Зиндагиномаи Амир Унсурулмаолии Кайковус

Амир Унсурулмаолии Кайковус (1020 – 1099). Зиндагиномаи Унсурулмаолии Кайковус. Нависандаи яке аз китобҳои машҳур ва яке аз беҳтарин намунаҳои насри асри XI «Қобуснома» Унсурулмаолии Кайковус аз амирзодагони хонадони Зиёрӣ дар шимоли Эрон буда, дар соли 1020 ба дунё омадааст. Ӯ мисли ҳамаи амирзодагон дар ҷавонӣ илму ҳунарҳои гуногуни замонааш, аз ҷумла илми котибӣ ва шоириро омӯхтааст. Аммо пешаи аслиаш амирӣ ва надимӣ буд. Вай дар аввал дар ноҳияҳои шимоли Эрон – Гургон, Табаристон, Гелон ва Дайламистон волӣ буда, пасон ҳашт сол дар дарбори султон Масъуди Ғазнавӣ (1041 – 1048) надимӣ кардааст.

«Қобуснома»-ро Амир Унсурулмаолии Кайковус дар шастусесолагиаш дар соли 1083 сирф барои тарбияи фарзандаш Гелоншоҳ ва иҷрои шарти падарӣ навиштааст, то ки фарзандаш аз рӯйи пандҳое, ки ӯ дар ҳар борае дар ин китоб ҷамъ овардааст, баҳра бигирад ва некномии ду ҷаҳон ҳосил намояд. Ӯ дар муқаддимаи китобаш гуфтааст: «Бидон, эй писар, ки ман пир шудам ва заифию бенеруйӣ ва бетӯшӣ (беқувватӣ) ба ман чира шуд… Маслиҳат чунон дидам, ки пеш аз он ки номаи азл (марг) ба ман расад, номаи дигаре дар накуҳиши рӯзгор ва созиши кор ва баҳра ҷустан аз некномӣ ёд кунам ва туро аз он баҳра диҳам бар мӯъҷиби меҳри падарӣ. То пеш аз он ки дасти замона туро нарм кунад, ту худ ба чашми ақл дар сухани ман нигарӣ ва аз ин пандҳо фузунӣ ёбӣ ва некномии ду ҷаҳон ҳосил кунӣ».

Кайковус ҳамчун каси рӯзгордида агарчи медонад, ки фарзандаш мисли ҷавонони дигар аз рӯйи андешаву бардошти ғалати хеш дониши худро бартар аз дониши падарони хеш ва пирони рӯзгордида медонад, боз ҳам ба сабаби меҳру шафқати падарӣ, ба умеди он ки агар фарзандаш аз гуфтори вай баҳра наҷӯяд, касони дигар бошанд, ки шунидану кор бастани некӣ ғанимат донанд, асарашро таълиф намудааст.

Нависанда аз ҳама панду ҳикматҳои фаровоне, ки дар тӯли умри шастусесолааш ҷамъ оварда будааст, он чи шоиставу беҳтар буд, дар китобаш ҷой додааст. Ҳадафи аслии ӯ он будааст, ки фарзандаш, каси гиромитар ва дӯсттараш худком набошад ва аз ношоист парҳез кунад, ки сазовори тухмаи (аҷдод) поки хеш ва асли шарифи хеш бошад: «Эй писар, ҳушёр бош ва қадри нажоди хеш бидон ва аз камбудагон мабош».

«Қобуснома» аз чиҳилу чаҳор боби алоҳида иборат мебошад ва дар онҳо аз хусуси оину расм, одоб ва тартиби ҳамаи он чизҳое, ки барои тарбияти як амирзодаи ҷавон ва ҷавонони ҳамсинну соли ӯ лозим меояд, сухан рондааст. Барои ҳамин ҳам ӯ диққаташро бештар ба он пеша ва ҳунарҳое ҷалб намудааст, ки донистани онҳо барои амирзодагон зарур буд («кори муҳташамон» буд), мисли шикор кардан, чавгон задан, нарду шатранҷ бозидан, корзор кардан, хидмат кардани подшоҳ, одоби надимӣ кардан, шартҳои подшоҳӣ, вазирии подшоҳ, расми сипаҳсолорӣ, оини уқубат (ҷазо) кардан ва афв кардан, андеша кардан аз душман, сухандонӣ, хештандорӣ ва тартиби хӯрдан ва оини он, тартиби шароб хӯрдан ва шартҳои он, меҳмонӣ кардан ва меҳмон шудан ва шартҳои он, мазоҳ, оини ҷамъ кардани мол, барда (ғулом) харидан ва шартҳои он ва ғ. Муаллиф барои мардони муҳташам, «меҳтарон» ҳамчунин донистани илму ҳунарҳое ҳам, ки ҳангоми дар хидмати шоҳ будан ба кор хоҳад омад, зарур мешуморад, монанди хунёгарӣ, шоирӣ, донистани донишҳои гуногуне – илми тиб, илми нуҷум ва ҳандаса, фиқҳ, пеша омӯхтан ва ғ. Ӯ мегӯяд: «Ва бидон, эй писар, ки чун ин суханҳо, ки дар муқаддима гуфтам, бипардохтам, аз ҳар навъе фасле гуфтам бар мӯҷиби тоқати (мувофиқи тавоноии) хеш, хостам, ки доди сухан тамом бидиҳам, аз пешаҳо низ ёд кунам, то он низ бихонию бидонӣ, ки магарат бад-он ҳоҷат афтад».

