Занбури асал. Занбуриасалпарвари. Оилаи занбури асал. Афзоиши занбури асал. Ба ду оила чудо шудани занбури асал. Парвоз барои бордоркуни. Парвариши занбури асал.
Оилаи занбӯри асал
Ба оилаи занбӯри асал дар дунё 30 ҳазор намуд мансуб аст. Ба ин оила ҳодисаи бисёршаклии аъзоёни оила (полиморфизм) хос аст. Модарзанбӯр дар оилаи занбӯри асал вазифаи наслмониро иҷро мекунад. Вай аз 3 то 5 сол умр дида, аз дигар фардҳо бо бузургии ҷуссааш фарқ мекунад.
Дарозии он 18-20 мм буда, вазнаш 0,25 гр аст. Занбӯрҳои корӣ қисми асосии оилаи занбӯри асалро ташкил медиҳанд. Ҳама корҳои дар оила зарур бударо онҳо иҷро мекунанд. Масалан, кирминаҳоро хӯрок медиҳанд, дар занбӯрхона муътадилии ҳарорат ва намнокиро таъмин менамоянд, мум ҷудо мекунанд, шаҳди гулҳоро ҷамъ карда, дар ҷиғилдонашон ба асал табдил медиҳанд, оиларо аз об ва дар тирамоҳ аз ширеш (прополис) таъмин менамоянд.
Занбӯрҳои кории баҳор ва тобистон пайдошуда ба ҳисоби миёна 3545 рӯз, аммо онҳое, ки тирамоҳ пайдо мешаванд ва ба зимистонгузаронӣ мераванд, то 7-8 моҳ умр мебинанд. Нарзанбӯрҳо аз занбӯрҳои корӣ калонтар буда, аз тухмҳои бордорнашудае, ки малика мемонад, инкишоф меёбанд. Онҳо 2-3 моҳ умр мебинанд ва вазифаашон бордор кардани модарзанбӯр мебошад.
Занбӯри асал ба қатори пардаболҳо мансуб буда, бо оилаи калон – ёбоиашон дар ковокии кундаи дарахтон, хонагиашон дар қуттӣ (канду) зиндагӣ мекунанд. Дар ҳар як оила модина (малика), садҳо занбӯри нарина (онҳо дар қуттӣ дар давраи афзоиш пайдо мешаванд) ва то 40-80 ҳазор занбӯрҳои корӣ фаъолият доранд. Малика занбӯри аз ҳама калон буда, шикамаш нисбат ба дигар занбӯрҳо дарозтар аст. Наринаҳо занбӯрҳои андозаашон миёна мебошанд. Онҳо бо чашмҳои калон, ки дар қафои сар бо ҳам мерасанд, аз дигар аъзои оила тафовут доранд. Занбӯрҳои корӣ аз дигар аъзои оила хурд буда, бо як қатор хусусиятҳояшон аз онҳо фарқ мекунанд.
Дар тарафи поёни шиками занбӯри корӣ қисмҳое ҳастанд, ки суфта буда, мӯй надоранд, онҳоро оинача меноманд. Дар рӯйи онҳо мум ҷудо мешавад. Занбӯрҳо аз он хоначаҳои худро месозанд. Дар қисми берунии пойҳои ақиби занбӯри корӣ яктогӣ чуқурча ҳаст, ки бо мӯякҳои дароз иҳота шудаанд, онҳоро сабадча меноманд. Ба ҷуз инҳо чӯтка низ доранд. Чӯткаҳо аз буғумҳои васеъи ҳамин пойҳо, ки қилҳои сахт доранд, иборат мебошанд. Тавассути онҳо занбӯр аз гули рустаниҳо гард ҷамъ карда, онро дар хоначаҳо ҷой мекунад.
