Маслихатхои муфид барои хар руз

Якчанд маслиҳати муфид барои Шумо, барои ҳар рӯза аз сомонаи www.DONISHJU.net >>

1. Агар Шумо ваъда додаед, ки дубора занг мезанед – занг занед.

2. Оё Шумо дер карда истодаед? Роҳи дар ин бора хабар доданро ёбед.

3. Аз орзуҳои дигарон хандон нашавед.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

4. Ба назди одамоне, ки ба Шумо хиёнат кардаанд, барнагардед. Онҳо тағйир намеёбанд.

5. Бо волидони худ вақти бештар сарф кунед – лаҳзаи рафтани онҳо ҳамеша ногаҳон меояд.

6. Хушмуомилагӣ шаҳрҳоро забт мекунад. Онро зуд-зуд истифода баред.

7. Телевизор тамошо накунед. ҲЕҶ ГОҲ.

8. Хатогиҳои худро иқрор кардан тавонед.

9. Аз одати шикоят кардан ҳамеша даст кашед. Ҳеҷ кас ба мушкилоти дигарон таваҷҷӯҳ намекунад.

10. Ғайбатро паҳн накунед.

11. Дар ҳолатҳои нофаҳмо ҳамеша хоб равед. Инчунин, дар ҳама ҳолатҳо дар хотир доштан муфид аст, ки “ин ҳам мегузарад.”

12. Чунин чизе вуҷуд дорад, ки “Ба Пеш Ҳаракат кардан”. Иҷро кунед, дар ҳақиқат кӯмак мекунад.

13. Ҳатто дар ҳолати ҷанҷоли ҷиддӣ, кӯшиш накунед, ки одамро бо суханҳои сахт озор диҳед… Шумо сулҳро ба даст меоред (ба эҳтимоли зиёд), аммо суханон дар тӯли муддати дароз дар ёд мемонанд.

14. Ҳақиқатро гӯед, он гоҳ барои Шумо ягон чизро дар ёд доштан, лозим намешавад.

15. Ягон идея доред? Онро нависед.

16. Дар аввали рӯз чизи душвортарин ва нохуштаринро иҷро кунед. Вақте ки Шумо инро кардед, боқимондаи рӯз шуморо бо фикрҳои нолозим мағлуб намекунад.

17. Ҳеҷ кас аз каси дигар чизе қарздор нест. Калимаи “қарздор”-ро фаромӯш кунед. Онро аз захираи луғавиатон хориҷ кунед. Агар, ки накунед, Шумо воқеан аз қарзи моддӣ ва ҳам маънавӣ ғарқ мешавед.

ҚаблӣДастгоххои дохилкунии иттилоот (Клавиатура, муш)
БаъдӣШеъри Решапайванд аз Сулаймони Ахтам