Исмҳои сохта – Исмхои сохта (грамматикаи забони тоҷикӣ)

Исмҳои сохта – Исмхои сохта (грамматикаи забони точики)


Исмҳои сохта аз калимаҳои решагӣ ва асосҳои феъл бо ёрии пасванду пешвандҳо сохта мешаванд: мисгар, коргар, беморӣ, гулзор, чашма, ҳамсуҳбат, хоҳиш, дониш, харидор, дидор.

Исмҳо бештар бо ёрии пасвандҳои –чӣ, -гар, – бон, – зор, – истон, – ӣ, -иш, -гоҳ ва пешванди ҳам- (ссылка) сохта мешаванд.


Машқи 1. Ҷумлаҳоро хонед ва нависед. Гӯед, ки исмҳои ишоратшуда чӣ хел сохта шудаанд.

  1. Ба шарофати Малика Собирова ва ҳамроҳу ҳамкасб ва ҳамсару ҳамбозаш Музафффар Бурҳонов Тоҷикистонро бисёр оламиён шинохтанд. (Раъно Маҳмудова)
  2. Агар хӯрок ва пӯшоки яксолаи бачаатро ҳам бо танга ҳисоб кунем, ҳамагӣ ту аз ман сад танга қарздор мешавӣ. (С.Айнӣ)
  3. Ман ҳамон Қудрати самоворчиам. (С.Айнӣ)
  4. Агар ягон чизро навиштан хоҳед, ё ин ки ба навиштан маҷбур шавед, кӯшиш кунед, ки ҳамсуҳбатҳои шумо ин корро ҳис накунанд… (С.Айнӣ).

Машқи 2. Порчаҳои шеъриро хонед ва исмҳои ишоратшударо шарҳ диҳед.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Накунад ҷаврпеша султонӣ,
Ки наёяд зи гург чӯпонӣ.

Асадии Тӯсӣ

Ақл қувват гирад аз ақли дигар,
Пешагар комил шавад аз пешагар.

Ҷалолиддини Румӣ

Зиндагии ғофилон хобу хаёле беш нест,
Ҳайфи авқоте, ки сарфи суҳбати ҷоҳил кунанд.

Зебуннисо

Бетамизиҳои одам аз сухан пайдо шавад,
Пистаи бемағз агар лаб во кунад, расво шавад.

Бедил


Луғат:

  • пешагар – ҳунарвар, косиб
  • ғофил –бехабар, бепарво
  • ҷоҳил –нодон, беилм
  • авқот –ҷамъи вақт

Саволҳо
  1. Чӯпонӣ -ро чанд хел талаффуз кардан мумкин?
  2. Пистаи бемағз –ро чӣ хел мефаҳмед?
  3. Зиндагӣ ва зиндагонӣ аз рӯи маъно фарқ мекунанд ё не?

Сохти исм

ҚаблӣИсмҳои сода – исмхои сода (забони точики)
БаъдӣПешванди ҳам- (пешванди исмсоз)