Сохти ҳуҷайраҳои бадан ва ҳаётгузаронии Рудаковокҳо

Рӯдаковокҳо ба гурӯҳи ҳайвонҳои дуқабата дохил мешаванд. Бадани онҳо аз ду қабат ҳуҷайра – қабати беруна (эктодерма) ва қабати дарунӣ (эндодерма) иборат аст. Дар байни ин ду қабат боз қабати ширамонанд ва тунуки беҳуҷайра (мезоглея) мавҷуд аст.

Таркиби ҳуҷайраҳои девори бадани гидра
Таркиби ҳуҷайраҳои девори бадани гидра

Дар бадани гидра ковокии рӯда мавҷуд аст. Ин ковокӣ ба муҳити беруна тавассути сӯрохии даҳон робита дорад. Қабати эктодерма аз ҳуҷайраҳои пӯсту мушакӣ, сӯзонанда, асаб, захиравӣ ташкил ёфтааст (ба расми боло нигаред). Ҳуҷайраҳои пӯсту мушакӣ рӯйпӯши баданро ҳосил мекунанд. Дар асоси ҳар як ҳуҷайра торҳои мушак мавҷуд аст. Тавассути кашиш хӯрдани ин торҳо ҳуҷайраҳои пӯсту мушакӣ дарозу кӯтоҳ шуда, ҳайвон ҳаракат мекунад ё туъмаро медорад. Рӯдаковокҳо бофта ва узвҳои хеле сода доранд. Масалан, дар гидра ва актиния қисми пеши баданро ба осонӣ дидан мумкин аст. Дар он ҷо даҳон, мӯйлабҳо ва гулӯ ҷойгир аст. Қафои бадани рӯдаковокҳои нишаста ба «кафш» монанд буда, онҳо ба воситаи он ба ягон ҷисми зериобӣ мечаспанд. Баъзе аломатҳои дар рӯдаковокҳо мавҷудбуда ба ҳайвонҳои якҳуҷайра низ хосанд. Масалан, дар ҳуҷайраҳои эктодермаи рӯдаковокҳо пойҳои қалбакӣ, қамчинак мавҷуд буда, онҳо ҳаракат мекунанд.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Онҳо туъмаро медоранд ва онро ҳазм мекунанд. Ҳуҷайраҳои сӯзонанда ё халандаи рӯдаковокҳо, асосан, дар мӯйлабчаҳо ва қисми пеши бадан ҷойгиранд. Ин мӯйлабчаҳо капсула (пуфак) дошта, дохили он пур аз моддаи моеи заҳрнок аст.

Дар капсула монанди спирал тори печутобхӯрандаи сӯзонанда мавҷуд аст (ба расми 50 нигаред). Ҳуҷайраҳои капсуладор мӯяки ҳискунанда доранд. Агар ба мӯяки ҳискунанда ягон чиз расад, тори сӯзонанда бо қувваи зиёд рост шуда, ба туъма мехалад ва заҳр ба туъма чакида, онро беҳуш мекунад. Пас аз паридани тори сӯзонанда ҳуҷайраҳои капсуладор мемиранд. Онҳо минбаъд аз ҳисоби ҳуҷайраҳои захиравӣ (мобайнӣ) барқарор мешаванд (ба расми боло нигаред). Ҳуҷайраҳои захиравӣ дар эпителия ҷойгир буда, аз онҳо ҳуҷайраҳои махсус – сӯзонанда, асаб, ҷинсӣ пайдо мешаванд.

Таъсири заҳри рӯдаковокҳои мухталиф якхела нест. Масалан, агар бадани одам ба актинияи баҳри сиёҳ ва медузаи қутбӣ бархӯрад, сӯхтани сабукро ҳис мекунад, аммо агар ба медузаи майдаи салибшакли Шарқи Дур расад, дар пӯсти одам обила пайдо шуда, дастҳояш карахт мешаванд.

