққиқони минётурҳои форсӣ минётурҳои аслии Беҳзод дорои чунон композитсияи мукаммал мебошанд, ки дар асоси қонуну қоидаҳои амиқу дақиқи математики таркиб ёфтаанд ва одамон дар расм чунон ҷой мегиранд, ки аксар вақт гуё як доирае пайдо мешавад.

Дар баъзе расмҳои худ Беҳзод ин услуби худро ошкоро ба қалам медиҳад, дар баъзе расмҳояш бошад баръакс, ба рӯи ин услуби худ парда мекашад ва онро ноаён истифода мебарад. Беҳзод ба қоидаву қонунҳои маъмулу муҳаррарии расмкашӣ эҷодкорона муносибат мекард. Маҳз чунин муносибати эҷодкоронаи Беҳзод ва дар айни ҳол, идроки ниҳоят нозуку латифи тобиши ранг ва намуди тарҳ минётурҳои ӯро ин қадар беҳамтову беамсол кардаанд.

Мактаби минётуркашии асри XVI Табрез аз эҷодиёти Беҳзод фаровон баҳра бардоштааст. Соли 1522 шоҳ Исмоили Сафавӣ Беҳзодро ба Табрез бурда, сардори китобхона таъин мекунад, ки вазифаи вай роҳбарӣ ба минётуркашони дарбор буд. Дар давраҳои аввал услуби минётуркашии мактаби Табрез дар асоси услуби композитсиясозӣ ва рангубордиҳии равияи Ҳирот инкишоф меёфт.

Ба ин ҷихати масъала рассоми асри XVI Содиқ Афшор ишора намуда, навишта буд, ки анъанаи махаллӣ бо услуби Беҳзод зич омезиш ёфта буд. Муҳаққиқон қайд мекунанд, ки таъсири мактаби Ҳирот дар минётураҳои асри XVI-и Бухоро низ ба назар мерасад.

Дар охири асри XV эҷодиёти Беҳзод бештар ба тафаккур ва эҳсосоти қалбӣ наздик мешавад ва аксаран ба тасвири манзараҳои табиат рӯ меоварад. Чунин кайфияти санъаткори бузург дар минётурҳои «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Хусрави Деҳлавӣ акс ёфтааст. Мавзӯи ишқи маъсум ва ноком дар осори Беҳзод ифодаи хеле таъсирбахш ва шоиронаи худро пайдо намудааст. Беҳзод суратгири мумтоз ҳам буд. Дар офаридаҳои ӯ баъзе шахсони таърихи аз ҷихати қиёфа ба ҳамзамононаш монанд шудаанд. Масалан, дар яке аз минётурҳо Искандари Мақдунӣ ба худ қиёфаи Султон Ҳусайн Бойқароро гирифтааст. Ҳамчунин минёгурҳое ҳастанд, ки саҳнаҳои зиндагии дарбориёнро инъикос мекунанд ва дар ин байн сурати Султон Хусайн ва ё яке аз дарбориён низ ба назар мерасад. Аммо суратҳои алоҳидаи Султон Хусайн ва Муҳаммади Шайбонихон аз шоҳкориҳои Беҳзод дар ин навъи санъати рассомӣ ба шумор мераванд.

Беҳзод дар санъат равияӣ тоза ба вуҷуд оварда, устоди як мактаби махсуси наққошии замон гардид. Ӯ шогирдони бисёре дошт. Яке аз наққошони машҳури он аср Қосим Алӣ низ мутобиқи маълумоти баъзе сарчашмаҳо аз шогирдони вай ҳисоб мешуд.

Муосирон чунин мешумурданд, ки тафовути асарҳои ин ду устоди санъатро фақат донишманди зарофатбин метавонад дарк намояд. Мутаассифона, аз минётурхое, ки бидуни шубха ба қалами Қосим Али тааллуқ доранд ягонтоашон то замони мо омада нарасидааст.

Мактаби минётурсозии Ҳирот дар охири асри XV ва ибти­дои асри XVI усулан ҳалли қисматбандии камтағйирёфтаро ба амал татбиқ намуд. Дар айни замон ба ақидаи санъатшиносон, дар минётурҳои он давра тамоили реалистӣ беш аз беш афзуда, майлу кушиши фардикунонӣ ва ҳатто ифода намудани ҳолати руҳии персонажно тақвияг меёбаду тасвири табиат мураккабтар мегардад.

Маҳорат ва ҳунари санъаткорон ба дараҷаи баланди такомули худ мерасад. Асарҳои моҳирона офаридаи минётурсозони забардасти асри XV яке аз қуллаҳои баландтарини маданияти бадеии Шарқ маҳсуб мешаванд.

Таърихи сиёсӣ (дар давраи Темуриён)

ҚаблӣБинокорӣ на меъморӣ (дар замони Темуриён)
БаъдӣИнкишофи илму адаб (дар давраи Темуриён)