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

«Қобуснома» монанд ба як донишномаест дар бораи ахлоқ, расму оин, илму ҳунару пешаи замони муаллиф, ки дар онҳо таҷрибаи даврони пешин низ ҷамъбаст гардидаанд. Аз ин ҷиҳат як сарчашмаи боэътимодест барои шинос шудан бо ахлоқ, одоб, расму русум, илму ҳунари он замонҳо. Вале арзиши ин китоб танҳо дар он нест, ки моро ба даврони муаллиф ва замонҳои қадимтар аз он ошно мегардонад, балки бисёре аз гуфтаву навишта ва мушоҳидаҳояш, ки ҳикмати зиндагии одамӣ мебошанд, барои рӯзгори мо низ судманданд. Онҳо арзишҳои умумибашарӣ ва ҷовидонианд ва аз ин ба баъд низ қимати худро гум нахоҳанд кард, аз қабили ҳурмати падару модар, омӯхтани касбу ҳунар, илм, одоби сухану муошират (муносибат) ва ғ. Барои ҳамин сарфи назар аз он ки нависанда онро хосса барои писараш Гелоншоҳ ва мисли ӯ ҷавонҳо таълиф намудааст, дар тӯли садаҳои зиёд барои ҳамагон ба сифати китоби зиндагӣ хидмат кардааст ва ба яке аз асарҳои хонданӣ ва дӯстдоштании намояндагони ҳамаи табақаҳои ҷомеа дар Шарқ, аз ҷумла дар Мовароуннаҳр, Хуросон, Эрону Озарбойҷон ва Осиёи Хурд шуҳрат ёфтааст.

Амир Унсурулмаолии Кайковус барои таъкиди он ки доштани ҳунар барои ҳар як одам шарт аст, мардуми беҳунарро ба хори муғелон (мағелон) монанд кардааст, зеро он «тан дораду соя надорад, на худро суд кунад ва на ғайрро». Муаллиф иқрор аст, ки «мардуми асилу насиб (асилзода ва соҳибнасаб) агарчи беҳунар бувад, аз рӯйи аслу насаб аз ҳурмат доштани мардум бебаҳра набошад», бо вуҷуди ин бояд ҷаҳд кунад, ки дар баробари гавҳари асл аз доштани гавҳари тан (ҳунар) низ бенасиб набошад, зеро гуфтаанд, ки: «Бузургӣ хираду донишро, на гавҳару тухмаро». Кайковус таъкид мекунад, ки набояд ғарра ба гавҳари асл кард ва гирди номи гузаштагони хеш гашт, зеро «ном он бувад, ки ту ба ҳунар бар хештан ниҳӣ, то аз номи Зайду Ҷаъфар ва «амму» ва «хол» ба «устоди фозил» ва «фақеҳу ҳаким» афтӣ, ки агар мардумро бо гавҳари асл гавҳари ҳунар набошад, суҳбати ҳеч касро нашояд ва ҳар киро дар вай ин ду гавҳар ёбӣ, чанг бар вай зан ва аз даст магузор, ки вай ҳамаро ба кор ояд». Ӯ ба фарзандаш насиҳат кардааст, ки: «Тани хешро ба фарҳангу ҳунар омӯхтан одат деҳ. Чизе, ки надонӣ биёмӯзӣ ва ин туро ба ду чиз ҳосил шавад: ё ба кор бастани он чиз, ки донӣ ё ба омӯхтани он чизе, ки надонӣ». Ба сухани дигар, соҳиби «Қобуснома» роҳи дурусти донишомӯзӣ ва ҳунаромӯзиро дар пайванди илм ва амал дидааст.