Дар занбӯри корӣ ҷиғилдони асал – сурхрӯдаи васеъшуда мавҷуд аст. Занбӯр шаҳди аз гули рустаниҳо ҷамъкардаро ба хоначаҳои мумӣ меорад. Шаҳд дар меъдачаи асал бо маҳсулоти ғадудҳо, ки онро гулӯ ҷудо мекунад, омехта гардида, асал ҳосил мешавад, ки он захираи хӯроки қандӣ ба ҳисоб меравад. Дар охири шиками занбӯри корӣ неши дарози аррашакл ҳаст. Ҳамин ки занбӯр нешашро ба бадани сайд мехалонад, тавассути новаи он ба ҷойи халида заҳр ҷорӣ мешавад, ки он ҳайвончаҳои майдаро мекушад. Агар занбӯр одамро неш занад, худаш мемирад, зеро неши аррашаклашро аз зери пӯсти инсон кашида гирифта наметавонад ва он бо як қисми узвҳои дарунӣ аз бадани занбӯр канда мешавад.
Афзоиши занбӯри асал
Баробари сар шудани баҳор малика шабу рӯз тухм мемонад (дар як шабонарӯз то 2 ҳазор тухм): дар хоначаҳои мумии калон ва хурд тухмҳои бордоршуда, дар хоначаҳои мумии миёнаандоза – тухмҳои бордорнашуда. Кирминаҳои кирмшакли сафеди аз тухм баромадаро занбӯрҳои корӣ «шир» мехӯронанд, ки он дар ғадудҳои махсус ҳосил мешавад.
Ширро фақат кирминаҳои хоначаҳои мумии калон истеъмол мекунанд. Дигар кирминаҳоро бошад,бо гарди гул ва асал парвариш мекунанд. Занбӯрҳои корӣ пеш аз зоча шудани кирминаҳо даҳони хоначаҳоро бо мум маҳкам мекунанд. Занбӯрҳои болиғи аз зоча баромада рӯйпӯши мумии хоначаҳоро хоида, онро сӯрох карда, ба рӯйи қуттӣ мебароянд: аз хоначаҳои калон – модина (малика), аз хоначаҳои миёна – нарина ва аз хоначаҳои хурд – занбӯри корӣ мебарояд (расми 112).

Ба ду оила ҷудо шудани занбӯри асал
Маликаи ҷавон пеш аз он ки аз хоначаҳои мумӣ барояд, овоз мебарорад. Маликаи пир кӯшиш мекунад, ки маликаи ҷавонро кушад. Вале занбӯрҳои корӣ ба ин монеъ мешаванд.
Якчанд шабонарӯз пеш аз баромадани маликаи ҷавон маликаи пир бо як қисми занбӯрҳои корӣ аз қуттӣ (канду) баромада мераванд. Ин ҳодисаро ба ду оила ҷудо шудани занбӯри асал меноманд.
Парвоз барои бордоркунӣ
Маликаи ҷавони аз хонача баромада хоначаҳоеро, ки дар онҳо дигар маликаҳо афзоиш мекунанд, ҷустуҷӯ карда меёбад ва онҳоро мекушад. Пас аз якчанд шабонарӯз вай аз қуттӣ баромада, ба боло парвоз мекунад. Аз қафои ӯ якчанд нарзанбӯр парвоз карда мераванд. Пас аз бордор шудан, малика ба қуттӣ баргашта, ба тухммонӣ оғоз мекунад. Наринаҳо бошанд, мемиранд.
Парвариши занбӯри асал
Дар замони ҳозира дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи дар оянда тараққӣ додани парвариши занбӯри асал диққати хеле калон дода мешавад. Бо ин мақсад 16-уми апрели соли 2012 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ» қабул шудааст.
Аз ин ҷост, ки зотҳои сермаҳсули занбӯри асалро аз дигар кишварҳои хориҷи дур ва наздик ворид карда, якҷоя бо зотҳои маҳаллӣ дар даҳсолаи наздик шумораи оилаҳои занбӯри асалро қариб то ба 1 млн ва истеҳсоли асалро то ба 15-20 ҳазор тонна расонидан лозим аст. Ба ҷумҳурии мо зотҳои карпатӣ, итолиёвӣ ва русиягӣ ворид карда шудаанд. Дар айни замон ин зотҳо боқӣ намонда, бо занбӯрҳои маҳаллӣ ҷуфт шуда, қобилиятҳои хосашон зоҳиран ба назар намерасанд.
