Тахлили микроиктисоди: предмет ва методология

Тахлили микроиктисоди: предмет ва методология, Предмети микроиктисод, методологияи микроиктисод, реферат, кори курси микроиктисод


Таҳлили микроиқтисоди: предмет ва методология.   

  1. Мақсад, вазифа ва сохтори микроиқтисод
  2. Рушди микроиқтисод ҳамчун илм
  3. Метод ва услубҳоимикроиқтисодӣ
  4. Саҳми ҷоизадорони Нобели дар рушди микроиқтисод

Микроиқтисодиёт-қисмати асосии назарияи иқтисодӣ буда, муносибатҳои иктисодии байни одамонро ва муаяйн намудани қонуниятҳои умумии фаъолияти хоҷагидорӣ, муносибатҳои байни соҳибкорон ва кормандони кироя, байни худи соҳибкорон (рақобат), инчунин байни харидорону фурушандагонро меомӯзад. Хамаи ин муносибатҳо бо воситаи нарх ба омилҳои истеҳсолот ва неъматҳои иқтисодӣ амалӣ мегарданд.

Таҳлили микроиқтисодӣ — қисми иқтисодиёт, ки воҳидҳои алоҳидаи иқтисодиро ба монанди хоҷагиҳои хонавода, фирмаҳо, соҳаҳо ва инчунин бозорҳои алоҳида, нархҳо ва молу хизматҳои мушаххасро тадқиқ менамояд.

Ба ғайр аз ин боз дигар таърифҳои микроиқтисод вуҷуд доранд:

  • микроиқтисод ҷараёни қабули қарорҳои иқтисодиро аз тарафи субъектони алоҳидаи хоҷагидорӣ – фирмаҳо, истеъмолкунандагон ва ғ. меомӯзад.
  • вазифаи микроиқтисод таҳлили таъсири баҳамдигарии субъектони иқтисодӣ дар бозорҳои алоҳида мебошад.

Дар таҳлили микроиқтисодӣ объекти асосӣ фирма (корхона) мебошад. Ин бо он асоснок карда меш авад, ки дар иқтисодиёти муосир асосан фирмаҳо қисми асосии маҷмӯи молу хизматҳоро ки ба қонеъгардонии талаботи инсон равона карда мешаванд, истеҳсол менамоянд. Дар дастури таълимии мазкур мафҳумҳои «фирма» ва «корхона» ҳамчун синонимҳо дида баромада мешаванд, лекин дар амал онҳо наҳамавақт ҳамчун синонимҳо баромад мекунанд. Масалан, фирма метавонад якчанд корхонаҳоро ташкил кунад, дар ин ҳолат онҳо ҳамчун қисми ташкилкунандаи фирмаи додашуда баромад мекунанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Микроиқтисод нархҳои нисбиро меомӯзад, яъне мувофиқати нархҳои неъматҳои алоҳида, дар ҳолате, ки сатҳи пурраи нархҳоро макроиқтисод дар зери омӯзиши худ қарор медиҳад.

Омӯзиши чунин масъалаҳо дар микроиқтисод аҳамияти махсус дорад:

  • рафтори иқтисодии одамон, ки дар сохторҳои ҷамъиятӣ ва институтҳо вобаста шудаанд (ба сифати институтҳои асосӣ бозор, моликият ва давлат баромад мекунанд);
  • қабул намудан аз ҷониби субъектҳои иқтисодӣ халли масъалаҳои мутаносиб оиди амалиётҳои иқтисодӣ;
  • масъалаи интихоби яке аз вариантҳои алтернативӣ.

Масъалаи асосии агентҳои микроиқтисодиёт аз он иборат аст, ки интихоби иқтисодиро дар ҳолати маҳуд будани захираҳои иқтисодӣ амалӣ гардонанд. Иктисодиёт ҳамчун илми ҷомеашиносӣ марому равиши ҳаёти иқтисодии одамонро дар зинаҳои инкишофи тамаддун ба тасвир меоварад.