Кайковус барои омӯхтани илму ҳунар вақту ҳолатеро муайян нанамудааст, баръакс маслиҳат додааст, ки барои омӯхтан бояд аз ҳар вақту ҳар ҳол истифода кард ва аз ҳар кас, ҳатто аз нодоне чизе омӯхт. «Пас, омӯхтанро вақте пайдо макун, чи ҳар вақту ҳар ҳол, ки бошад, бояд, ки як соат аз ту нагузарад, ки дониш наёмӯзӣ. Ва агар дар он вақт доное ҳозир набошад, аз нодоне биёмӯз, ки дониш аз нодон низ бибояд омӯхт.

Аз он ки ҳар гоҳ ба чашми дил дар нодон нигарӣ ва басорати (чашми) ақл дар вай гуморӣ, он чи туро аз вай нописандида ояд, донӣ, ки набояд кард».

Соҳиби «Қобуснома» фазлу ҳунар ва фарҳанг омӯхтанро танҳо барои бузургон, муҳташамон, асилзодагон не, балки барои ҳамаи тоифаи мардум, аз ҷумла фурӯтанон зарур мешуморад, барои он ки, бинобар бовари ӯ, шахс маҳз ба шарофати ҳунар ва фарҳанг бар ҳамсарони хеш, яъне ҳамдаврону ҳамнаслони хеш фузунӣ хоҳад ёфт: «Ва бар мардум воҷиб аст, ки чи бар бузургон ва чи бар фурӯтанон ҳунар ва фарҳанг омӯхтан, ки фузунӣ бар ҳама ҳамсарони хеш ба фазлу ҳунар тавон ёфт. Чун дар хештан ҳунаре бинӣ, ки дар амсоли (мисли) худ набинӣ, ҳамеша худр о фузун аз эшон донӣ ва мардумон низ туро фузунтар донанд аз ҳамсарони ту ба қадру ба фазлу ҳунари ту. Ва чун марди оқил бубинад, ки вайро афзунӣ ниҳоданд бар ҳамсарони ӯ ба фазлу ҳунар, ҷаҳд кунад то фозилтару ҳунармандтар шавад».

Кайковус гузашта аз ин саломатии ду ҷаҳонро дар ҳунар ва сармояи ҳамаи некиҳоро дар донишу адаб дидааст ва фармудааст: «Ба омӯхтани ҳунар саломатии ду ҷаҳон ёфтӣ, ки саломатии ду ҷаҳон андар ҳунар аст ва сармояи ҳамаи некиҳо андар донишу адаб, хосса, адаби нафсу тавозуъ (фурӯтанӣ) ва порсоию ростгӯйӣ ва покдинию покшалворӣ ва беозорию бурдборӣ ва шармгинист».

Муаллифи «Қобуснома» дар омӯхтани фазлу ҳунар аз ду чиз ҳушдор медиҳад, яке аз коҳилӣ, ки онро фасоди тан мехонад ва дигаре аз ғарра шудан ба ҳунару дониши худ, зеро, ба ақидаи ӯ, касе, ки тани хешро фармонбардори хеш намекунад, дар роҳи омӯзиши ҳунару дониш комёб нахоҳад гашт, ҳамчунин касе, ки ба фазлу ҳунари хеш ғарра мешавад, нодон аст. Ӯ менависад: «Он гаҳ, ки ту ҳама чиз омӯхтӣ ва донистӣ, хештанро аз ҷумлаи нодонон шумор, ки доно он гоҳ бошӣ, ки бар нодонии хеш воқиф (огоҳ) гардӣ». Барои тасдиқи ин ҳақиқат аз гуфтаҳои Бузургмеҳри Ҳаким, Суқрот ва Абӯшакури Балхӣ далел овардааст. Аввалӣ гуфта будааст, ки «ҳама чиз ҳамагон донанд ва ҳамагон ҳанӯз аз модар назодаанд», дувумӣ гуфта, ки «агар ман битарсидаме, ки баъд аз ман бузургон ва аҳли ақл бар ман таънот (таънаҳо) кунанд ва гӯянд, ки Суқрот ҳама дониши ҷаҳонро ба як бор даъво кард, ман мутлақ бигуфтаме, ки ман ҳеч чиз надонам ва оҷизам». Севумӣ дар байте овардааст:

То бад-он расида дониши ман,
Ки бидонам ҳаме, ки нодонам.

