Касбу ҳунар ва тиҷорат дар даврони Темур ва Темуриён

Касбу хунар ва тичорат дар даврони Темур ва Темуриён


Барқарор гардидани ҳокимияти нерӯманд дар замони ҳукмронии Темур, қатъи ҳуҷумҳои мутаасили ҳокимони ҳамсоя, ҷангҳои дохилӣ ва сулолавӣ, коҳиш ёфтани бедодгариҳои амалдорон ба иқтисодиёти бисёр шаҳрҳои Мовароуннаҳр таъсири мусбат расонид. Ҳамаи ин ба тараққиёти косибӣ, тиҷорати дохилӣ ва берунӣ мусоидат менамуданд. Дар ин давра ҳам мисли солҳои пешин бофандагӣ яке аз соҳаҳои асоситарини ҳунармандӣ ба ҳисоб мерафт. Дар аҳди Темуринён бахмал, кимхоб (матои шоҳии гулдор) паҳншудатарин матоъи либосҳои идонаи асилзодагон будааст.

Қисми асосиии истеҳсоли матои серистеъмолро газвори пахтагӣ, аз ҷумла суфии хом, яъне «карбос» ташкил менамуд, ки аз он асосан сару либоси ҳаррӯзаи одамони оддӣ тайёр карда мешуданд. Умуман, дар ин давра афзудани навъҳои гуногуни матоъ ба чашм мерасид.

Дар Самарқанд истеҳсоли қоғази хатнависӣ ҷойгоҳи муҳимро ишғол мекард. Дар айни ҳол қоғаз ҳам мисли маснуоти саноати бофандагӣ моли содиротӣ ба мамлакатҳои дигар ҳисоб мешуд. Дар охири XIV ва асри XV Самарқанд чун маркази асосиии истеҳсоли қоғази хатнависӣ дар тамоми мамолики Шарқ боқӣ монда буд.

Дар ҳар ду давру замон Мовароуннаҳр маркази муҳими кулолгарӣ буд ва дар аҳди амир Темур ва  Темуриён ҳам ин соҳа байни ҳунарҳо яке аз ҷойҳои асосиро ишғол менамуд. Барои тайёр кардани маснуоти сафолӣ гили (лойи) маҳаллӣ, аз ҷумла атрофии Самарқанд истифода мешуд, ки сифати хеле баланд доштааст. Сафири Испания Клавиҳо навишта буд, ки гили ин ҷо беҳтарин гили олам ҳисоб мешавад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Коркарди маъдан низ дар иқтисодиёт нақши муҳим мебозид. Аз мис, сурб, пӯлод, оҳан ва ғайра маснуоти баландсифат тайёр мекарданд, ки ба гӯшаву канори ҷаҳон содир мегашт. Дар маҷмӯъ, дар даврони Темуриён касбу ҳунар ба дараҷаи баланди тараққиёти он замон расида ҳастаи аслии косибону ҳунармандони гулдаст аз ҳисоби тоҷикон буд.

Ба шаҳодати сарчашмаҳо дар асри XV муносибатҳои молию пулӣ инкишоф ёфта буд. Афзоиши истеҳсоли умумии мол ва алалхусус молҳои сермасриф хусусиятҳои хоси ҳамин давра будааст. Маҳз дар ҳамон айём табақаҳои васеи аҳолии шаҳр ва як қисми аҳолии деҳаҳо, пеш аз ҳама деҳаҳои назди шаҳрӣ ба доираи муносибатҳои молию пулӣ кашида шуданд. Сиккаҳо аз тилло, нуқра ва мис зарб зада мешуданд. Зарробхонаҳои асосӣ дар шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Тошканд, Андиҷон, Шоҳрухия, Қаршӣ, Тирмиз, Шаҳрисабз, Утрор қарор доштанд. Дар сарчашмаҳо ва адабиёти таърихӣ сиккаҳои тиллоӣ «динор», нуқрагӣ «танга» ва мисӣ «ашрафӣ» номида мешуданд.

Аз нав ба низоми муайян даровардани муомилоти пулӣ ва тиҷоратӣ ба саъю кӯшиши Улуғбек алоқаманд аст. Улуғбек (с.1428) баҳри пешгирии мамониатҳо ва худсариҳои ҳокимони маҳаллӣ, ки дар сикказанӣ ва муомилот ба миён оварда буданд, ислоҳоти пулӣ гузаронид, ки мақсад аз он ба низом даровардани муомилоти пулӣ мисӣ ва тиҷорат буд.

Ба Улуғбек муаяссар шуд, ки низоми дурусти муомилоти пулӣ ва молиро дар саросари мамлакат ҷорӣ намояд. Ин ислоҳот дар такомули муносибатҳои молию пулӣ ва пешрафти иқтисодиёти кишвар нақши босазое гузошта, дар даҳсолаҳои минбаъда дар қаламрави Мовароуннаҳр устувор  нигоҳ дошта шуд.

ҚаблӣБа сари ҳокимият омадани Темур ва бунёди давлати Темуриён
БаъдӣФалсафаи тоҷик дар асрҳои миёна. Ибни Сино