Хар як воҳидҳои истеҳсолии ҷомиа амалан ба тавлиду пешниҳод кардани неъматҳо ва ё хизматҳо нигаронида шудаанд. Аз ин боис, дар назди фаъолиятгарони ҷабҳаи иқтисодии ҷомеа саволҳои зайл ба таври ҳатмӣ меистанд:

1.Барои кӣ бояд истеҳсол кард?

2.Чиро бояд истехсол кард?

3.Чӣ гуна бояд истеҳсол кард?

  1. Чи қадар бояд истеҳсол кард?

Ин илм нишон медиҳад, ки чи хел ва барои чи қарорҳои иқтисодӣ дар сатҳи чунин воҳидҳои иқтисодӣ қабул мегарданд, мисол: бо кадом тарз фирма ресурсҳои худро бо мақсадҳои гуногун тақсим менамояд; чи гуна коргарон масъалаи дар куҷо ва чӣ қадар бояд қувваи кориро сарф кард, ҳал намоянд; чи гуна истеъмолкунандагон оиди харидории молу маҳсулот ва ба интихоби онҳо таъсир расонидани таѓйирёбии нарх ва даромадро масъалагузорӣ менамоянд.

Ба Субъектҳои асосии микроиқтисод истеъмолкунандагон, истеҳсолкунандагон, ташкилотҳои тиҷоратӣ (бизнес) ва хоҷагии хонавода дохил мешаванд. Сохтори мантиқии микроиқтисод ҳамчун фанни таълимӣ мантиқи омӯзиши фанро инъикос менамояд, яъне механизми нархгузории бозорӣ. Шумораи омилҳое, ки нархи неъматро ва ҳаҷми фурӯшро дар бозори мушаххас муайян мекунанд хело зиёданд, ба онҳо шомиланд технологияи истеҳсолот, табъу хоҳиши истеъмолгарон, вазъи боду ҳаво ва вазъияти сиёсӣ дар кишвар, сиёсати андози давлат ва қурби мубодилашавандаи асъори миллӣ. Кариб ҳар як ҳодисаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар ин ё он миқёс дар конъюктураи бозор ва нарх инъикос мегарданд. Вале ҳар як маҷмӯи омилҳои нархгузорӣ таъсир мерасонанд ё бо воситаи тақозо ё бо воситаи арза. Аз ин лиҳоз арза ва тақозо ба сифати ду омили агрегатсияшуда баромад мекунад, вазифаи мушаххаси нархро муйян месозад.

Дар шароити иқтисоди бозорӣ ҷойи намоёнро дар микроиқтисод ҳамчун илм, масъалаҳои асосии зерин ишғол менамоянд:

  • тадқиқи омилҳои истеҳсолот ва таъсири онҳо ба механизми ташкилёбии хароҷотҳои истеҳсолӣ, арзиши аслӣ ва фоида;
  • тадқиқи стратегияи рақобат дар шароити сохторҳои гуногуни бозор;
  • таҳлили талабот ва пешниҳод дар шароитҳои гуногуни дараҷаи диверсификатсияи истеҳсолот ва сохторҳои гуногуни бозор;
  • таҳлили ташкилёбии сатҳи нарх ба моли истеҳсолмешудаи корхона дар шароитҳои рақобати бозорӣ.

Ҳамаи гуфтаҳои дар боло қайдшударо ҳамҷоя намуда гуфтан мумкин аст, ки микроиқтисод ин қисми назарияи иқтисодии умумӣ, ки фаъолияти субъектони алоҳидаи иқтисодиро тадқиқ мекунад, ба монанди: ташкилот ва муассисаҳои давлатӣ, соҳаҳо, фирмаҳо, хоҷагиҳои хонавода ва бозорҳои алоҳида.

Мақсад ва вазифаҳои фирма. Соҳибкорон дар иқтисоди бозорӣ сектори корхонаҳоро бунёд менамоянд. Фирмаҳо, ки асоси сектори додашударо ташкил мекунанд, воҳидҳои алоҳидаи хоҷиагидорӣ бо шаклҳои гуногуни моликият мебошанд, ки захираҳоро барои ба амал овардани фаъолияти тиҷоратӣ ҳамҷоя менамоянд. Дар зери мафҳуми охирон фаъолият оид ба истеҳсоли молҳо ва хизматрасонӣ барои шахсони сеюм, воқеъӣ ва ҳуқуқӣ, ки барои корхона фоидаи тиҷоратӣ, яъне фоида меорад, фаҳмида мешавад.

