Ташдид чист? Шада чист? Ин ҳама маълумот дар ин саҳифа >>
Дар баъзе калимаҳои решагӣ (сода) як ҳамсадо ду бор такрор меёбад: қувва, латта, ташаккур.
Пайиҳам омадани ду ҳамсадои якхеларо ташдид меноманд: Муддат, рассом, албатта, ҳаммом, арра, барра.
Калимаҳои ташдиддорро шинохтан лозим аст. Масалан, дар гурӯҳи калимаҳои росттар, ёддошт, кайҳоннавард такрори ҳарф нест. Калимаи росттар аз решаи рост ва пасванди -тар, ёддошт аз ду реша ёд ва дошт, кайҳоннавард низ ҳамин хел, аз ду реша кайҳон ва навард иборатанд.
Давоми матн пас аз блоки реклама
Калимаҳои зинат, қимат, киса, пила-ро нодуруст ташдиднок талаффуз мекунанд. Садоноки и-и ин калимаҳо андаке кашидатару дарозтар талаффуз шавад, ташдид барҳам мехӯрад: зи:нат, қи:мат, ки:са, пи:ла.