Хаёт ва фаъолияти Абдурахмони Чоми дар сомонаи www.DONISHJU.net оварда мешавад.
Тамоми шоиронро ҷамъ агар созанд дар маҳшар,
Ҳама як сӯ бувад, он Ҷомии ширин сухан як сӯ.
Абдурраҳмони Ҷомӣ 7 ноябри соли 1414 дар деҳаи Харҷурди вилояти Ҷом ба дунё омадааст. Ҳангоме ки Ҷомӣ 11- сола мешавад, оилаи онҳо аз вилояти Ҷом ба Ҳирот меояд. То ин дам Абдурраҳмони Ҷомӣ дар назди падараш Низомуддин Аҳмад саводи комил бароварда, инчунин забони арабиро то андозае аз худ карда буд. Баъд аз ин Абдурраҳмон дар Ҳирот, дар мадрасаи Низомия таҳсили илмро давом медиҳад. Ҷомӣ аз кӯдакӣ зеҳни бурро, ақли расо ва одати аҷибе дошт. Ба ҳар як чиз, ба ҳар як ҳодиса аз нуқтаи назари кунҷковӣ нигоҳ мекард. Фаъолияти эҷодии Ҷомӣ барвақт сар шуда буд. Аз овони ҷавонӣ овоза ва ҳурмат пайдо кардани ӯ на танҳо дар ватани худаш, балки дар бисёр мамлакатҳои Шарқи Наздик ва Шарқи Миёна ҳам бо далелҳо исбот шудааст.
Ҷомӣ 9-уми ноябри соли 1492 дар Ҳирот фавтидааст. Аз Абдурраҳмони Ҷомӣ асарҳои бисёри манзуму мансур мерос мондаанд. Таърихнависони Шарқ ва Осиёи Миёна асарҳои ӯро аз 34 то 99 номгӯй шумурдаанд. Калонтарин асарҳои ӯ «Баҳористон», китоби «Ҳафт авранг», ки аз ҳафт достони манзум иборат аст ва «Девони Ҷомӣ» маҷмӯаи ғазалиёт мебошанд.
Шархи холи/тарчумаи холи/зиндагиномаи Абдурахмони Чоми Абдурахмон Чоми.