Мақсади охирони фаъолияти ҳар як фирма дар бозор мустаҳкам намудани макони худ мебошад, пеш аз ҳама аз ҳисоби максимизатсияи фоида. Мақсади максимизатсияи фоидаи пулӣ бевосита дар шароити рақобати мукаммал муайянкунанда аст, вақте ки дар соҳа шумораи кифояи фирмаҳо фаъолият мекунанд ва монеъаҳо барои дохилшавии корхонаҳои нав нест.

2. Рушди микроиқтисод ҳамчун илм

Асосҳои микроиқтисодиёт сарнахуст аз ҷониби намояндагони мактаби австрӣ К.Менгер, Ф. Визер, Э. Бем-Баверк гузошта шуда буд. Саҳми арзандаро барои рушди инкишофи микроиқтисодиёт иктисодшиносони англис А.Маршал, А.Пигу, Ж.Хикс, иқтисодшиносони амрикоӣ Ж.Б. Кларк ва дигарҳо гузошта буданд.

Намояндагони мактаби маржинализм (К.Менгер-Австрия, У.Чевонс-Англия, Л.Валрас-Шветсария) аз таҳлили моҳияти тарзи капиталистии истеҳсолот ва хислатҳои он, алалхус истисмор ва роҳҳои ба даст овардани арзиши изофа (ѓояи асосии назарияи К.Маркс) даст кашидаанд. Онҳо мақсад ва вазифаи ниҳоии худро дар ҷустуҷуи роҳҳои қулайтарини тақсими захираҳои маҳдуди иқтисодӣ ва ташкили оқилонаи тарзу услуби хоҷагидорӣ мебинанд. Онҳо аз истифодаи мафҳуми иктисоди сиёсӣ даст кашида, ба ҷои он «Экономикс»-ро истифода кардаанд. Ташаббускорони ин равия, асосан У.Чевонс ва А. Маршалл буданд. Тарафдорони равияи ҷадид, на ба назарияи, балки бештар ба истифодаи усусл ва тамсилаҳои риёзӣ шуѓл варзида, дар эҳё ва ташаккули равияи мактаби неоклассикӣ саҳми арзанда гузоштаанд.

Дар миёнаи асри ХХ дар зери таъсири тадқиқотҳои олими англис Ҷ.М. Кейнс ва олими амрикоӣ П.Самуелсон дар доираи назарияи иқтисодӣ ҷудо гардидани ду қисмати он қобили қабул гардид: микроиқтисодиёт ва макроиқтисодиёт. Микро аз калимаи юнонии mikro –хурд гирифта шудааст. Предмети тадқикоти онро ҷараёни нарху нархгузорӣ ва нақши он дар хоҷагии миллӣ дар бар мегирад. Аз рӯи нуқтаи назари микроиқтисодӣ тавсифи онро таҳлили иқтисоди миллӣ аз мушоҳида намудани рафтори алоҳидаи субъектҳои иқтисодӣ мебошад.

3. Методологияи тадқиқоти микроиқтисод

Методология имконият медиҳад, ки бо воситаи кадом тарзҳои дарккунии илмӣ, микроиқтисод ба маънидодкунии ҳақиқии фаъолият ва тараққиёти минбаъдаи ин ё он системаи иқтисодӣ имконият пайдо менамояд.

Усули материализми диалектикӣ. Материализми диалектикӣ имконият медиҳад, ки алоқамандии ҷараёнҳо ва ҳодисаҳои иқтисодӣ ва пай дар пай вобаста будани онҳо дарк ва таҳлил карда шавад.

