Ҳикояҳо аз «Баҳористон»-и Ҷомӣ

Абдурраҳмони Ҷомӣ бо шеъру сухани худ дар байни мардуми мо шуҳрат ёфтааст. Машҳуртарин китоби мансури ӯ «Баҳористон» аст. Ин китоб дар пайравии «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ навишта шудааст ва аз ҳашт боб иборат буда, ҳар боби он аз ҳикоятҳои пандомез, оқилона, ҳикматҳои зиндагӣ, рӯзгори ибратбахши шахсони бузург ва шоирон ба ҳам омадааст. Як боби китоб аз масалҳои ширини амали парандагон ҳикоят мекунад. Ҷомӣ марди ҳикматшинос ва файласуф ҳам буд ва бо панду ҳикматҳо моро насиҳат мекунад ва панду андарз меомӯзад.

Аҳамияти тарбиявию ахлоқии «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ


Ҳикоят

Искандари Румӣ дар овони ҷаҳонгирӣ бо ҳилаи тамом ҳисореро бикушод ва ба вайрон кардани он фармон дод. Гуфтанд: «Дар он ҷо ҳакимест доно ва бар ҳалли мушкилоти ҳикмат тавоно». Вайро талаб дошт. Чун биёмад, шакле дид, аз қабули табъ дур ва табъи аҳли қабул аз вай нафур. Гуфт: «Ин чӣ сурати ғариб ва чӣ шакли маҳиб (бадҳайбат) аст?» Ҳаким аз он сухан барошуфт ва хандон-хандон дар он ошуфтагӣ гуфт:

Қитъа

Таъна бар ман мазан ба сурати зишт,
Ай тиҳӣ аз фазилату инсоф!
Тан бувад чун ғилофу ҷон шамшер,
Кор шамшер мекунад, на ғилоф!

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дигар гуфт: «Ҳар киро хулқ бо халқ на некуст, пӯст бар бадан зиндони ӯст, чунон аз вуҷуди худ дар тангноест афтода, ки зиндон дар ҷанби (тараф) он азмгоҳест кушода».

Қитъа

Касе, ки бо ҳама кас хӯйи бад ба кор барад,
Ҳамеша дар кафи сад ғусса мумтаҳан[1]донаш.
Машав ба шаҳна[2], ки зиндон мақоми ӯ гардон,
Ки пӯст бар тани бадхӯ бас аст зиндонаш.

Ва дигар гуфт: «Ҳасуд ҳамеша дар ранҷ аст бо парвардигори хеш ситезасанҷ, ҳар чӣ дигаронро диҳад, вай написандад ва ҳар чӣ на насиби вай, дил дар он бандад».

Қитъа

Эътироз аст бар аҳкоми ҷаҳондори ҳаким
Одати марди ҳасадпеша, ки хокаш ба даҳан.
Ҳар чӣ бинад ба кафи ғайр, фиғон бардорад,
Ки чаро дод ба вай бесабаб онро, на ба ман?!

Дигар гуфт: «Хирадмандони карим мол бар дӯстон шуморанд ва бехирадони лаим[3] аз барои душманон бигузоранд».

Қитъа

Ҳар чӣ омад ба дасти марди карим,
Ҳама дар пойи дӯстон афшонд.
В-он чи андӯхт сифлатабъи лаим,
Баъди марг аз барои душман монд.

Дигар гуфт: «Бо хурдон дар ҳазлу фисус овехтан обрӯи бузургӣ рехтан аст ва ғубори зиллату хорӣ ангехтан».

Қитъа

Ай ки бар сифла медарӣ ҷома,
Ном, тарсам, ба гургият биравад.
Машав афсӯспеша бо хурдон,
В-арна фарри бузургият биравад.

Дигар гуфт: «Ҳар кӣ бо зердастон шеваи муштзанӣ бар даст гирад, дар лагадкӯби забардастон бимирад».

