Оила вa вазифаҳои ҷамъиятии oн

Оила вa вазифаҳои чамъиятии oн.

Оила иттифоқи озод, ихтиёрӣ ва баробарҳуқуқи байни зану мард буда, дар асоси муҳаббату эҳтироми тарафайн бо мақсади ташкили хонавода ва идомаи насл ташкил карда шуда, таҳти ҳимояи давлат қарор дорад. Ҷомеа аз оилаҳо иборат аст ва оилаи солим ҷомеаи солимро ташкил медиҳад. Агар оила устувору пойдор ва аз ҷиҳати маънавию ахлоқӣ солим бошад, ҷомеа низ устувор мешавад. Оила ба ҳаёти ҷомеа тавассути таваллуду тарбияи кӯдак, ташкили хонавода, шароити мусоиди зиндагӣ ва ҳастӣ, рушди ҷисмонию равонӣ ва маънавӣ мепайвандад. Барои солим нигоҳ доштани оила муҳим аст, ки аъзои он, пеш аз ҳама, муносибати худро дар доираи ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми тарафҳо, нигоҳ доштани шаъну шараф ва эътибори ҳар як узви оила ба роҳ монанд.

Мавқеъ ва нақши оила дар ҷамъият хеле бузург буда, он асоси давлатро ташкил медиҳад. Чӣ тавре ки иморат аз хиштҳо бунёд меёбад, давлат ҳам аз оилаҳо иборат мебошад. Бинобар ин вазъияти оила ба ҳаёти ҷамъиятии давлат таъсири бевосита мерасонад.

Яке аз вазифаҳои муҳимми оила дар ҷамъият ба дунё овардани насл аст. Таҳлилҳои оморӣ собит менамоянд, ки дар кишварҳое, ки оилаҳо танҳо як фарзанд доранд, аҳолии онҳо сол аз сол кам мешавад. Аз ин рӯ барои нигоҳ доштани сатҳи шумораи аҳолӣ оилаҳо бояд на камтар аз ду фарзанд тавлид намуда, онҳоро ба воя расонанд. Табиист, ки волидон бо мурури замон пир шуда аз дунё мегузаранд. Aгap дар оила як фарзанд ба воя расида, танҳо ҷойи волидонро дар ҷамъият пур кунад, ин ҳолат сабаби кам гаштани аҳолӣ мегардад. Aгap оила ду фарзандро ба воя расонад, пас волидон ба ивази хеш барои ҷамъият ду нафарро тайёр менамоянд. Дар ин ҳолат шумораи аҳолӣ дар як сатҳ нигоҳ дошта мешавад.

Маълум аст, ки на ҳамаи фарзандон ба воя мерасанд. Қисме аз онҳо дар хурдсолӣ бо сабабҳои гуногун вафот мекунанд. Ин ҳолатҳо ҳам сабаби кам шудани шумораи аҳолӣ мегардад. Бинобар ин барои нигоҳ доштани шумораи аҳолӣ оила бояд камаш се фарзандро ба воя расонад. Кам ва ё аз ҳад зиёд гаштани аҳолӣ ба иқтисодиёт ва сиёсати иҷтимоии давлат таъсири худро мерасонад.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Масалан, дар қисми аврупоии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва як қатор давлатҳои аврупоӣ аз сабаби афзоиш наёфтани аҳолӣ дар корхонаҳои саноатӣ коргарон нарасида, деҳот рӯ ба харобӣ меорад.

Бинобар ин ба танзим даровардани шумораи таваллуди фарзандон дар оила хеле муҳим аст. Ин масъаларо дар илм ба танзим даровардани нуфуси аҳолӣ ё танзими демографӣ меноманд.

Ба дунё омадани тифл барои ҳар як оила боиси шодию хурсандӣ мегардад. Қадами мубораки тифл ба хонадон нуру зиё ва саодату сафо бахшида, оиларо мустаҳкам, иродаи волидонро қавӣ ва боварию эътимоди онҳоро ба якдигар афзун мегардонад. Дар баробари ин бояд дарк намуд, ки барои солим нигоҳ доштани оила масъулияти баланде ба дӯши волидон хоҳад буд. Зеро таваллуди фарзанд, дар баробари шодию фараҳ бо худ масъулияту вазифаҳои муайянеро ба миён меорад. Солиму бардам ба воя расонидани фарзанд яке аз вазифаҳои асосӣ ва муҳимми оила дар назди ҷамъият буда, аз падару модар масъулияти хеле зиёдро талаб менамояд.