Усули абстраксия илмӣ (ба эътибор нагирифтан; истисно кардан). Ҳангоми тадқиқи вазъияти иктисодӣ, тадқиқотчӣ ҳодисаҳои дуюминдараҷаро ба эътибор намегирад, зеро ба эътибор гирифтани ин ҳодисаҳо, мантиқ ва мақсади тадқиқотро дигаргун сохтанаш мумкин аст. Яъне абстраксияи илмӣ фикран истисно намудани ҳодисаҳои (омилҳои) дуюминдараҷаро дар назар дорад, ки дар айни ҳол тадқиқ карда намешаванд.

Усули индуксия. Бо воситаи усули индуксия гузариш аз омӯзишҳои амалияҳои ягона ба хулосаю ақидаҳои умумӣ ба амал меояд. Дар натиҷаи истифодаи усули индуксия тафаккур аз амалия ба назарияи мегузарад. Мувофиқи ин усул ҳодисаҳои иқтисодӣ дар амал мушоҳида карда шуда, натиҷаҳои ин мушоҳида ба пайдоиши хулосаи мантиқӣ сабаб мегардад.

Усули дедуксия. Усули дедуксия имконият медиҳад, ки аз хулосаҳои умумӣ, хулосаҳои алоҳида бароварда шаванд. Усули дедуксия ҳаракати тафаккурро аз назария ба амалия дар назар дорад.

Усули таҳлил ва синтез. Ин усули тадқиқ ҳангоми омӯзиш ва таҳлили ҷараёнҳо ва ҳодисаҳои иқтисодӣ васеъ истифода мешавад. Моҳияти ин усул дар он аст, ки ҳар як ҳодиса ва ё ҷараёни иқтисодӣ дар алоҳидагӣ таҳлил карда шуда, натиҷаҳои ин таҳлилҳо омехта карда мешаванд. Истифодаи ин усул имконият медиҳад, ки оиди ҳодисаҳо ва ҷараёнҳои иқтисодӣ тасаввуроти мантиқӣ ҳосил карда шавад.

Моделсозии иктисодӣ – математикӣ. Барои саҳеҳтар дарк намудани ҳодисаҳо ва ҷараёнҳои иқтисодӣ аппарати математикӣ ниҳоят васеъ истифода мешавад, ки ба пешгӯикунии ҷараёнҳои иқтисодӣ имконият медиҳад. Инчунин моделсозии иқтисодӣ – математикӣ бо воситаи истифодабарии графикҳо, схемаҳо, диаграммаҳо, формулаҳо имконияти соддатар дарк намдунаи ҳодисаҳои иқтисодиро фароҳам меоварад. Дар ҷараёни истифодаи моделсозии иқтисодӣ –математикӣ омилҳои гуногуни ба ҳодисаҳои иқтисодӣ таъсиррасонанда бо назардошти таъсири функсионалӣ ба эътибор гирифта мешаванд.

Муқоисакунӣ. Усули муқоисакунӣ имконият медиҳад, ки ҳодисаҳо ва ҷараёнҳои иқтисодӣ бо воситаи факту рақамҳои аниқ таҳлил карда шуда, ҳолатҳои гуногун ва тамоюли тағйирёбии ин ҳодисаҳо ва ҷараёнҳо баҳо дода шавад.

Усули аналогия – имконият медиҳад, ки қонун ва категорияҳои иқтисодӣ бо истифодаи ҳолатҳои ҳаётӣ ва монандкунӣ омӯхта шаванд.

Усули фарзият – имконият медиҳад, ки қонун ва категорияҳои иқтисодӣ бо истифодаи мисолҳои хайёлӣ дарк карда шаванд.

4. Саҳми ҷоизадорони Нобели дар рушди микроиқтисод.

Дар асоси васиятномаи Нобел Алфред Бернхард (1833-1896) соли 1900 фонди Нобели ташкил карда шуд. Дар васиятномаи худ Нобел олимони соҳаи химия, физика, физиология, тиб, адабиётва ба шахси сулҳпарваре, ки миллатҳову қавмҳоро мепайванданд дарҷ кардааст. Тибқи гуфтаҳои ӯ мукофотипулӣ ба ашхосе супорида мешавад, ки дар тӯли сол нафъи бисёртаре ба башарият овардааст. Ҳамин тавр, ҳамасола дар рӯзи таввалуди ӯ яъне 21 октябр ҷоизадорон эълон шуда дар рӯзи марги ӯ яъне 10 декабр мукофонида мешаванд.