Қитъа

Дило, гӯш кун аз ман ин нуктаи хуш,
Ки мондаст дар гӯшам аз нуктадонон.
Ки ҳар кас кашад теғи номеҳрубонӣ,
Шавад куштаи теғи номеҳрубонон.


Ҳикоя

Дар маҷлиси Кисро се тан аз ҳукамо ҷамъ омаданд: файласуфи Рум, ҳакими Ҳинд ва Бузургмеҳр. Сухан ба он ҷо расид, ки сахттарини чизҳо чист? Румӣ гуфт: «Пирию сустӣ ба нодорию тангдастӣ». Ҳиндӣ гуфт: «Тани бемор бо андуҳи бисёр». Бузургмеҳр гуфт: «Наздикии аҷал бо дурӣ аз ҳусни амал». Ҳама ба қавли Бузургмеҳр бозомаданд.


Ҳикмат

Се кор аз се гурӯҳ зишт ояд: тундӣ аз подшоҳон ва ҳирс бар мол аз доноён ва бухл аз тавонгарон.

Қитъа

Ин се кор аст, ки-ш нигорад зишт
Аз се кас хомаи нигоранда:
Тундхӯйи подшоҳи қавӣ,
Ҳирси донову бухли доранда.


Ҳикоят

Рӯбоҳбачае бо модари худ гуфт:

-Маро ҳилае биёмӯз, ки чун бар кашокаши саг дармонам, худро бираҳонам.

Гуфт:

-Он ҳила фаровон аст, аммо беҳтарини ҳама он аст, ки дар хонаи худ бинишинӣ, на ӯ туро бинад ва на ту ӯро бинӣ.

Қитъа

Чу бо ту хасм шавад сифлае, на аз хирад аст,
Ки дар хусумати ӯ макру ҳила соз кунӣ.
Ҳазор ҳила тавон сохт в-аз ҳама он беҳ,
Ки ҳам зи сулҳу ҳам аз ҷангаш эҳтироз кунӣ.


Ҳикоят

Сурхзанбӯре бар магаси асал зӯр овард, то вайро туъмаи худ созад. Ба зорӣ даромад, ки:

-Бо вуҷуди ин ҳама шаҳду асал маро чӣ қадру маҳал, ки онро бигузорӣ ва ба ман рағбат орӣ? Занбӯр гуфт:

-Агар он шаҳд аст, ту шаҳдро конӣ ва гар он асал, ту сарчашмаи онӣ.

Қитъа

Ай хуш он марди ҳақиқат, ки зи пайғому салом
Рӯ битобад, ба сӯйи моидаи васл равад.
Асл чун рӯй намояд зи паси пардаи фаръ,
Фаръро бозгузорад, ба сари асл равад.


Ҳикоят

Мӯреро диданд, ба зӯрмандӣ камар баста ва малахеро даҳ баробари худ бардошта. Ба тааҷҷуб гуфтанд:

-Ин мӯрро бинед, ки бо ин нотавонӣ бореро ба ин га- ронӣ чун мекашад?

Мӯр чун ин сухан бишунид, бихандиду гуфт:

-Мардон борро бо нируи ҳиммату бозуи ҳамийят кашанд, на ба қуввати тану захомати бадан.

Қитъа

Боре, ки осмону замин сар кашид аз он,
Мушкил тавон ба ёварии ҷисму ҷон кашид.
Ҳиммат қавӣ кун аз мадади раҳравони ишқ,
К-он борро ба қуввати ҳиммат тавон кашид.


  • [1] мумтаҳан – имтиҳоншаванда, дучори азобу сахтӣ.
  • [2] шаҳна – посбони шаҳр, ҳокими шаҳр.
  • [3] лаим – паст, хасис.

Хикояхо аз «Бахористон»-и Чоми, Хикоя кисса эчодиёти Абдурахмони Чоми.

Достони «Баҳористон»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ (иншо)

ҚаблӣАбдурраҳмони Ҷомӣ
БаъдӣҲусайн Воизи Кошифӣ