Кайковус ҳамчун каси рӯзгордидаву соҳибтаҷриба ва донишманду ҳунарманди рӯзгори хеш ба писараш насиҳат кардааст, ки «агарчи доно бошӣ, чун шуғле пеш ояд, ҳарчанд туро кифояти гузарондани он бошад, писанди ройи хеш мабош, ки марди писанди ройи хеш ҳамеша пушаймон бувад. Ва аз мушоварат (машварат) кардан ор мадор. Бо пирони оқилу бо дӯстони мушфиқ (ғамхор) мушоварат кун… Ва бидон, ки ройи ду кас на чун ройи як бошад, ки як чашм натавон дид, ки ду чашм бинад ва як даст он натавонад бардошт, ки ду даст бардорад». Ва барои қувват додани гуфтаи болоияш табиберо шафеъ меорад ва мефармояд, ки «чун табиб бемор шавад ва беморӣ бар вай сахту душвор шавад, истионат (такя) ба муолаҷоти худ накунад, табиби дигаре орад ба итилои (огоҳӣ) вай илоҷ кунад худро, агарчи сахт доно табибе бошад».

Яке аз бобҳои барои ҷавонон омӯзанда ва муҳимми «Қобуснома» «Андар оини дӯст гирифтан» мебошад. Муаллиф дар оғози он бо зикри ин ки «мардум то зинда бошанд, ногузир бошанд аз дӯстон» дӯстро аз бародар беҳтар донистааст ва ба бисёрдӯстӣ ташвиқ намудааст. Ба ақидаи ӯ «бо дӯстони бисёр айбҳои мардум пӯшида шавад ва ҳунарҳо густарда гардад». Валекин, таъкид кардааст вай, «чун дӯсти нав гирӣ, пушт бар дӯсти куҳан макун. Дӯсти нав ҳаметалабу дӯсти куҳанро бар ҷой ҳамедор, то ҳамеша бисёрдӯст бошӣ, ки гуфтаанд: «Дӯсти нек ганҷи бузург аст».

Кайковус дар китобаш аз навъҳои гуногуни дӯстон ёд овардааст бо номҳои «нимдӯст», «дӯстони дӯстон», «дӯсте, ки душмани туро дӯст дорад», «дӯсти беҳунар», «дӯсти боҳунар», «дӯстони қадаҳ», «дӯсти неку бад», «дӯсти бадон» ва ғ. ва насиҳат кардааст, ки бо ҳар навъе аз онҳо чӣ гуна рафтор бояд намуд. Чунончи бо нимдӯстон некуию созгорӣ кардан ва ба ҳар неку баде бо онҳо дар иттифоқ буданро маслиҳат медиҳад ва мегӯяд, ки «то чун аз ту мардумӣ ёбанд, дӯсти якдили ту гарданд». Муаллифи «Қобуснома» парҳез кардан аз дӯсте, ки душманро дӯст дорад, аз дӯсте, ки «бе баҳонаву бе ҳуҷҷате ба гила шавад», аз дӯсти беҳунар, бехирад, дӯсти томеъ (тамаъкор)», «мардуми ҳақуд (кинадор)» раво мебинад.

Кайковус агарчи дӯстонро ба дӯстони неку бад тақсим намудааст, ба ҳар ду гурӯҳ дӯстӣ карданро маслиҳат медиҳад. «Ва бингар миёни дӯстони неку бад ва бо ҳар ду гуруҳ дӯстӣ кун. Бо некон ба дил дӯстӣ куну бо бадон бо забон дӯстӣ кун, то дӯстии ҳар ду гурӯҳ туро ҳосил бувад, ки на ҳама ҳоҷате ба некон афтад. Вақте бошад, ки дӯстии бадон низ ҳоҷат афтад».

Соҳиби «Қобуснома» барои донистани он мардумон, ки ба дӯстӣ шоянд ё на ду чизро муайян намудааст: 1) ба вақти тангдастӣ, 2) ба вақти фарохӣ: «Ба фарохӣ ба ҳурмат ва ба тангӣ ба суд». Кайковус «дӯстеро, ки душманро душман надорад, ошно хондааст, на дӯст».

Кайковус бо ин ҳама насиҳат кардааст, ки инсон набояд умед ба он бандад, ки «ман дӯсти бисёр дорам» ва «бар эътимоди дӯстон аз худ ғофил шавад», зеро, бинобар гуфтаи ӯ, «чи агар ҳазор дӯст бувад, туро аз ту дӯсттар касе набувад».

Ба ҳар мавзӯъ назари ҳаматарафа ва амиқ кардан хосси Амир Унсурулмаолии Кайковус мебошад. Маълум аст, ки ӯ дар зиндагӣ, сиёсат ва эҷод ақлгаро, хирадгаро аст. Ин чиз шаҳодати он аст, ки вай парвардаи асри Рӯдакӣ, Фирдавсӣ ва Ибни Синост. Чунончи ӯ дар боби «Андар шинохти ҳаққи падару модар» пас аз зикри он ки ҳурмат доштан ва нигоҳубин кардан ба асли худ, ба падару модар аз воҷиботи хирад аст, хитоб ба фарзанд намудааст ва ҳушдор додааст, ки «то нагӯйӣ, ки падару модарро бар ман чӣ ҳақ аст, ки эшонро ғараз шаҳват буд, на мақсуд ман будам», зеро, бинобар гуфтаи вай «ҳарчанд ғараз шаҳват буд, музоафи шаафи (хурсандии дучандони) эшон аст, ки аз баҳри ту хештанро ба куштан диҳанд…».