Сазовори аввалин мукофоти Нобели 10 декабри соли 1901 олими олмонӣ Вильгельм Конрад Рентген дар соҳаи физика гардид.

Ҷоизаи Нобели дар соҳаи иқтисодиёт падидаи ҷадид аст, ки бонки Шведӣ ба ифтихори 300 солагии худ дар соли 1968 таъсисдод. Номи расмии ин ҷоиза «Ҷоиза бонки Шведи бахшида ба хотираи А. Нобел ба илмҳоииқтисодӣ» мебошад. Ин ҷоизаба дастовардҳои назаррас дар соҳаи илми иқтисод мукофонида мешавад.

Аввалин ҷоизаи Нобелӣ оид ба иқтисод соли 1969 ба иқтисодчии нидерланди Ян Тинберген ва иқтисодчии норвеги Рагнар Антон Киттел Фриш барои рушд ва татбиқи моделсозии динамикӣ ва таҳлили равандҳои иқтисодӣ сазовор дониста шуданд. Аз соли 1969 то ин ҷониб 83 нафар иқтисодчи дар умум сазовори ҷоизаи Нобелӣ гардидаанд.

Соли 2001 Ҷорч Акерлоф — иқтисодчии амрикои прфессори донишгоҳи Калифорния дар якҷояги бо Ҷозеф Стиглицва., Майкл Спенс барои пешниҳоди « назарияи асимметрии иттилоотӣ», ки мутобиқи он фурушанда ва харидор миқдори гуногуни дониш дар бораи маҳсулот пайдо менамоянд сазовори ҷоизаи Нобели гардиданд. Ҷоизадорони Нобели дар соҳаи иқтисодиёт диди наверо барои ҳалли мушкилии иқтисодиёти бозории муосир ихтироъ карданд. Ҳангоми тадқиқотӣ проблемаҳои бозор аз нуқтаи назарӣ ассиметрии иттилоот, онҳо ҷиҳатҳои манфию заифи «дасти ноаён»-и бозори озодро нишон дода тавонистанд. Дар пешниҳоди консепсияи иттилооти ассиметри онҳо муайн намуданд, ки субъектони иқтисоди аз сабаби иттилооти дастрас ва дақиқ надоштан дар раванди фаъолият наметавонанд тасмими дуруст ва самаранок гиранд. Номукаммал будани иттилоот давлат ва ҳукуматро водор менамояд, ки дар ҳаёти иқтисодии ҷомеа фаъолона ииштирок намояд.

Ҳамин тариқ иқтисодчиёни дигар ба монанди, олимони иқтисоддон Канэман Даниэл ва Вернон Смит соли 2002 барои «барои тадқиқоти иқтисодиёти психологӣ» ва «тадқиқот дар соҳаи манфиатҳои иқтисодӣ», ба олими амрикои, профессори донишгоҳ Ҷорҷ Мейсон, Смит Вернон «барои таҳлили эмперии иқтисодиётии механизмҳои бозор», соли 2005 ба иқтисодчии яҳудӣ Роберт Ауман ва иқтисодчии амрикои «барои назарияи бози» дар иқтисодиёт сазовори ҷоизаи Нобелӣ гардиданд.

Бояд қайд намуд, ки саҳми олимони русс низ дар пешрафти илми иқтисодиёт хеле назаррас мебошад. Аз ҷумла соли 1973 Василий Васильевич Леонтьев «барои инкишофи усули хароҷот- истеҳсолот», Леонид Канторович соли 1975 «барои назарияи самараноки тақсимоти захираҳо», Саймон Смит Кузнец соли 1975 «барои эмпирически обоснованное толкование экономического роста»,ва соли 2007 Леонид Соломонович Гурвиц «за создание основ теории оптимальных механизмов» сазовори ҷоизаи Нобели гардиданд.

ҚаблӣЗиндагиномаи Саноии Газнави / Ғазнавӣ (биография)
БаъдӣМаксад, вазифа ва сохтори микроиктисод