Падару модар вазифадоранд, ки нисбати тарбияи фарзандон ғамхорӣ намоянд, онҳоро ҳамчун шахсони арзандаи ҷамъият ба воя расонанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аксарияти оилаҳо ба тарбияи фарзандон диққати махсус дода, онҳоро дар рӯҳияи муҳаббат ба Ватан, ифтихори миллӣ, эҳтироми калонсолон ва дигар арзишҳои волои башарӣ тарбия менамоянд. Мутаассифона, оилаҳое низ ҳастанд, ки ба тарбияи фарзандон чандон эътибор намедиҳанд, ки ин ба ташаккули шахсияти фарзандон таъсири манфӣ расонида, тарбияи минбаъдаи онҳоро мушкил мегардонад.

Танҳо ҳаваси тарбияи фарзанди хуб кардан кам аст, балки аз уҳдаи тарбияи фарзанд баромадан лозим. Ҳар як падару модар бояд ба хубӣ дарк намояд, ки тарбияи фарзанд яке аз паҳлуҳои муҳимми ҳаёти мост. Тарбияи хуб сарбаландӣ, бахту саодат ва ифтихори мо, тарбияи бад шармсорӣ, бадбахтӣ ва хиҷолатмандии мо дар назди ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ мо бояд тарбияи фарзандро на танҳо кори шахсӣ, балки ҳамчун масъулият ва қарзи шаҳрвандӣ дар назди ҷомеа бидонем.

Дар раванди тарбия волидон ҳамон вақт муваффақ мегарданд, ки барои рушди ҷисмонӣ ва ақлонии кӯдак шароити мусоид фароҳам оваранд. Мақсад, вазифа ва роҳҳои амалӣ кардани онро ба хубӣ дарк намуда, аз усулҳои дурусти тарбия истифода бурда, нисбати кӯдак талаботи ягона дошта бошанд ва бо рафтору кирдору гуфтори худ дар назди фарзандон намуна бошанд. Ҷавҳари муносибати волидон ва фарзандонро бояд муҳаббат ва боварӣ, ки аз эҳтироми тарафайн асос ёфтааст, ташкил намояд.

Дар оилаҳое, ки муҳити солим, муносибати дӯстона ва ҳамдигарфаҳмию боварӣ ҳукмфармост, барои тарбияи фарзанд заминаю имконоти хубе муҳайёст. Зеро чунин оилаҳо бештар аз муҳаббату вафодорӣ, масоили тарбиявию ахлоқӣ суҳбат ба миён меоранд, ки худ аз худ чунин муҳит ва муносибат олами ботинии кӯдакро аз муҳаббату вафодорӣ пайваста бою ғанӣ мегардонад.

Дар баробари ин бояд дар назар дошт, ки муҳити оила доимо якрангу якмаром нест. Оила гоҳо ба душвориҳо рӯ ба рӯ мегардад. Баробари ба воя расидани фарзандон талаботи онҳо бештар ва дахлу сарфи оила боз ҳам зиёдтар мегардад, ки ин ҳама ба муҳити тарбия дар оила бе асар намемонад.

Беҳуда нест, ки гуфтаанд: «Фарзанд азиз, одобаш аз вай азизтар». Аз ин pӯ тавлиди фарзанд ҳанӯз нисфи кор аст. Кори муҳим ва асосӣ тарбия намудан ва ҳамчун инсони бомаърифат, хушодобу меҳнатдӯст ба воя расонидани фарзанд мебошад. Ин вазифаи муҳим ва масъул дар назди оила мебошад. Тайёр намудани фарзандон ба ҳаёти мустақили оилавӣ, пеш аз ҳама, вазифаи падару модар аст. Кӯдаки навзод, ки ӯро ба ниҳоли наврас монанд мекунанд, дар оила чашм кушода оламро мебинад, тадриҷан падару модар, хешу таборашро мешиносад, табассум кардан, хестану нишастан, қадами нахустин гузоштанро меомӯзад. Худшиносӣ, тасаввуроту ҷаҳонбинии ӯ аввалин бор дар оила, дар иҳотаи падару модар ибтидо гирифта, бо таъсири бевоситаи онҳо ташаккул меёбад. Роҷеъ ба ин масъала Абӯшакури Балхӣ гуфтааст:

Ба ҳангоми барноию кӯдакӣ
Ба дониш тавон ёфтан зиракӣ.