Кайковус ба ҳаққи падару модар аз рӯйи дин, аз рӯйи хираду мардумӣ нигаристанро ба фарзандон насиҳат мекунад ва мегӯяд, ки азбаски падару модар сабабгори некию асли парвариши нафси фарзанд мебошанд, агар фарзанд дар ҳаққи эшон ба камбуд роҳ диҳад, кӯтоҳӣ кунад, ҳеч гоҳ сазои некӣ набинад. Ӯ таъкид мекунад, ки фарзанд чунонки ба падару модараш бошад, аз фарзандони худаш ҳамон хоҳад дид. «Зеро ки он ки аз ту зояд, ҳамон тамаъ дорад, ки ту аз падар дорӣ, ки масали одамӣ ҳамчу мева аст ва модару падар ҳамчу дарахт. Ҳарчанд дарахтро тааҳҳуд (нигоҳубин) беш кунӣ, мева аз вай накутару беҳтар ёбӣ. Ва чун падару модарро ҳурмату озарм бештар дорӣ, дуову офарини эшон дар ту асари бештар кунад ва мустаҷобтар (қабултар) бувад ва ба хушнудии эшон наздиктар бошӣ».

Як нуктае ҳам, ки муаллифи «Қобуснома» дар шинохти ҳаққи падару модар гӯшзад намудааст, он аст ки «зинҳор, ки аз баҳри мерос марги падару модар нахоҳӣ, ки бе марги падару модар он чи рӯзии ту бошад, ба ту бирасад…». Кайковус бовар бар он дорад, ки тавонгарии инсон ба хирад аст, на ба мол, зеро «ба хирад мол тавон ҳосил кард ва ба мол хирад ҳосил натавон кард. Ва ҷоҳил аз мол зуд дарвеш гардад ва хирадро дузд натавонад бурдан ва обу оташ ҳалок натавонад кардан».

Боби «Андар меҳмонӣ кардан ва меҳмон шудан ва шароити он» низ аз назари фароху амиқи ӯ ва таҷрибаи зиёде, ки ба сифати волӣ ва надим дошт, гувоҳӣ медиҳад. Муаллиф баёнашро аз он оғоз мекунад, ки «эй писар, мардумони бегонаро ҳар рӯз меҳмон макун». Сабабашро дар он мебинад, ки «ҳар рӯз ба ҳаққи меҳмон натавон расидан». Бинобар ин ӯ маслиҳат додааст, ки мизбон бояд бинигарад, ки то як моҳ чанд бор меҳмонӣ метавонад кард. Сониян, агар се бор тавонад кардан, як бор кунад, аммо он харҷи се борро кунад, то хонаш аз ҳама айб мубарро (холӣ) бувад ва забони айбҷӯён баста бошад».

Шарти дигари меҳмондориро Кайковус дар он мебинад, ки ба пешвози ҳар меҳмон кас бояд фиристод, наздикӣ кард ва иззати ҳар кас ба сазои ӯ дошт: «Ва чун меҳмонон дар хонаи ту оянд, ҳар касро пешвоз мефирист ва тақаррубе (наздикӣ) ҳамекун ва темори (парастори) ҳар кас ба сазои ӯ медор».

Сипас якояк тартиби меҳмондориро аз оғози пазироӣ то анҷом баён доштааст. Аввал пеш аз таом меваҳои тару хушк бояд кард, каме сабр кард ва он гаҳ хӯрданӣ овард. Мизбон то меҳмонон як бору ду бор нагӯянд, ки биншин, нашинад. Баъди нишастан ба меҳмонон бояд мадад кунад ва нон бихӯрад. Муаллиф ҷойи мизбонро фурӯтар аз ҳама муайян намудааст, ба истиснои он ки меҳмон бузург бошад, ки нишастан мумкин набувад.

