Шохномаи Фирдавси

«Шоҳнома»-и Фирдавсӣ. Маълумот дар бораи Шоҳномаи Фирдавсӣ, Фирдавси Шохнома, Шохномаи Абулкосим Фирдавси маълумот!

Шохномаи Фирдавси Шоҳномаи Абулқосим Фирдавсӣ

«Шоҳнома» ба номи «Худованди ҷону хирад» ва бо байти зер оғоз мешавад:

Ба номи Худованди ҷону хирад,
Каз ӯ бартар андеша барнагзарад.

Фирдавсӣ сипас аз Худованд ҳамчун офаринандаи ҷону рой, рӯзидиҳандаву раҳнамо, соҳиби Кайҳону гардонсипеҳр, фурӯзандаи Моҳу Ноҳиду Меҳр зикр мекунад ва мегӯяд, ки Худованд аз ному нишону гумон бартар аст, ӯ нигорандаи баршуда гавҳар аст. Бинобар ин бо ду чашм наметавон Офаринандаро дид, ба ӯ андеша роҳ намеёбад, ҷону хирад низ, зеро хирад онро мегузинад, ки мебинад. Аз ин рӯ кас бо ин олату рою ҷону равоне, ки дорад, ӯро чунонки ҳаст, ситудан ҳам наметавонад. Бояд ба ҳастиаш имон овард, бовар кард, миён ба бандагиаш баст ва ӯро парастид.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Абулқосими Фирдавсӣ, тавре ки худ дар фасли «Ситоиши пайғамбар ва ёронаш», равшан гуфтааст, аз «бандаи аҳли байти набӣ» – ҳазрати Муҳаммад (с) буд. Ӯ раҳи растгориро дар «донишу дин» медонад, дар дин аз дониш баҳра ҷустанро талқин менамояд. Ба сухани дигар, шоир каси диндори хирадгарост, на мутаассиб.

Манам бандаи аҳли байти набӣ,
Ситояндаи хоки пойи васӣ.
Або дигарон мар маро кор нест,
Ҷуз ин мар маро роҳи гуфтор нест.

Фирдавсӣ бар ҷонофаринию хирадбахшии Худованд такя мекунад ва мегӯяд, ки муҳимтар аз ҳар чизе ҷон асту зиндагӣ ва зиндагӣ бояд бо хирадмандӣ якҷо бошад.

 Пас аз ин дар бахши «Муқаддима»-и «Шоҳнома» муаллиф фаслҳои «Гуфтор андар ситоиши хирад», «Гуфтор дар офариниши олам», «Гуфтор дар офариниши мардум», «Гуфтор дар офариниши Офтоб», «Гуфтор дар офариниши Моҳ», «Ситоиши пайғамбар ва ёронаш», «Гуфтор андар фароҳам овардани «Шоҳнома», «Достони Дақиқии шоир», «Гуфтор дар бунёд намудани китоб», «Андар ситоиши Абӯмансур бинни Муҳаммад» ва «Андар ситоиши султон Маҳмуд»-ро ҷо додааст.

Суханро бо номи Офаринанда оғоз намуда, аз офариниши оламу одам, аз тарафи ӯ сухан рондан, аз сабаби таълифи китоб ва онҳое, ки дар навиштанаш ба муаллиф мадад расонидаанд, ёд овардан ва дар ситоиши амире ё нафаре ҳарф задан дар замонҳои пешин ҳам буд ва муаллифи «Шоҳнома» ин суннати қадимиро давом додааст.

Бахши асосии «Шоҳнома» аз баёни подшоҳии Каюмарс – аввалин мулуки Аҷам оғоз гардида, бо подшоҳии Яздгирди севум ба охир мерасад.

Пас аз кушта шудани Яздгирд бо дасти Хусрави Осиёбон аз тухмаи бузургон касе намонд, ки ному нажод дошта бошад. Дар байти охири ин қисмат ишора ба он рафта, ки ҳоло даври Умар – араб расид:

Кунун зин сипас даври Уммар бувад,
Чу дин оварад, тахт минбар бувад.

Фирдавсӣ «Шоҳнома»-ро бо фасли «Таърихи анҷоми «Шоҳнома» ва байтҳои зерин поён расонидааст:

Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам,
Ки тухми суханро парокандаам.
Ҳар он кас, ки дорад ҳушу рою дин,
Пас аз марг бар ман кунад офарин.

Аз рӯйи муҳтаво «Шоҳнома» ба се бахш тақсим мешавад:

  1. Давраи асотирӣ: аз подшоҳии Каюмарс – нахустин башар ва нахустин подшоҳ то замони подшоҳии Фаридун.
  2. Давраи паҳлавонӣ: аз қиёми Кова то марги Рустам.
  3. Давраи таърихӣ: аз охирҳои аҳди Каён ба баъд.