Ҳуҷайраҳои хӯрокҳазмкунию мушакӣ ва ғадудӣ аз дарун ҷойгиранд (ба расми боло нигаред). Дар ковокии рӯда ҳам ин ҳуҷайраҳо вуҷуд доранд. Агар ба ковокии рӯда хӯрок дохил шавад, ҳуҷайраҳои ғадуд шираи ҳазми хӯрок хориҷ намуда, хӯрокро каму беш ҳазм ва майда мекунанд. Қамчинакҳои ҳуҷайраҳои ҳозима ва мушакӣ хӯроки майдашударо омехта менамоянд. Пойҳои қалбакӣ хӯрокро дошта, дар атрофи он вакуолаҳо ҳосил намуда, онро ҳазм мекунанд. Моддаҳои ҳазмшуда ба ҳамаи ҳуҷайраҳои бадан паҳн мешаванд. Боқимондаи хӯроки ҳазмнашуда тавассути даҳон ба берун бароварда мешавад. Ҳамин тариқ, дар рӯдаковокҳо ду тарзи хӯрокҳазмкунӣ: дохили ҳуҷайрагӣ ва дар ковокии рӯда ба амал меояд.

Рӯдаковокҳо тавассути ҳуҷайраҳои бадан оксигени дар об ҳалшударо ҷаббида мегиранд. Гази карбонат ва дигар моддаҳои нолозиме, ки дар раванди фаъолияти ҳаётгузаронӣ дар организми онҳо ҳосил мешаванд, тавассути қабати эктодерма ба об бароварда мешаванд.

Ангезиш, рефлекс, эҳёи рудаковокҳо

Дар зери ҳуҷайраҳои пӯсту мушакӣ ҳуҷайраҳои ситорамонанд мавҷуданд, ки онҳо ҳуҷайраҳои асабанд. Дар рӯдаковокҳо системаи асаб хеле одӣ буда, он сохти диффузӣ ё тӯрро дорад. Дар ин хел системаи асаб қисми марказӣ мавҷуд нест. Ҳуҷайраҳои асаб дар ҷойҳои мухталифи бадан ба таври пароканда ҷойгир шудаанд. Ҳуҷайраҳои ситорамонанд тавассути кунҷҳояшон бо ҳамдигар пайваст шуда, шакли тӯрро гирифтаанд, масалан, дар гидра.

Дар медуза бошад, онҳо шакли ҳалқаро доранд. Ҳамин тариқ, дар рӯдаковокҳо имконияти вуҷуд доштани фаъолияти рефлекторӣ ба чашм мерасад. Ин омил як зинаи муҳимми пешравӣ дар эволютсияи олами ҳайвонот аст. Агар тавассути ягон ҷисм ба гидра ё актиния таъсир кунем, ҳуҷайраҳои асаби онҳо тез ба ҳаяҷон омада, ба тамоми тӯри асаб паҳн мешаванд ва ҳуҷайраҳои пӯсту мушакӣ кашиш мехӯранд. Ҳамин тавр, ҷавоби организм ба таъсири ангезанда тавассути системаи асаб ба амал меояд ва онро рефлекс (бозтоб) меноманд. Рефлексҳо мухталифанд. Агар бадан дар ҷавоби таъсири механикӣ кашиш хӯрад, он рефлекси муҳофизавӣ аст. Доштани туъма бошад, ин рефлекси хӯрокхурӣ мебошад.

Дар рӯдаковокҳо ҳуҷайраҳои захиравӣ (мобайнӣ) мавҷуданд. Онҳо тақсим мешаванд ва ба дигар ҳуҷайраҳои махсусшуда табдил меёбанд. Аз ҳамин сабаб дар онҳо қобилияти зуд эҳёшавӣ дида мешавад (ба расми 51 нигаред). Масалан, гидра қисми осебдидаи баданашро ба осонӣ барқарор мекунад. Агар гидраро ба садҳо қисм тақсим кунем ва барои афзоиши он шароит муҳайё шавад, онҳо аз сари нав пурра эҳё мешаванд. Аз нав барқароршавии қисми осебдидаи баданро эҳё меноманд.

Афзоиши рудаковокҳо

Дар фаслҳои гарми сол, яъне вақте ки дар обанборҳо хӯрок бисёр аст, дар девори бадани гидра варамҳо (муғчаҳо) ҳосил мешаванд. Варамҳо калон шуда, дар як тарафашон даҳон ва мӯйлабчаҳо, баъдтар «кафи пой» пайдо мешавад. Ҳар гоҳ ки гидраи ҷавон ба воя мерасад, аз бадани волидайн ҷудо шуда, мустақилона зиндагӣ мекунад. Ин тарзи афзоишро афзоиш бо роҳи ғайриҷинсӣ ё муғҷапайдокунӣ меноманд.

