Илми Юнони қадим

Илми Юнони кадим. Демокрит. Букрот (Гиппократ). Сукрот (Сократ). Афлотун (Платон). Арасту (Аристотел). Херодот (Геродот).


ДЕМОКРИТ

Яке аз олимони бузурги Юнони қадим Демокрит мебошад. Ӯ тахминан солҳои 460 – оғози асри IV пеш аз милод зиндагӣ кардааст. Демокрит аввалин шуда гуфтаҳои олимони Юнони қадим Анаксимандр ва Анаксименро рад кардааст. Мувофиқи ақидаи онҳо нахустасоси табиат (олам) об, ҳаво, хок ва оташ аст. Демокрит бошад, гуфтааст, ки нахустасоси тамоми мавҷудоти олам «хиштчаҳо» – «атомҳо» мебошанд. Атомҳои ҳамном ба тарафи ҳамдигар кашида мешаванд. Онҳо бо ҳам часпида, мавҷудияти муҳити моро ба вуҷуд меоранд. Атомҳои оташ хеле хурд ва доимо дар ҳаракатанд. Хок, ҳаво ва об омехтаи атомҳои гуногун мебошанд. Ҳангоми аз ҳамдигар дур шудани атомҳои якхела ҷисмҳои сахт ба ҷисмҳои моеъ ва агар аз ҳамдигар боз ҳам дуртар раванд, ба газ табдил меёбанд.

Кашфиёти Демокрит дар бораи «нахустасоси олам будани атомҳо» барои илм аҳамияти калон дошт.

БУҚРОТ (Гиппократ)

Ин олим яке аз табибони машҳури Юнони қадим ва пайрави Демокрит буд. Ӯ мегуфт, ки табиб бемориро набояд аз бадани одам дур кунад, балки ба бадан ёрӣ расонад, ки худаш бемориро бартараф намояд, яъне баданро бояд чунон обутоб дод, ки бар зидди бемориҳо муқовимат карда тавонад.

Буқрот ва шогирдони ӯ дар пешрафти илми тибби қадим саҳми калон гузоштааст. Ӯ на танҳо усулҳои муолиҷаи беморӣ, балки асосҳои ахлоқии фаъолият касбии табибонро ҳам кор карда баромадааст. Касе, ки табиб шудан мехоҳад, «савганди Буқрот»-ро ёд мекунад.

СУҚРОТ (Сократ)

Расми 201. Суқрот. Пайкараи Юнони қадим
Расми 201. Суқрот. Пайкараи Юнони қадим

Ӯ солҳои 469-399 пеш аз милод умр ба cap бурдааст. Яке аз олимон ва мутафаккирони машҳури Юнони қадим буд. Вай барои бунёди ахлоқи инсонӣ кори зиёде кардааст. Дар вохӯриҳо, маҷлисҳо ва баҳсу мунозираҳо одамони бадтинату бадахлоқро зери танқиди сахт мегирифт, хусусан онҳоеро, ки ба халқ ҳукмронӣ мекарданд. Барои ин кори наҷибаш ашрофон Суқротро ба маҳкама кашида, ба қатл маҳкум карданд. Баъд ба ӯ пешниҳод карданд, ки аз Афина гурезад, то ки аз марг наҷот ёбад. Вале Суқрот ин корро накарда, заҳр хӯрда мемирад.

Суқрот китоб нанавиштааст. Ақидаҳои ахлоқии вайро аз забони олимони дигари ҳамон замон хонда, аз ақлу заковат ва инсондӯстии ӯ лаззат мебарем. Панду ҳикматҳои зиёди Суқрот то замони мо бештар тавассути асарҳои шогирди вафодори ӯ Афлотун омада расидаанд.

АФЛОТУН (Платон)

Афлотун солҳои 427–347 пеш аз милод умр ба cap бурдааст ва яке аз олимони бузургтарини дунёи қадим ба шумор меравад. Афлотун аз худ чандин асар боқӣ гузоштааст, ки «Апалогия» («Сафедкунӣ»), ки ба устодаш Суқрот бахшида шудааст, муколамаҳои «Критон», «Фкедон» ва «Қонунҳо» аз қабили онҳоянд.