Давраи асотирӣ ривояти афсонавии силсилаи Пешдодиён ва шарҳи оғози тамаддуни башарию пешрафти таърихии он аст. Дар ин давра подшоҳон бозтоби додгарӣ ва раҳбару омӯзгори мардуманд ва зуҳуру пешрафтҳои тамаддун қадам ба қадам ба даст и онҳо анҷом мегирад. Дар ин давра набарди ҷовидони некиву бадӣ дар қолаби ҷангҳои подшоҳон бо девон, ки тимсоли қавмҳои ғайриориёӣ буданд, баён шудааст.

Дар давраи асотирии подшоҳии ҳафтсадсолаи Ҷамшед, дигар шудани шахсияти ӯ аз подшоҳи додгар ба худкомаи худбин ва пирӯзии ҳазорсолаи Заҳҳоки морон, ки рамзе аз истилои араб ба Эрон мебошад, ҷозибаи бештаре дорад.

Фаридун бар Заҳҳок пирӯз мешавад, бар тахт мешинад ва ҷаҳонро миёни се писараш – Салм, Тур ва Эраҷ тақсим мекунад. Эрон насиби Эраҷ мешавад. Салму Тур бар ӯ рашк мебаранд ва ӯро мекушанд. Ин ҳодиса ангезаи ҷангҳои дарозмуддате миёни эрониён ва тӯрониён мешавад. Фаридун тоҷу тахтро бар набераи худ Манучеҳр писари Эраҷ вомегузорад ва ӯро ба Сом месупорад ва аз ин ҷо хонадони паҳлавонони Сиистон вориди таърихи дос тонии Эрон мешаванд ва ҷангҳову диловариҳои онон ҳамосаи миллӣ мегардад ва подшоҳон аз ин ба баъд ба дараҷаи дувум қарор мегиранд.

Давраи паҳлавонӣ дорои достонҳои паҳлавонӣ буда, арзандатарин бахши «Шоҳнома» ба шумор меравад, ҳам аз назари муҳтавову маънӣ ва ҳам аз назари лафзию ҳунарӣ. Ин давра бо пирӯзиҳои Рустами Достон авҷ гирифта, бо шикасту марги Рустами дигар – Рустам пури Ҳурмузд дар ҷанги Қодисӣ ва шикасту марги Дорои Каёнӣ ба поён мерасад.

Давраи таърихӣ аз истилои Искандари Мақдунӣ оғоз мешавад. Қисми асосии давраи таърихиро дар «Шоҳнома» давраи Сосониён ташкил медиҳад.

Ин бахш, гузашта аз дар бар доштани достонҳои латиф, лабрез аз маводи судманде аз вазъи зиндагии табақоти мухталифи мардум ва сиёсату кишвардории эрониён ва пандҳои ҳакимонаи шоҳону доноёне, монанди Анӯшервони Одил ва Бузургмеҳри Ҳаким мебошад.

 Бо ғуруби асри тиллоии Анӯшервон, ки чилу ҳашт сол тӯл кашид, Эрон аз назари фарҳангию сиёсиву низомӣ дурахшонтарин солҳои рӯзгори бостони худ – ҳукумати назму қонуну адолат ва шукуфтагии фикрию фарҳангии худро мегузаронид, оғози заволи Эрон падидор мешавад.

 Ҳурмузд писари Анӯшервон, мутаассифона, бо бетадбириҳо ба барканор кардану куштани сардорони шоистаи лашкару бузургони хирадманди кишвар ва боло бардоштани касони носазовору ноозмуда боиси дилсардию нохушнудии ҳамагон, хосса сипоҳиён мешавад ва Баҳроми Чӯбина исён мекунад. Бузургони кишвар низ бар зидди Ҳурмузд бархостанд ва ӯро барканор ва нобино карданд ва куштанд.

Хусрави дувум – Парвиз, ки бар ҷойи падар нишаста буд, аз дасти Баҳроми Чӯбина шикаст хӯрд ва ба Рум гурехт. Аз он ҷо бо сипоҳе, ки импиротури Рум дар ихтиёраш гузошта буд, ба Эрон баргашт ва Баҳроми Чӯбинаро шикаст дод ва дубора ба тахт нишаст. Бо вуҷуди ин ӯ дар назди бузургон эътибори худро аз даст дода буд, бинобар ин барканор шуд ва писараш Шерӯяро ба ҷояш шинонданд ва аз вай хостанд, ки падарашро бикушад. Барои Шерӯя иҷрои ин кор сахт буд. Ду тан аз бузургон паёми Шерӯяро ба падараш Хусрави Парвиз мебаранд, ки дар он вай бо падаркушӣ, сарватғундорӣ, лашкаркашиҳои беҳосилаш ба Чину Рум, барангехтани масеҳиён бар зидди Эрон, дар зиндон нигоҳ доштани фарзандонаш, дар ноамнӣ ва тарсу ваҳм нигоҳ доштани мардум гунаҳгор дониста мешуд.

Посухи Хусрави Парвиз падарона ва дилнишин буд ва бо ин суханон ба поён мерасид:

Дуруст аст гуфтори хонандагон,
Ҷаҳондидагон, пок донандагон,
Ки чун бахти бедор гирад нишеб,
Зи ҳар гунае дид бояд ниҳеб.
Чу рӯзи меҳӣ бар касе бигзарад,
Агар бозхонад, надорад хирад.
Паёми ман ин аст сӯйи ҷаҳон,
Ба назди меҳону ба назди кеҳон.
Шумо низ падруд бошеду шод,
Зи ман низ бар бад нагиред ёд.

Посухи Хусрави Парвиз ҳам фиристодагонро ва ҳам Шерӯяро бигирёнд. Гурӯҳи шӯришӣ ҳамон пофишорӣ доштанд, ки ҳукми қатл ба иҷро расад. Онҳо аз ин метарсиданд, ки Хусрави Парвиз дубора ба салтанат баргардад, аз онҳо интиқом хоҳад гирифт. Бинобар ин гаштаву баргашта ба Шерӯя таъкид ва таҳдид менамуданд, ки ду подшоҳ бар як тахт нагунҷад.

Фирдавсӣ саҳнаи қатли Хусрави Парвизро бо сӯзу гудозе тасвир мекунад, ки гӯӣ он саҳнаро на бо ашки чашм, балки бо хуни дил навиштааст. Шоир поёни ҷалолу шукӯҳи Сосониён ва истиқлоли Эронро на дар шикасти Рустам пури Ҳурмузд дар Қодисӣ (637) ва на дар марги Яздгирди севум (651), балки дар қатли Хусрави Парвиз медид.

Фирдавсӣ «Шоҳнома»-ро бо марги Яздгирди севум дар истилои араб ва поёни як давраи таъриху сарфарозии эрониён ба охир мерасонад ва бо ҳамин ба ҳамзамонон ва ояндагон паёме медиҳад, ки агар Эрон мустақил набошад, таърихаш кирои навиштан надорад.

«Шоҳнома» зоҳиран «номаи шоҳон», «номаи хусравон»-и Эрон аз замони бостон то поёни ҳукмронии хонадони Сосонӣ мебошад, дар асл аз силсилаи достонҳои ҷудогонае, монанди «Дос тони Заҳҳок», «Достони Коваи Оҳангар», «Достони Фаридун», «Достони Рустам», «Достони Суҳроб», «Достони Сиёвуш», «Дос тони Бежан ва Манижа», «Достони дувоздаҳ рух», «Достони ҳафт хони Рустам», «Достони разми Исфандёр бо Рустам», «Достони ҳафт хони Исфандёр», «Достони Баҳроми Гӯр» ва ғайраҳо, маҷмӯаи устура ва ривоятҳои таърихӣ иборат мебошад. Ваҳдат ва ягонагии маънавӣ ва лафзии онҳоро дарунмояҳои муборизаи некию бадӣ, эронпарастӣ ва хирадгароӣ, яъне рӯҳи андешаву ҷаҳонбинии воҳид таъмин намудааст. Ваҳдати мавзӯиву ормонӣ ва ҳамоҳангию якпорчагӣ дар саросари он чунон аст, ки гӯиё он ҳама дар як рӯз, як моҳу соле, на дар тӯли тамоми умри шоир , аз ҷавонӣ то пирӣ, дар муддати сӣ-сию панҷ сол эҷод гардидааст.

 Агарчи ҳамаи достонҳои “Шоҳнома”, бидуни истисно, олию дилпазиранд, достонҳои Рустам, разми Исфандёр бо Рустам, Суҳроб, Сиёвуш, Фуруд, Кайхусрав, Эраҷ ва бародаронаш аз шоҳкорҳои Абулқосими Фирдавсӣ мебошанд.


  1. Абулқосими Фирдавсиро чаро деҳқонзода меноманд?
  2. Таърихи навиштан ва таҳрирҳои гуногуни “Шоҳнома”-ро баён кунед.
  3. Чаро Фирдавсӣ умед ба султон Маҳмуд баст?
  4. “Шоҳнома” аз рӯйи муҳтаво ба чанд бахш тақсим мешавад?

ҚаблӣХаёт ва фаъолияти Абулкосим Фирдавси
БаъдӣХунари шоирии Абулкосим Фирдавси