Пӯст (саволхои тести аз фанни биология)

Суолҳои тестӣ аз фанни биология дар мавзӯи Пӯст / пуст. Саволхои тести.


Мавзӯҳои вобаста ба Пӯст:

Пуст. Сохт ва вазифаҳои пӯст

Гигиенаи пӯст. Ёрии аввалин ҳангоми хунук задан ва сӯхтани пӯст


1. Сатҳи пӯст чӣ қадар аст?

А) 2 мл. В) 2 м. С) 2 м2. Д) 2 м3. Е) 2 см.

2. Пӯст аз чанд қабати асосӣ иборат аст?

А) 0. В) 1. С) 2. Д) 3. Е) 4.

3. Бофтаи васлкунанда дар кадом қабати пӯст ҷойгир аст?

А) Берунӣ.
В) Эпидермис.
С) Дерма.
Д) Насҷӣ.
Е) Ҳамааш.

4. Бофтаи чарбӣ дар кадом қабати пӯст ҷойгир аст?

А) Берунӣ.
В) Эпидермис.
С) Дерма.
Д) Насҷӣ.
Е) Ҳамааш.

5. Бофтаи эпителӣ дар кадом қабати пӯст ҷойгир аст?

А) Дарунӣ.
В) Эпидермис.
С) Дерма.
Д) Насҷӣ.
Е) Вуҷуд надорад.

6. Пӯст ин вазифаро иҷро мекунад:

А) Ихроҷ, муҳофизат, танзим.
В) Таъмин бо хӯрок, об, ҳаво.
С) Ҳазми хӯрок, обу ҳаво.
Д) Танзими ғизо, гази оксигену карбон,
Е) Танзими обу газро иҷро мекунад.

7. Пӯсти одам зиёда аз чанд адад ғадудҳои арақҷудокунӣ дорад?

А) 1 ҳазор,
В) 1 миллион,
С) 2 ҳазор,
Д) 2 миллион,
Е) 3 ҳазор.

8.Мӯйи одам ба ҳисоби миёна соле чанд сантиметр дароз мешавад?

А) 5, В) 10, С) 15, Д) 20, Е) 25.

9. Кадом пигмент дар пӯст барои нигоҳдории шуоъҳои ултрабунафш ҳосил мешавад?

А) Сиёҳ.
В) Сафед.
С) Сабз.
Д) Зард.
Е) Кабуд.

10. Нохуни инсон дар як ҳафта ба ҳисоби миёна чанд мм дароз шуда метавонад?

А) 0 мм, В) 0,5 мм, С) 1 мм, Д) 1,5 мм, Е) 2 мм.

ҚаблӣАъзои ихроҷ (саволҳо аз биология)
БаъдӣАфзоиш ва инкишоф (саволхои тести аз фанни биология)