География чист? (Илми География – Ҷуғрофия)

География илмест, ки сатҳи заминро меомӯзад. Бо мадади география метавонем дар бораи сатҳи Замин, кӯҳҳо, дарёҳо, мамлакатҳо ва қитъаҳо маълумот бигирем; бунёди иқтисодӣ, таркибу гурӯҳҳои аҳолии ҷаҳон, дину мазҳаб ва ҳатто ҷисмҳои осмониро ба воситаи ин фан фаҳмида бигирем. Ҳоло дар марҳалаи аввал диққати шуморо ба кураи Замин ҷалб мекунем.

Замин аз ҷумлаи сайёраҳои низоми шамсӣ аст, ки дар гирди  Офтоб давр мезанад. Вақти гирди Офтобро давр задани Замин 365 рӯзу 6 соат, ё ки як солро ташкил медиҳад.  Як солро ба чаҳор фасл тақсим мекунанд: баҳор, тобистон, тирамоҳ, зимистон.

Замин дар гирди меҳвари худ низ ҳар шабонарӯз як маротиба давр мезанад. Дар натиҷаи ин ҳаракат тулӯъ ва ғуруби Офтобро мушоҳида мекунем ва шабу рӯз аз он рух медиҳад.

Замин нур ва равшаниро аз Офтоб мегирад. Бинобар ин самти Замин, ки ба он шуоъи Офтоб мерасад, – рӯз ва тарафи муқобили он шаб мебошад.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Асосгузори илми география олими Юнони қадим Эратосфен (солҳои 267- 196-и пеш аз солшумории мо зиндагӣ кардааст) мебошад. Эратосфен солҳои зиёд сарварии китобхонаи Искандарияро ба уҳда дошт, ки дар дунёи қадим калонтарин китобхона ба ҳисоб мерафт. Эратосфен оид ба соҳаҳои гуногуни илм дониши қавӣ дошта, аз ин сабаб дар замони худ бо номи «Олими панҷҳарба» маълум буд. Вай аввалин шуда фанни мустақил будани географияро асоснок карда, аз ин сабаб номи фахрии «падари география»-ро гирифта буд.

География калимаи юнонӣ («гео»-замин, «графо»-менависам) буда, маънояш «тавсифи Замин» мебошад.

Аммо ин маъно ва моҳият ба вазифаи имрӯзаи илми география мувофиқат намекунад, чунки тавсифу номбар ва ҳикоя кардани ҳодисаҳо ба воқеаҳои олам асос ёфтааст. Сайёҳон ва баҳрнавардоне, ки аз сафар бармегаштанд, дар бораи чизҳои дида ва шунидаи худ ҳикоят мекарданд. Дар ин замина ва мушоҳидаҳои олимони қадим илми география пайдо шуд. Онро географияи тасвирӣ мегӯянд, ки ба тасвири табиат, аҳолӣ ва хоҷагии қисмҳои ҷудогонаи сатҳи Замин машғул буд.

Аҳамияти географияи табиӣ дар фаъолияти хоҷагии инсон

Географияи муосир бошад на фақат табиат, аҳолӣ ва хоҷагии рӯйи Замин, инчунин қонунияти ташаккулёбӣ, инкишоф, ба ҳам алоқамандӣ ва ҳифзи муҳити зистро меомӯзад. Ҳамаи он ҳодиса ва ҷисмҳое, ки география меомӯзад, ниҳоят гуногунанд. Онҳо дар сатҳи Замин ҳамчун чизу ҳодисаҳои табиӣ ва ҷамъиятӣ (аҳолӣ ва фаъолияти хоҷагидории он) зоҳир мегарданд, ки дорои сифат ва хосиятҳои доимӣ мебошанд. Аз ин сабаб онҳоро  шохаҳои гуногуни илми география таҳқиқ мекунанд. Ҳамаи он шохаҳоро аз рӯйи мансубият (илми табиӣ  ё ҷамъиятӣ) ба ду қисм ҷудо мекунанд: географияи табиӣ ва географияи иқтисодию иҷтимоӣ.

Географияи табиӣ табиати сатҳи Замин, қисмҳои ҷудогонаи он ва мамлакатҳои алоҳидаро меомӯзад.

Географияи иқтисодию иҷтимоӣ аҳолӣ, хоҷагӣ ва қонуниятҳои ҷойгиршавии онҳоро меомӯзад. Ҳар ду қисми  география (географияи табиӣ ва географияи иқтисодию иҷтимоӣ) дар заминаи қонуниятҳои гуногун (табиӣ ва иқтисодӣ) инкишоф ёбанд ҳам, вале бо якдигар алоқаи зич доранд, зеро бе донистани ҷойгиршавии сарватҳои табиӣ хоҷагиро инкишоф додан мумкин нест. Барои он ки сарватҳои табииро истифода барем, бояд дар бораи шароит ва имкониятҳои иқтисодии истифода бурдани онҳо ва таъсири онҳо ба табиат ва инсон тасаввурот дошта бошем. Ин дониши географияи иқтисодию иҷтимоиро талаб мекунад.


Ҷуғрофия чист? География чист? География бо забони точики, чугрофия чист, илми география, табиатшиноси, география бо забони точики