Кайковус аз меҳмон узр хостан, ки: «Эй фалон, нон нек бихӯр ва ҳеч намехӯрӣ. Шарм мадор, ки аз ҷиҳати ту чизе натавонистам кардан. Иншооллоҳ, ки баъд аз ин узри онҳо бихоҳем»-ро аз табъи бозориён медонад ва мегӯяд, ки: «Ин на суханони муҳташамон бувад», зеро «аз чунин гуфтор мардум шармсор шаванд ва нон натавонанд хӯрдан ва нимсер аз хон бархезанд». Муаллиф аз расми накуи мардуми Гелон ёд овардааст, ки «чун меҳмонро ба хона баранд, хон биниҳанд ва кӯзаҳои об ҳозир кунанд. Ва меҳмонхудой (соҳиби меҳмон) ва пайвастагони ӯ аз он ҷо бираванд, магар як тан аз ҷойи дур бозистад аз баҳри коса ниҳодан, то меҳмон чунонки хоҳад, нон бихӯрад. Он гаҳ мизбон пеш ояд».

Тартиби шароб хӯрдан бо меҳмонро низ баён дошт, таъкид кардааст мизбон набояд пеш аз меҳмон маст шавад. Бинобар гуфтаи вай, мизбон танҳо пас аз ниммаст шудани меҳмонон метавонад, ки аз хештан мастӣ нишон диҳад ва дар пеши меҳмонон хушхулқу тозарӯй бошад, беҳудаханда набошад. «Ва чун меҳмон маст шавад ва бихоҳад рафтан, яке ду бор хоҳиш кун ва тавозуъ намой ва магзор, ки биравад. Севум бор рухсат деҳ, то биравад».

Аммо дар пеши меҳмонон итоб кардан, ҷанг кардани чокарони хатокорро нек намешуморад.

Кайковус бо зикри он ки «ҳаққи меҳмон доштан воҷиб аст», таъкид намудааст, ки «валекин ҳаққи меҳмоне, ки ба ҳақшиносӣ арзад. На чунонки ҳар қаллошеро (майпараст, бенангу номусро) ба хона барӣ ва он гоҳ чандон эъзозу икром (иззату эҳтиром) кунӣ, ки ин меҳмони ман аст. Бидон, ки ин тақаррубӣ, дилдорӣ ба кӣ бояд кард».

Ҳар яке аз чилу чаҳор боби «Қобуснома» сазовори ин аст, ки мавриди баррасӣ қарор гирад ва зикр шавад. Яке аз он бобҳое, ки бояд ёд шавад, «Андар тартиби пирию ҷавонӣ» мебошад, зеро аз чанд ҷиҳат ҷолиб аст ва пеш аз ҳама, барои он ки онро падари пири мушфиқу меҳрубоне навиштааст, мисли Амир Унсурулмаолии Кайковус , ки аз наздик омадани маргаш огоҳ аст, ба писари ҷавонаш Гелоншоҳ тамоми таҷрибаву омӯхтаҳояшро мерос монданист ва умеди он дорад, ки фарзандаш ҳамчун номбардори сазовори гузаштагони бузургвораш тарбият хоҳад гирифт.

Ин боб як навъ маҷмӯи андешаҳои як пири хирад дар бораи тартиби пирию ҷавонӣ, фалсафаи марг ва зиндагист. Пире, ки медонад ва борҳо таҷриба намудааст, ки дар дунё «ҳар кӣ зод, бешак, бимирад», аз марг эмин нест, зеро «марг на ба пирӣ бувад ва на ба ҷавонӣ».

Кайковус ба писари ҷавонаш насиҳат мекунад, ки ҷавонӣ кунад, баҳраи хеш аз ҷавонӣ ба қадри тавоноӣ бардорад, ки чун пир шавад, худ натвонад. «Чунонки он пир гуфт, ки чандин сол хира ғам хӯрдам, ки чун пир шавам, хубрӯён маро нахоҳанд. Акнун, ки пир шудам, худ эшонро намехоҳам. Ва агар тавонӣ, низ назебад». Бо ин ҳама маслиҳат додааст, ки «эй писар, ҳарчанд ҷавонӣ, пирақл бош. Нагӯям, ки ҷавонӣ макун. Валекин ҷавони хештандор бош ва аз ҷавонони пажмурда мабош».

Кайковус ба фарзандаш насиҳат кардааст, ки танҳо бо ҷавонон нишастухез накунад, бо пирон низ ҳамнишин шавад, ҳамсуҳбат гардад, ҳурмат кунад, рафиқону надимони пиру ҷавонро омехта дорад. Ҳикмати он дар ин аст, ки агар ҷавоне дар мастии ҷавонӣ муҳоле (кори нокардание) кунад ва гӯяд, пир монеи он муҳол бошад. Гузашта аз ин пирон чизҳое донанд, ки ҷавонон надонанд. Муаллиф хуб огоҳ аст, ки одати ҷавонон аст, ки бар пирон масхара кунанд, ки аз он ки пирон муҳтоҷи ҷавонӣ бошанд, бинобар ин таъкид менамояд, ки ҷавонон набояд бар пирон пешӣ ҷӯянд ва беҳурматӣ кунанд. Вай мегӯяд, ки «агар пирон дар орзуи ҷавонӣ бошанд, ҷавонон низ бешак дар орзуи пирӣ бошанд». Гузашта аз ин пирон бартарӣ доранд, зеро «пир ин орзу ёфтааст ва самараи он бардошта. Ҷавонро бартар, ки ин орзу бошад, ки биёбад ва бошад, ки наёбад».