Баъд аз марги Суқрот Афлотун ба хулоса омад, ки давлатҳои мавҷуда беадолатию бадахлоқиро барҳам зада наметавонанд ва қарор дод, ки лоиҳаи сохти давлати боадолатро таҳия карда, ба ягон шоҳи одил медиҳад, то ки онро дар мамлакати худ татбиқ намояд. Ӯ барои ҳамин мақсад дувоздаҳ соли умрашро дар ғурбат гузаронда, тарзи давлатдории Миср, Киренаика, Италияи Ҷанубӣ ва Ситсилияро омӯхта, баъд китоберо бо номи «Давлат» иншо намуд.

Афлотун дар Юнон мактаби илмие ташкил намуд, ки онро «Академ» меномиданд. Афлотун дар он ҷо шогирдони зиёде тарбия карда, ба воя расонд, ки яке аз онҳо Арасту мебошад.

АРАСТУ (Аристотел)

Расми 202. Арасту. Ҳайкалчаи Юнони қадим.
Расми 202. Арасту. Ҳайкалчаи Юнони қадим.

Арасту солҳои 384–322 пеш аз милод умр ба cap бурда, асарҳои бисёре таълиф намудааст. Китобҳои «Физика», «Метафизика», «Дар бораи нафс», «Поэтика» ва «Категорияҳо» аз муҳимтарин ва бузургтарин асарҳои вай мебошанд. Олимони имрӯза ҳам аз асарҳои пурбаҳои Арасту сабақ мебардоранд.

Арасту дар Юнон мактаби худро кушод, ки он бо номи ҷойи воқеъгардидааш «Ликей» маъмул буд. Дар он ҷавонони боистеъдод таълим мегирифтанд.

Пеш аз Арасту қариб ҳамаи илмҳо як буданд. Арасту аввалин шуда онҳоро ба соҳаҳои алоҳида тақсим мекунад. Масалан, донишҳо дар бораи табиатро «ботаника» («рустанӣ»), донишҳо дар бораи ҷисмҳоро «физика» («табиат») ва донишҳо дар бораи идораи давлатро «сиёсат» номидааст.

Арасту мураббӣ ва устоди Искандари Мақдунӣ буд.

ҲЕРОДОТ

Солҳои ҳаёти Ҳеродот дақиқан маълум нест. Барои наслҳои оянда боқӣ мондани хотираҳо дар бораи ғалабаҳои юнониҳо бар Эрони пуриқтидор Ҳеродот, олим, муаррихи Юнони қадим, таърихи ҷангҳои Юнону Эронро навиштааст. Ӯ китоби худро бо ибораҳои «Ҳеродот маълумотро ҷамъ кард ва навишт, ки корнамоиҳои бузург ва ибратбахши эллинҳо ва халқҳои дигар номаълум намонанд» хатм намудааст.

Ҳеродот барои гирд овардани маводи китобаш «Таърих» ба мамлакатҳои зиёде сафар кардааст. Тавассути китоби «Таърих»-и Ҳеродот муаррихони замони мо доир ба Юнони қадим, Осиёи Ғарбӣ, Миср ва мамлакатҳои дигари дунёи қадим маълумоти арзишманд ба даст овардаанд. Ҳеродотро дар Ғарб «Падари таърих» меноманд.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Анаксимандр ва Анаксимен чиҳоро нахустасоси олам мешумориданд?
  2. «Хиштҳо» – «атомҳо»-и Демокритро маънидод кунед.
  3. Оё фикри Демокритро дар бораи «хиштҳо» ва хусусияти онҳо қабул доред?
  4. Буқрот донишманди кадом илм буд?
  5. Буқрот кадом роҳи беҳтари табобати беморонро пешниҳод кардааст?
  6. Дар бораи Суқрот ва Афлотун маълумот диҳед.
  7. Арасту кадом мактабро кушодааст?
  8. Дар бораи Ҳеродот чиҳоро медонед?
ҚаблӣХат, мактаб ва дини Юнони қадим
БаъдӣДемокрит

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед