Феъли ёридиҳандаи «to have» дар замони ҳозира

Дар забони англисӣ се феъли ёридиҳанда мавҷуданд: “to be”, “to do”, “to have”. Феълҳои мазкур ҳам чун феъли асосӣ ва ҳам чун феъли ёридиҳанда баромад мекунанд. Феъли “to be” -ро чун феъли асосӣ дар замони ҳозира мо дар дарсҳои гузаштаамон шарҳ дода будем ва ҳамчун феъли ёридиҳанда мо онро баъдтар шарҳ хоҳем дод. Дар бораи феъли “to do” бошад, гуфтанием, ки он ҳамчун феъли асосӣ доираи танги истифодаро доро мебошад. Лекин феъли “to do” ҳамчун феъли ёридиҳанда хеле фаъол аст ва дар бораи он дар дарсҳои баъдина маълумоти муфассал хоҳем дод. Феъли “to have” ҳам дар вазифаи феъли асосӣ ва ҳам дар вазифаи феъли ёридиҳанда фаъолона баромад мекунад. Дар ин дарс мо феъли “to have” -ро ҳамчун феъли асосӣ аз назар мегузаронем ё худ дар он мисолҳое, ки дар ин дарс мо меорем, феъли “to have” ба вазифа ва маънои аслии худ истифода мешавад. Феъли “to have” ба маънии аслии худ “доштан”, “доро будан” тарчума мешавад. Дар зер тасрифи феъли мазкур, яъне аз рӯи шахсу шумора тағийр ёфтани онро аз назар мегузаронем:

I have – ман дорам

We have – мо дерем

You have – ту дорй

You have – шумо доред

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Не has – вай(ӯ) дорад

She has – вай(ӯ) дорад

 It has – вай(он) дорад

They have – онҳо доранд

Аз тасрифи феъли “to have” аён аст, ки он танҳо барои шахси сеюми танҳо (he, she, it) тағйир ёфта, дар шакли “has” меояд. Бо ибораи дигар, агар “to have” дар забони тоҷикӣ “дорад” тарҷума шавад, дар англисӣ дар шакли “has” меояд. Феъли мазкур он замон ба мо дар вазифаи аслии худ лозим мешавад, ки аз хусуси доро будани ягон шахс ба ягон чиз хабар доданӣ бошем.

 Мисолҳо:

I have a horse. –  Ман асп дорам.

She has many friends. – Ӯ рафиқи зиёде дорад.

We have two cоws. – Mo ду гов дорем.

Дар мисолҳои боло ҳангоми истифода бо ҷонишинҳои шахсии “she” ва “it” феъли “to have” дар шакли “has” кор фармуда шудааст. Ҳоло боз чанд мисоли дигареро меорем, ки дар онҳо низ “to have” дар шакли “has” истифода шудааст.

 Karim has interesting books. – Карим китобҳои аҷоиб дорад.

Latofat has an old grandmother. – Латофат модаркалони пире дорад.

Дар  мисолҳои боло “Karim”, “Latofat” низ ба вазифаи шахси сеюм омадаанд ва феъли “to have” барои онҳо низ “has” аст. Хулоса, агар феъли мазкур дар забони тоҷикӣ дар шаклҳои дорам, дорӣ, дорем, доред, доранд ояд – дар забони англисӣ “have” аст, лекин дар забони тоҷикӣ дар шакли “дорад” ояд-дар англисӣ “has” аст.

Мисолҳои дигар:

Nodira has a little sister.

My brothers have two new flats.

My grandmother has old glasses.

They have a comfortable flat in a new house.

Our neighbours have a horse and a donkey.

Sabrina and Parvina have red ribbons.


Феъли ёридихандаи «to have» дар замони хозира, феъли доштан, ман дорам дар забони англиси, реферат, кори курси, англиси, омухзиши забони англиси online

ҚаблӣЧанд фараҳу ҳаловати бепул дар зиндагӣ
БаъдӣКалонтарин ҷазира, дарё, саҳро ва уқёнус – Фактҳои ҷуғрофӣ