Кайковус аз суҳбати пирони нопойбарҷой, пирони нопок, пири раъно парҳез кардан ва авло доштани суҳбати ҷавонони пойбарҷойро маслиҳат додааст ва гуфтааст: «Ва то ҷавонӣ, ҷавон бош ва чун пир шудӣ, пирӣ кун. Дар вақти пирӣ ҷавонӣ назебад. Чунонки ҷавононро пирӣ кардан назебад». Пириро нависанда ба ғаллаи сафедгашта ва меваи пухта монанд кардааст ва гуфтааст: «Аз он ки чун ғалла сапед гаштӣ, агар надараванд, ночор худ бирезад ва ҳамчунин мева, ки пухта гашт, агар начинанд, худ аз дарахт бияфтад, чунонки ман гуфтам:

Гар бар сари моҳ барниҳӣ пояи тахт,
Гар ҳамчу Сулаймон шавӣ аз давлату бахт.
Чун умри ту пухта гашт, барбандӣ рахт,
Кон мева, ки пухта шуд, бияфтад зи дарахт».

Пирӣ, ба гуфтаи соҳиби «Қобуснома», бемориест, ки кас ба аёдати ӯ наравад, пирӣ иллатест, ки ҳеч табиб доруи ӯ насозад, илло марг, зеро «чун ҳавасҳои ту аз кор фурӯ монад ва дари биноию гӯёӣ ва шунавоию буёӣ ва ламсу завқ ҳама бар ту баста шуд, на ту аз зиндагонии хеш шод бошӣ ва на мардум аз зиндагонии ту ва бар мардумон вуболе гардӣ. Пас марг аз чунон зиндагонӣ беҳ». Кайковус умри мардумонро ба офтоб монанд мекунад, фақат фарқро дар он мебинад, ки «офтоби ҷавонон дар уфуқи машриқ бошад ва офтоби пирон дар уфуқи мағриб. Ва офтобе, ки дар уфуқи мағриб бувад, фурӯрафта дон».

Муаллиф сабаби аз пирӣ дурудароз шикояте карданашро ба писараш дар он медонад, ки «мардум аз пирӣ сахтгила аст. Ва ин на аҷаб аст, ки пирӣ душман аст ва аз душман гила бувад».

Ниҳоят, Кайковус ба писараш насиҳат кардааст, ки ҷаҳд кунад, то ба пирӣ ба як ҷо мақом кунад ва ба пирӣ сафар кардан аз хирад нест. Хосса, марде, ки бенаво бошад, ки пирӣ душманест ва бенавоӣ душмани дигар. Пас, бо душман сафар кардан на аз доноӣ бувад».

«Қобуснома» ё «Насиҳатнома» китобест аз силсилаи панднома ва андарзномаҳои даврони бостон ва китобҳои пандуахлоқии садаи X, монанди «Калила ва Димна»-и Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Мавҷуд будани боби ҷудогонае «Андар ёд кардани пандҳои Нӯшервони одил» ва зикри муаллиф дар бораи он ки «кор бастани ин суханҳову пандҳои подшоҳ моро воҷибтар бошад, ки мо аз тухмаи он маликем», ҳамчунин ҷой доштани маънию мазмунҳои монанд ва ҳамоҳанг ба суханҳои Рӯдакӣ, Фирдавсӣ ва дигар пешгузаштагон тасдиқ бар он мебошад.

Арзиши «Қобуснома» на танҳо дар муҳтавои муҳимми он аст, балки дар сабки нигориш, забон, тарзи баён ва воситаҳои баёни сода, поку беғаш, қобили фаҳм, хоно ва гӯёи он низ мебошад, ки давоми бевоситаи суннатҳои адабии мактабу шеъру шоирии асри X, шеъри Рӯдакӣ ва Фирдавсӣ мебошад. Кайковус, тавре ки худ эътироф намудааст, такаллуф (зиёдаравӣ) ва саҷъро дар номаи тозӣ нишонаи ҳунар медонад ва хушоянд мешуморад, «лекин андар номаи порсӣ саҷъ нохуш ояд, агар нагӯӣ, беҳтар бошад». Ӯ на танҳо дар наср, балки дар шеър низ раво нест. Зеро, мувофиқи гуфтаи ӯ, «шеър аз баҳри мардумон гӯянд, на аз баҳри хеш», бинобар ин бояд сухани шоир саҳли мумтанеъ бошад ва аз сухани торику норавшан бипарҳезад: «Эй писар, агар шоир бошӣ, ҷаҳд кун то сухани ту саҳли мумтанеъ бошад ва бипарҳез аз суханони ғомиз (торик) ва чизе, ки ту донию дигаронро ба шарҳи он ҳоҷат ояд, магӯй, ки шеър аз баҳри мардумон гӯянд, на аз баҳри хеш».