Дарахте, ки хурдак бувад, боғбон
Бигардонад ӯро, чу хоҳад чунон.

Чу гардад калон, боз натвонадаш,
Ки аз кажжию хам бигардонадаш.

Бесабаб нест, ки дар мамлакати мо тарбияи фарзанд вазифаи оила, мактаб ва ҷомеа дониста мешавад. Дар сурати нодуруст ба роҳ мондани тарбия дар оила мақомоти расмӣ ба он дахолат мекунад.

Волидон вазифадоранд, ки ба фарзанд дар мавзӯъҳои оиладорӣ, муносибати зану шавҳар, рӯзгордорӣ, меҳмондорӣ, муносибат ба хешу табори якдигар ва тарбияи фарзанд суҳбатҳо гузаронанд ва дар ин кор анъанаҳои беҳтарини халқи тоҷикро истифода намоянд.

Вазифаи дигаре, ки дар назди ҳар оила меистад, ин тарбияи хоҷагидорӣ ва меҳнатдӯстии фарзандон мебошад. Муҳаббат ба меҳнат аз кӯдакӣ ташаккул меёбад. Муносибати софдилонаи калонсолон ба меҳнат ба фарзандон таъсири мусбат мерасонад.

Ҳар як оила вазифаи хоҷагӣ-истеҳсолиро иҷро мекунад ва ин кор махсусан дар деҳот хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Дар деҳот ҳар оила барои кишту кори шахсӣ дар назди хона замин дорад ва барои рӯёнидани маҳсулот ҳамаи аъзои оила дар он меҳнат мекунанд. Қисми ҳосиле, ки оила аз замини назди ҳавлӣ мерӯёнад, барои истеъмоли худи онҳо сарф шуда, қисме аз он дар бозор фурӯхта мешавад. Дар Тоҷикистон саҳми хоҷагии шахсӣ дар таъмини ҷамъият бо маводди хӯрокворӣ, аз қабили гӯшт, шир, тухм, маҳсулоти кишоварзӣ хеле калон аст.

Таъсири фаъолияти хоҷагиҳои оилавӣ ба таъминоти ҷамъият хеле калон аст ва ободу арзон будани маҳсулоти кишоварзию чорводорӣ дар бозорҳо ба он вобаста аст.

Меҳнат кардан дар замини назди ҳавлӣ, нигоҳ доштани чорвои шахсӣ ва анҷом додани корҳои хоҷагии оила иштироки ҳамаи аъзои оиларо талаб мекунад. Аз ин рӯ фарзандони деҳотӣ аз хурдӣ ба кори хоҷагидорӣ ҷалб карда мешаванд, ки ин барои онҳо як мактаби тарбияи меҳнатию хоҷагидорӣ мегардад. Бачаҳо дар замини назди ҳавлӣ кор мекунанд, меваю сабзавот ҷамъ меоваранд, барои чорво хошок захира мекунанд. Духтарон ба чорво нигоҳубин карда, кори хонаро анҷом медиҳанд, хӯрок мепазанд.

Онҳо ҳамчун шахси дар меҳнат обутобёфта ба камол мерасанд ва таҷрибаи андӯхтаи худро барои тарбияи фарзандони ояндаи хеш истифода мебаранд. Абулқосим Фирдавсӣ гуфтааст:

Ба ранҷ андар орӣ танатро, равост,
Ки худ ранҷ бурдан ба дониш сазост.

Ба ранҷ андар аст, эй хирадманд, ганҷ,
Наёбад касе ганҷ нобурда ранҷ.

Дар оилаҳое, ки дар шаҳр зиндагӣ мекунанд, иҷрои вазифаҳои хоҷагии оила ба дигар низом сурат мегирад. Оилаҳое, ки соҳиби хонаи шахсӣ мебошанд, дар ҳавлиашон дарахтони мева ва кашничу пиёз рӯёнида метавонанд.

Чунин оилаҳо то андозае монанди деҳотиён дар корҳои хоҷагӣ баробар иштирок меварзанд. Ҳарчанд онҳо маҳсулоти хоҷагии худро ба бозор набароранд ҳам, қисман талаботи оилаи худро таъмин мекунанд.

Оилаҳое, ки дар хонаҳои баландошёна зиндагӣ доранд, аз кори хоҷагидорӣ маҳруманд. Вазифаҳои хоҷагии онҳо танҳо аз кори хона, аз қабили рӯбучин, пухтупаз, шустушӯй иборат аст. Ин оилаҳо ягон маҳсулот истеҳсол намекунанд ва танҳо истеъмолкунанда мебошанд. Чунин падару модарон бояд фарзандони худро ба корҳои хоҷагии оила ҷалб намоянд. Хоҷагидорию оиладориро ба онҳо омӯзонанд ва ба ҳаёти мустақили оилавӣ омода намоянд.