Бисёр гурӯҳҳои рӯдаковокҳо, масалан кораллҳои полипӣ ба таври тӯдагӣ зиндагӣ мекунанд. Тӯда дар натиҷаи аз бадани волидайн ҷудо нашудани муғҷаҳо ҳосил мешавад. Онҳо калон шуда, худашон муғҷа пайдо мекунанд. Рӯдаковокҳо на фақат бо роҳи ғайриҷинсӣ (муғҷапайдокунӣ), балки бо роҳи ҷинсӣ низ афзоиш мекунанд. Баробари фаро расидани тирамоҳ дар бадани гидра варамҳои махсус пайдо шуда, дар онҳо ҳуҷайраҳои ҷинсӣ ҳосил мешаванд. Дар варамҳои пеши бадан ҳуҷайраҳои ҷинсии нарина – нутфа, дар варамҳои камарбанд ҳуҷайраҳои ҷинсии модина тухмҳуҷайра пайдо мешавад. Нутфаҳои болиғ аз варами бадан ба об мебароянд. Онҳо қамчинак доранд ва ба воситаи қамчинакҳо ҳаракат карда, дигар фарди гидраро ёфта, ба варамҳои камарбандашон дохил мешаванд ва тухмҳуҷайраи онро бордор мекунанд.

Ҳуҷайратухми бордоршуда бо пардаи ғафс пӯшида шуда, ба тақсимшавӣ шурӯъ мекунад. Дар ҳар як тақсимшавии ҳуҷайратухми бордоршуда, миқдори ҳуҷайраҳои он ду маротиба зиёд мешавад, вале аз якдигар ҷудо намешаванд. Тирамоҳ гидра мемирад. Ҷанини бисёрҳуҷайраи бо парда пӯшида дар зери об меафтад. Баҳор афзоиш давом карда, парда вайрон мешавад ва гидраҳои ҷавон ба берун мебароянд.

Дар медуза аз тухмҳуҷайраи бордоршуда кирмина ин- кишоф меёбад, ки онро планула меноманд. Бадани он бо мижгонакҳои зиёд пӯшида шудааст.

Кирминаҳо якчанд муддат дар об шино карда, баъд ба зери об рафта, ба ягон ҷисм мечаспанд. Аз онҳо полипҳои майда пайдо мешаванд. Полипҳо (бисёрпой) калон шуда, дар бадани худ ба монанди муғҷа медузаҳои хурдро     пайдо мекунанд. Дар актиния бордоршавии тухмҳуҷайра ва афзоиши ҷанин дар ковокии рӯда мегузарад. Баъд актинияҳои ҷавон тавассути даҳон ба об меафтанд.

Рӯдаковокҳо дар ду шакл вомехӯранд:

  1. Шакли полипӣ – онҳо зоҳиран ба буттаи рустанӣ монанд буда, дар зери об шакли зиндагии нишастагиро мегузаронанд, яъне ҳаракат намекунанд.
  2. Шакли медузагӣ – онҳо ба чатр монанд буда, дар қабатҳои ғафси об озодона шино мекунанд.

Тарзи ҳаётгузаронии ҳайвонҳои якҳуҷайра


Саволҳо

1.Қабати эктодермаи гидра кадом ҳуҷайраҳоро ҳосил мекунанд ва вазифаи ин ҳуҷайраҳо аз чӣ иборат аст? 2. Ба қабати ҳуҷайраҳои дарунӣ кадом ҳуҷайраҳо дохиланд ва вазифаи онҳо аз чӣ иборат аст? 3. Оид ба сохт ва тарзи кори системаи асаби диффузионӣ маълумот диҳед? 4. Эҳё шудан (регенератсия) дар ҳаёти рӯдаковокҳо чӣ аҳамият дорад? 5. Гидра ва медуза чӣ тавр афзоиш мекунанд?

Сохти хучайрахои бадан ва хаётгузаронии Рудаковокхо

Дигар маводҳо пас аз блоки реклама