Забон ва тарзи баёни он, ҷумлабандӣ, воситаҳои тасвир дар «Қобуснома» ба мавзӯи китоб, ки барои писари ҷавони муаллиф таълиф гардидааст, бисёр муносиб ва мувофиқ омадааст. Таркиби луғавиаш асосан аз калимаву таркибҳои содаи форсӣ иборат буда, луғати арабӣ ба нисбати кам мебошад. Дар он ҷумлабандиҳои печ дар печ ва муғлақ нисбатан кам аст. Ҳам таркиби луғавӣ ва ҳам ҷумлабандиҳо пухта ва рехта ва барои ба хотир гирифтан осон мебошанд. Ташбеҳу тавсиф, маҷоз ва истиораҳое, ки ба таври фаровон истифода шудаанд, ҳама табиӣ ва заминию воқеианд.

Ҳар боби «Қобуснома» аз ду қисм иборат мебошад, муаллиф дар аввали ҳар боб он чи марбут ба ҳикмати назарӣ дорад, меорад ва қисми ҳикмати амалиро бо овардани байтҳои шоирон, масалҳои форсию тозӣ, гуфтаҳои ҳакимону донишмандон ва ҳикоятҳо оро медиҳад. Баъдан ин равиш дар насри асрҳои баъдина вусъат меёбад.

Амир Унсурулмаолии Кайковус китоби «Қобуснома»-ро бо зикри он ба поён расонидааст, ки «дар ин китоб андар ин чиҳилу чаҳор боб дар ҳар маънӣ, ки донистам, чунонки маро табъ даст дод, бо ту сухан гуфтам ва дар ҳар бобе насиҳат кардаму панде додам, магар дар боби хирадмандӣ, ки ҳеч наметавонам гуфт, ки ба ситам оқил бош, аз он ки оқилӣ ба ситам (зӯр, ҷабр) нат вон омӯхт». Муаллиф ҷонибдори он ақида аст, ки ақл аз ду гуна аст: яке ақли ғаризӣ (ирсӣ, табиӣ) ва дувум ақли муктасаб (касбшуда, омӯхташуда) аст. Онро, ки ақл ғаризӣ бувад, «хирад» хонанд. Аммо ҳар чӣ муктасаб аст, битвон омӯхт, валекин ақли ғаризӣ ҳадяи худоист, он ба таълим аз муаллим бинатавон омӯхт». Бинобар он ба писараш насиҳат кардааст, ки агар дорои ақли ғаризӣ бошад, хуб аст, агар не, дар омӯхтани ақли муктасаб тақсир накунад, зеро «агар аз ҷамъи донишмандон набошӣ, боре аз ҷамъи доноён бошӣ».

Кайковус роҳи омӯхтани хирадро дар ҳикмат медонад ва ба ин муносибат гуфтаи Аристотолиси ҳакимро меорад, ки дар ҷавоб ба саволи «Қуввати хирад аз чист?» гуфтааст: «Ҳама касро қувват аз ғизо бошад ва ғизои хирад ҳикмат аст».

Аз ҷумлаҳои охири «Қобуснома» бармеояд, ки соҳиби ин китоб «он чи ба хештан писандида будааст», ҳамонро ба писараш хоста ва омӯзонда будааст. Ва гуфтааст, ки агар вай беҳтар аз ин хислате ва одате ҳамедонад, чунон бошад, ки беҳтар бувад, вагарна, ин пандҳои ӯ ба гӯши дил шунавад ва ба кор бандад. Ва агар нашунаваду напазирад, бар вай ситам нест. Муаллиф умед ба он мебандад, ки «он кас, ки Худои таоло вайро некбахт офаридааст, худ бихонаду бидонад ва кор бандад, ки ҳар чи ман гуфтам, ҳама аломати некбахтон аст андар ду ҷаҳон».

ҚаблӣЗиндагиномаи Асадии Туси
БаъдӣПасванд (суффикс) (грамматикаи забони точики)