Таҷрибаҳо оид ба омӯзиши маҳсулнокии ин зотҳо нишон доданд, ки зоти карпатӣ дар ҷумҳурии мо аз ҳама сермаҳсултар буда, аз як оилаи ин занбӯр то 80 кг асал ҷамъоварӣ кардан мумкин аст. Инчунин, афзоиши баҳории он низ барвақт сар мешавад ва ба шароити зимистонгузаронӣ нағз мутобиқ аст. Ватани ин зот минтақаи Карпат (Украина) мебошад. Занбӯри зоти даштии украинӣ дар шароити ҷануби Украина то 100 кг асал дода метавонад.
Занбӯри маҳаллӣ дар тамоми қаламрави ҷумҳурии мо васеъ паҳн шуда, ба шароити иқлими мо тобовар мебошад. Маҳсулнокии он аз 10 то 70 кг мебошд.
Асал, ҳамчун маводи ғизоӣ ва шифобахши касалиҳо дар бадани инсон ба осонӣ ҳал мешавад. Маҳсулоти он дар соҳаҳои саноат, қаннодӣ, металлургия, қоғазбарорӣ, коркарди пӯст ва ғайраҳо истифода мешавад.
Инсон аз занбӯри асал ба ғайр аз асал, инчунин мум, шири занбӯр ва заҳри занбӯрро мегирад. Фаъолияти фоиданоки занбӯри асал аз ҳама зиёдтар дар гардолудкунии рустаниҳо зоҳир мешавад.
Аз давраҳои хеле қадим инсон занбӯри асалро хонагӣ кардааст. Дар ибтидо одамон танаи дарахтро сӯрох карда, дар он ҷо занбӯрҳоро ҷой мекарданд. Бо ин усул ба даст овардани асал боиси хонавайрон шудани оилаи занбӯр мегардид. Дар соли 1814 асалпарвари намоёни рус П. И. Прокопович қуттии рамкагии ҷудошавандаро ихтироъ кард. Имконият пайдо шуд, ки қуттиро кушода, занбӯрро аз наздик бинанд ва онро нигоҳубин кунанд. Минбаъд дар қуттӣ хоначаҳоро ба таври сунъӣ тайёр мекунанд, парвариши занбӯри асалро идома дода, тавассути мум то ба охир мерасонанд. Парвариши занбӯри асал дар даҳсолаҳои охир дар ҷумҳурии мо хеле хуб тараққӣ кард. Пештар аз як оила тақрибан 6 кг асал мегирифтанд, ҳоло хоҷагиҳои пешқадами асалпарварӣ зиёда аз 50-100 кг асал мегиранд.
Саволҳо
- Таркиби оилаи занбӯри асал чӣ гуна аст?
- Асал чист ва онро занбӯр чӣ тавр ҷамъ мекунад?
- Дар кадом ҳолат аз тухмҳои гузоштаи модина малика ва занбӯри корӣ ва дар кадом ҳолат нарина мебарояд?
- Пеш аз он ки маликаи ҷавон аз хонача барояд, дар оилаи занбӯри асал чӣ тағйирот ба амал меояд?
- Занбӯри асал дар табиат ва ҳаёти инсон чӣ аҳамият дорад?
Тестҳо
- Кадоме аз ин ҳашарот тарзи зисти оилавӣ доранд?
А) занбӯри асал; Б) мӯрча; В) термит; Г) ҳамаи ҷавобҳо дуруст.
- Кадом фарди занбӯри асал дар раванди асалҳосилшавӣ нақши асосиро мебозад?
А) малика; Б) нарзанбӯр; В) занбӯри корӣ; Г) кирминаҳо.
- Кирминаҳои нарзанбурҳо дар кадом шакли хоначаҳо инкишоф меёбанд?
А) хоначаҳои калон; Б) хоначаҳои миёна; В) хоначаҳои хурд; Г) аз ҳамааш.
- Маҳсули занбӯри асалро ишора кунед.
А) асал; Б) мум; В) заҳри занбӯр; Г) ҳамааш дуруст.
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ» кадом сол қабул гардидааст?
А) 2002; Б) 2003; В) 2007; Г) 2017.