Оила ҳамчун асос ва занҷири муҳимми ҷомеа вазифаҳои муайянро иҷро менамояд. Моҳияти оила бевосита дар вазифа, тартиб ва рафтори аъзои он зоҳир мегардад. Муҳимтарин вазифаи оила, чи дар гузашта ва чи дар замони муосир таваллуд, яъне ба дунё овардани насл мебошад.

Дар оила давраи аввали тарбияи фарзандон оғоз меёбад ва то ташаккули шаҳрванди комил давом мекунад. Нигоҳубини аъзои корношоями оила вазифа ва уҳдадории аъзои коршоями оила мебошад. Маҳз оила маишати аъзояшро таъмин мекунад, ба тартиб меоварад ва назорат мекунад.

Оила ҳамчун падидаи иҷтимоӣ барои расидан ба рӯзгори обод ва ҳаёти солим вазифаҳои тарбияи маънавию ахлоқӣ, равонӣ, таъмини шароити мусоиди маишию эҷодӣ, меҳнат, беҳдошти саломатӣ, ҳифзи саломатӣ ва амсоли инҳоро иҷро менамояд. Яке аз муҳимтарин вазифаи оила, ки ба ҳамаи комёбиву камолоти фард ва хислати инсонӣ нақши бештар дораду муассир аст, тарбия мебошад.

Вазифаҳои дигари оила нигоҳ доштани пайванди наслҳост. Дар урфият мегӯянд, ки «ҳар шахс бояд ҳафт пушти худро донад», яъне дар бораи бобову бобокалон, момову момокалон ва дигар аҷдоди худ маълумот дошта бошад. Ин вазифаи падару модар аст, ки бояд дар бораи аҷдоди гузаштаи худ ба фарзандон ҳикоя кунанд. Бештари вақт агар бобову бибӣ дар қайди ҳаёт бошанд, ба набераҳояшон дар бораи гузаштагон ва хешу таборашон нақл мекунанд. Фарзандон, ки калон шуданд, падару модар онҳоро ба хонаҳои хешу табор ва дӯстонашон мебаранд. Хешу табору дӯстон ба дидорбинии онҳо меоянд. Ҳамин тариқ, бачаҳо хешу табор, дӯстони оиларо мешиносанд, бо фарзандони онҳо дӯстӣ пайдо мекунанд, ба хешу табор меҳр мебанданд ва бо ин робитаи авлодию дӯстӣ мустаҳкам мегардад. Бе мададу дастгирии хешу табор ва ёру дӯстон зиндагӣ кардан мушкил аст. Чунонки Муҳаммад Ҳиҷозӣ гуфтааст: «Танҳо ба дунё меоем ва танҳо меравем. Вой, агар танҳодил зиндагӣ кунем».

Муносибати нек ба хешу табор, дӯстон, қадршиносию меҳрубонӣ, омода будан ба мадади ҳамдигар ба фарзандон дарси ибрат мешавад.

Дар «Панҷсад ҳадис» омадааст, ки «Беҳтарин эҳсон ба падар ин аст, ки пас аз марги ӯ бо дӯстонаш муҳаббат кунӣ!».

Ин пандро ҳар шахс бояд дар ёд дошта бошад ва нагузорад, ки риштаи дӯстӣ бо хешу табор ва ёру дӯстон канда шавад.

Ин ҷо танҳо якчанд вазифаи ҷамъиятии оила номбар карда шуд. Аммо ҳаёт аз шумо шояд ҳал кардани вазифаҳои гуногуни дигарро низ талаб намояд, ки ба иҷрои он бояд омода бошед.


Савол ва супориш

  1. Нақши оила дар ҷомеа аз чӣ иборат аст?
  2. Вазифаи оиларо дар тарбияи фарзанд номбар кунед.
  3. Оё шумо дар оилае, ки зиндагӣ мекунед, худро озод ҳис мекунед?
  4. Оё падару модаратон бо шумо дар масъалаҳои оиладорӣ суҳбат мекунанд?

Мавзӯҳои китоби Маърифати оиладорӣ барои синфи 10-ро дар ин барчасп хонда метавонед >> Маърифати оиладорӣ